Руми Бостон
From Wikipedia, the free encyclopedia
Руми Бостон (итол. Civiltà romana) — яке аз тамаддунҳои пешқадами бостонии ҷаҳонӣ, давлати бузургтарини давраи бостон, ки номи худро аз номи шаҳри асосӣ (Roma — Рум) гирифт, ва бояд ёдовард шуд, ки шаҳри Рум аз номи бунёдгари худ — Ромул (лотинӣ. Romulus) ном гирифт. Маркази Рум дар ҳамвории ботлоқзор воқеъ гашт, ки бо пуштаҳо иҳота шуда буд. Таъсири муъайян ба тамаддуни Руми Бостон фарҳанги қабоили этрускҳо ва юнониҳои бостонӣ расонид. Қуллаи баланди бузургии Руми Бостон ба қарнҳои II п. м. рост меояд, ҳамон вақте, ки зери таъсири ин имперотурӣ фазои давлатҳои имрӯза аз Шотландия дар шимол то Эфиопия дар ҷануб, Эрон дар шарқ то Пуртуғол дар ғарб афтода буданд. Ба замони имрӯза, фарҳанги Руми Бостон, ҳуқуқи румӣ, баъзе шаклҳои меъморӣ, тоқ, гунбад ва бисёр навигариҳои дигар тақдим намоид (мисол, чархи обӣ, осиёби обӣ). Масеҳият, ҳамчун дин дар ҳудуди Имперотурии Руми Бостон пайдо шуд. Забони расмии ин давлат забони лотинӣ буд. Дин дар ҳудуди ин давра бештар чандхудоӣ буд. Нишони ғайрирасмии Руми Бостон, Уқоби заррин (aquila) ва пас аз пазириши масеҳият лабарум (лот. Labarum)[1] (парчаме, ки Имперотур Қустантин барои сарбозони худ тасдиқ кард) бо хризма (туғрои Исо — бо ҳарфҳои пайвасти Хи ва Ро) буд.