Эрон
кишваре дар Осиё / From Wikipedia, the free encyclopedia
Эрон (форсӣ: ایران) — кишваре форсизабон дар ҷануби ғарбии Осиё ва дар минтақаи Ховари Миёна.
Шиор: нест | |
Суруди миллӣ: «سرود ملی ایران» (слушать (итт.)) | |
Рӯзи истиқлолият | (аз соли 3200 пеш аз милод) |
Забони расмӣ | Забони форсӣ |
Пойтахт | Теҳрон |
Шаҳри калонтарин | Теҳрон, Машҳад, Исфаҳон, Караҷ, Табрез, Шероз, Аҳвоз |
Идораи давлат | Ҷумҳурии Исломӣ |
Раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ Раиси Ҷумҳурии Исломӣ | Саид Алӣ Хоменеӣ Саид Иброҳими Раисӣ |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. | 17-ум ҷой дар ҷaҳон 1,648,195 км² 0.7 % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ (2016) • Зичӣ | 18-ум ҷой дар ҷaҳон 80 629 882[1] 44 нафар/км² |
ММД • Ҳамагӣ (2012) • Ба сари аҳолӣ | 15-ум ҷой дар ҷaҳон 952,600 млрд $ 13 800 $ |
Пули миллӣ | Рийоли Эронӣ |
Интернет-Домен | .ir |
Коди телефон | +98 |
Соат | UTC +3.30 |
Имрӯз қисми | {{{Имрӯз}}} |
Номи расмии он Ҷумҳурии Исломии Эрон ва пойтахташ Теҳрон аст. Паҳноварии ин кишвар 1 648 195 км мураббаъ (18-ум дар ҷаҳон) аст ва бар пояи саршумории соли 2016 дар ин кишвар 80 629 882 тан бошанда[1] буда ва ҳарсола зиёда аз 1 млн. тан бар шумори бошандагонаш меафзояд.
Эрон дар шимол бо Арманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркманистон, дар шарқ бо Афғонистону Покистон ва дар ғарб бо Туркия ва Ироқ (Курдистон) марзи заминӣ дорад. Ҳамчунин дар шимол дар Баҳри Каспий ва дар ҷануб дар Халиҷи Форс ва Баҳри Уммон марзи дарёӣ дорад. Ин се дарё аз муҳимтарин манотиқи истихроҷи нафту газ дар ҷаҳон ҳастанд.
Низоми сиёсии Эрон бар пояи Қонуни Асосии мусавваби 1979 (бознигарии 1989) поярезӣ шудааст. Болотарин мақоми расмии Эрон пас аз инқилоби соли 1979, Вилояти фақиҳ аст, ки акнун дар ихтиёри Саид Алӣ Хоманаӣ аст. Ислом дини расмӣ ва ташаюъ мазҳаби расмӣ ва форсӣ забони расмии Ҷумҳурии Исломӣ аст. Эрон ҳамчун сарзамин ва миллат пешинае куҳан дорад ва яке аз таърихитарин кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад.
Эрон аз барои ҷой гирифтан дар минтақаи миёнии Авросиё ҷойгоҳе роҳбурдӣ дорад. Ин кишвар аз аъзои Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони Конфаронси Исломӣ, ОПЕК ва ЭКО аст. Эрон қудрате минтақаӣ дар ҷанубу ғарбии Осиё аст ва аз барои доштани санъати нафт, санъати кимиёнафтӣ ва гази табиӣ ҷойгоҳи муҳимеро дар иқтисоди ҷаҳонӣ барои худ ба даст овардааст.