пойтахт ва калонтарин шаҳри Итолиё From Wikipedia, the free encyclopedia
Рум (итол. Roma) — пойтахт ва маркази маъмурии Итолиё мебошад. Дар дохили шаҳр давлати Вотикон ҷойгир шудааст, ки кӯчактарин давлати ҷаҳон маҳсуб мешавад. Бунёдгари ин шаҳр аз рӯи қиссаҳои Руми Бостон Румул ва Рем мебошанд. Шаҳри якуми Итолиё ҳам аз ҷиҳати шумори ҷамъият ва ҳам аз ҷиҳати тавсеъаи иқтисодӣ ва фарҳангӣ сарватманд дорад.
Шаҳри Рум — яке аз шаҳрҳои бостонӣ аст, ва пеш пойтахти Руми Бостон буд. Аз қарни III п. м. ин шаҳрро ҳамчун Руми Ҷовид (лот.Roma Aeterna) ва ё Ҷовидона номбарӣ мекарданд. Яке аз аввалин шахсоне, ки ин гуна номбарӣ мекард, шоъири Рум Албий Тибулл (қарни I п. м.) буд. Тасаввуроти «ҷовидонии» Рум пас аз барҳам хӯрдани Руми Бостон то ҳол боқӣ монд ва дар забонҳои имрӯза тавсифи ин ном истифода мешавад.
Мувофиқи аз ҳама қиссаҳои паҳншуда, бародарон Ромул ва Рем, зодаи духтари шоҳ Алба-Лонги Реи Силвий ва худо Марс мебошанд. Онҳо дар соҳили Тибр калон шуданд. Бобои худро Нумиторро дар тахти Алба-Лонг қонуни барқарор карда боз ба Тибр гашта мераванд барои мустамлика ташкил кардан. Байни бародарон низоъ бархест ва Ромул Ремро қатл карда маҳаллаи мустаҳками Палатинаро бунёд мекунад. Дар асри I п.м. як чан таърихи бунёди шаҳри Рум ҳисоб карда шуд, аз ҳама машҳураш — 21 апрели соли 753 п.м..
Ромул ҳамчун подшоҳи якуми Рум номбар шудааст. Расмӣ ҳамагӣ ҳафт шоҳро дарбар мегиранд. Шоҳ Сервий Туллий расмӣ ҳамчун бунёдгари девори шинохта Сервий ба ҳисоб меравад. Дар давраи ҳукмронии шоҳи Рум ибодатхонаҳои аввал сохта шуд, аз ин ҷумла калисои Вест ва Янус. Аз рӯи хабари таърихдон Тит Ливий, Сервий Туллий дар вақти ҳисоби омори якум 80 ҳазор нафар одамро дар шаҳри Рум қайд кардааст.
Рум мудати дароз бо деворий Сервий маҳдуд буд ва ин девор ҳамчун сарҳади шаҳр ба ҳисоб мерафт. Ҳар боре ки Рум мпрзи худро густариш медод аввал роҳҳоро сохта Румро бо мустамликаҳои худ пайваст мекард.
Майдони марказии Рум водии байни Палатин ва Квиринал шуд ва ҳамчун Форум шинос аст. Аз инҷо кучаҳои муҳимтарини шаҳр тақсим мушуданд: via sacra, via nova ва дигарон. Дигар майдоне ки хусусияти муҳим дошт, бозори мол дар назди Тибр — — Форуми буққаҳо ки, дар ҷои серодам мавқеъ гирифта буд. Дар наздики бозори меваҷот вуҷуд дошт, аммо берун аз ҳудуди девори шаҳр.
Шумораи ибодатхонаҳо дар давраи Ҷумҳурии Рум исбот мекунанд, ки аксари мардум рӯҳонӣ буданд. Дар ҳар як қисми шаҳр аз рӯи сарчашмаҳое ки то имрӯз омадаанд метавон як чанд азизгоҳҳои ҳамонвақтаро ҳисоб кардан. Ин чунин дар шаҳр ибодатхонаи сегонаи бостонӣ Ceres, Liber, Libera, ки дар соли 496 п.м. мувофиқи сарчашмаҳои омада сохта шуда буданд.
Пас аз куштори Юлий Сезар Рум ба ҷангҳои ғайринизомӣ дучор гашт ва ин ба нобуд шудани Ҷумҳурии Рум ва пайдоиши Имперотурии Рум мунҷар шуд ва а ввалин имперотур Октавиан Август шуд, ки писархонда ва яке аз ҷоҳилони Сезар буд.
Пас аз забт кардани Итолиё Рум нақши асосиро дар сиёсати байн давлатҳои дарёи Миёназамин иҷро мекардад ва ин гуна рафтор ба ҷанги дигар, бо Карфаген ки давлати калон буд дучор гардонид. Бо се ҷанг Карфагенро мағлуб карда шаҳрро хароб намуданд. Ҳамон вақт Рум ғасби хуро ба шарқ ниҳода Иллирияро, Юнон, ва пас Осиёи Сағир ва Сурияро зери итоати худ гардонданд. Дар асри I п.м. Рум ба як чанд ҷангҳои ғайринзомӣ дучор гашт, ки дар он Октавиан Август ғолиб баромад ва асосгузори сулолаи Юлий-Клавдий шуд, аммо сари давлат кам аз як аср ин сулола ҳукмронӣ кардааст.
Нуқтаи атфи Имперотурии Рум ба давраи оромиш рост омад (асри II п.м.), аммо аз қарни III ба далели талоши давлат байни сиёсатмадорони Рум ба нохушиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ оварда расонд. Дар асри IV шоҳаншоҳиро ба ду қисм тақсим карданд ва дини насронӣ ҳамчун дини далатӣ дар қаламрави тамоми ҳудуди шоҳаншоҳӣ тасдиқ гардид
Дар асри V Имперотурии Руми Ғарбӣ бо муҳоҷирати қабоили олмонӣ дучор шуд, ки ин ба барҳамхӯрии Исперотурӣ таъсири сахт расонд. Сарнагун кардани охирин имперотур Ромул-Августула аз ҷониби сарвари қабилаҳои олмонӣ Одоакр 4 сентябри соли 476, расмӣ рӯзи сарнагуни Шоҳаншоҳии Рум ба ҳисоб меравад.
Як қатор тадқиқотчиён, таърихдонон ИҶШС дар ин самт (С. Л. Утченко) ҳисоб мекарданд, ки РУМ тамаддуни аслии худро бунёд кард ва дар он тартиби махсуси баҳодиҳӣ нисбати ҳаёти одамизод ва инкишофёбии ӯ дар ҷамоати Рум дар тӯли равиш ва инкишофи таърих.
Иқлими Рим | |||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Нишондод | Янв. | Фев. | Март | Апр. | Май | Июн | Июл | Авг. | Сен. | Окт. | Нояб. | Дек. | Сол |
Максимуми мутлақ, °C | 20,8 | 21,6 | 26,6 | 27,2 | 33,1 | 37,8 | 39,4 | 40,6 | 38,4 | 30,7 | 26,5 | 20,3 | 40,6 |
Максимуми миёна, °C | 12,0 | 12,8 | 15,4 | 18,1 | 23,1 | 27,0 | 30,2 | 30,4 | 26,4 | 21,9 | 16,5 | 12,8 | 20,6 |
Ҳарорати миёна, °C | 8,1 | 8,5 | 10,8 | 13,6 | 17,7 | 21,4 | 24,2 | 24,5 | 21,1 | 17,4 | 12,7 | 9,3 | 15,8 |
Минимуми миёна, °C | 3,3 | 3,4 | 5,5 | 8,0 | 12,0 | 15,8 | 18,5 | 18,8 | 15,7 | 12,2 | 7,8 | 4,9 | 10,5 |
Минимуми мутлақ, °C | −11 | −6,9 | −6,5 | −2,4 | 1,8 | 5,6 | 9,1 | 9,3 | 4,3 | 0,8 | −5,2 | −5,6 | −11 |
Андозаи бориш, мм | 55 | 59 | 53 | 63 | 32 | 20 | 13 | 18 | 63 | 105 | 94 | 89 | 663 |
Сарчашма: Боду ҳаво ва иқлим |
Шаҳрҳои Итолиё | |
---|---|
Рим | Милан | Неапол | Турин | Палермо | Генуя | Болоня | Флорентсия | Бари | Катания | Венетсия | Верона | Мессина | Падуя | Триест | Таранто | Брешиа | Реҷо-ди-Калабрия | Прато | Модена | Парма | Перуҷа | Реҷо-Эмилия | Ливорно | Каляри | Равенна | Фоҷа | Салерно | Римини | Феррара | Сассари | Сиракуза | Пескара | Монса | Латина | Бергамо | Форли | Виченса | Ҷуляно-ин-Кампаня | Тренто | Терни | Новара | Анкона | Болсано | Пяченса | |
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.