![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/3/3f/Location_of_Ishkoshim_District_in_Tajikistan.png/640px-Location_of_Ishkoshim_District_in_Tajikistan.png&w=640&q=50)
Ноҳияи Ишкошим
ноҳия дар ВМКБ / From Wikipedia, the free encyclopedia
Ноҳияи Ишкошим (форсӣ: ناحیۀ اشکاشم) — ноҳияи ҷанубитарини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Ин вожа дигар маъноҳо низ дорад, Ишкошим (мазмунҳо)-ро бубинед.
Quick Facts Ишкошим, Кишвар ...
Ноҳияи маъмурӣ | |
Ноҳияи Ишкошим | |
36°43′31″ с. ш. 71°36′48″ в. д.HGЯO | |
Кишвар |
![]() |
Тобеъи | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
Шомили | 2 шаҳрак, 7 ҷамоат |
Маркази маъмурӣ | Ишкошим |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 27 октябри 1932 |
Масоҳат | 3656,0 км² км² |
Баландӣ
|
|
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 30 600[1] нафар (2022) |
Миллият | тоҷикон |
Мазҳаб | мусулмонон, исмоилиҳо, шиъаҳо |
Забонҳои расмӣ | тоҷикӣ. Забонҳои маҳаллӣ вахонӣ (x̌ik zik)(20 ҳаз. нафар), ишкошимӣ(900 нафар) |
Шиносаҳои ададӣ | |
Сарвожа | IS |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ.BK.IS |
Коди телефон | +992 3553 |
Нишонаи почта | 736500 |
Домени интернет | tj |
Коди мошинҳо | 04 TJ |
![]() |
|
![]() |
Close
Ин ноҳия 27 октябри соли 1932 таъсис ёфта аст. Маркази ин ноҳия рустои Ишкошим (форсӣ: اشکاشم) аст, ки 104 км ҷанубтар аз шаҳри Хоруғ дар канораи рӯди Панҷ ҷой дорад. Дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ (27 октябри соли 1932) дар ҳайати ВМКБ ноҳияҳои Рушон, Бартанг, Шуғнон, Роштқалъа, Вахон ва Мурғоб таъсис меёбанд. Соли 1935 ноҳияи Вахон ба ноҳияҳои Вахон ва Ишкошим ҷудо мешавад. Соли 1948 ноҳияҳои Вахону Ишкошим муттаҳид карда шуда, ноҳияи Ишкошим таъсис дода мешавад.[2]