Тоҷикон (форсӣ: تاجیکان‎), тоҷикҳо (форсӣ: تاجیک‌ها) — гурӯҳе аз мардумони эронитабор ва форсизабон, ки дар кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Узбакистон, Чин ва дигар манотиқи Осиёи Миёна зиндагӣ мекунанд[42]. Тоҷикон дар Тоҷикистон ба форсии тоҷикӣ ва дар Афғонистон ба форсии дарӣ, ки шохаҳое аз забони форсии нав ҳастанд, гӯиш мекунанд. Тоҷикон аҳолии асосии Афғонистон (Хуросон) мебошанд — зиёда аз 10 то 14 млн, Тоҷикистон — 9 млн, Узбекистон (Варорӯд) — аз 1,8 (расман) то 11 млн, (ғайрирасмӣ), дар умум тақрибан 35 млн нафар.

Quick Facts Тоҷикон, Номи қавмии ҳозира ...
Тоҷикон
Номи қавмии ҳозира форсӣ: تاجیک
Шумора 25—40 млн[1]
Сукунат

 Афғонистон: 19 400 000 (2023)[2][3][4][5] млн
 Тоҷикистон: 8,6 млн (2023)[6][7][8]
 Ӯзбекистон: 1 700 000 (арзёбии ғайрирасмӣ, 2021)[9], 8 — 11 млн (арзёбии ғайрирасмӣ, 2017)[10][11][12][13]
 Покистон: 1 220 000 (2012)[14]
 Эрон: 395 000 (2014)[15]
 Русия: 350 236 (саршумории 2021)[16], муҳоҷирон дар қаламрави ФР — 971 000 (2015)[17] Беш аз 3 миллион[18][19]
 Олмон: 100 000[20]
 ИМА: беш аз 72 000 (2016)[21]
 Қирғизистон: 60 148 (2022)[22]
 Чин: 51 069 (2010)[23]
 Подшоҳии Муттаҳида: беш аз 40 000[24]
 Қазоқистон: 31 000 (2015)[25]
 Суэд: тақрибан 26 000[26]
 Туркманистон: 5300[27]
 Белгия: 5000[28]
 Итолиё: 4800[29]
 Украина: 4255 (2001)[30]
 Финляндия: 3500[31]
 Нидерланд: 3100[32]
 Канада: беш аз 2400[33]

 Латвия: 519 (арзёбии 2023)[34]
Забон форсӣ (тоҷикӣ, дарӣ)
Дин суннӣ ва шиъа
Ҷузъе аз мардумони эронитабор
Гурӯҳҳои қавмӣ
Пайдоиш суғдиён, бохтариҳо, хоразмиён, тухориён, сакоиҳо, йӯҷиҳо[35][36][37][38][39][40][41]
 Парвандаҳо дар Викианбор
Close
Thumb
Тоҷир ва мансабдори суғдӣ дар Чин, ки дар мақбараи ӯ соли 579 мелодӣ тасвир шудааст.
Thumb
Бонуи тоҷик, Ҳаммоса Кӯҳистонӣ — бонуи Инглистон дар соли 2005

Пешина

Thumb
Халқҳои эронӣ

Ибтидои этногенези халқи тоҷик ба замонҳои қадимтарин тааллуқ доранд, ки он вақт дар Осиёи Марказӣ ва даштҳои Авруосиё қабилаҳои ҳиндуэронӣ маскун буда, дар ҳазораи 2 — ибтидои ҳазораи 1 то мелод аз онҳо дар воҳа, водӣ ва даштҳои Осиёи Марказӣ қабилаҳои эронӣ ташаккул ёфтаанд. Аз онҳо дар ҳазораи 1 то мелод аҷдоди бевоситаи тоҷикон — бохтариҳо дар ҳавзаи болооб ва миёноби Ому, суғдиён дар ҳавзаҳои Зарафшон ва Қашқадарё, портҳо дар Хуросон, марғиёниён дар воҳаи Марв, хоразмиён дар поёноби Ому, парканҳо дар водии Фарғона ва қабилаҳои сакоию массагетии кӯҳҳои Помиру Тиёншон ва даштҳои соҳили баҳрҳои Аралу Хазар ташаккул ёфтаанд[43].

Аз рӯи нуқтаи назари олимони Ғарб, мардуми тоҷик, ягона миллатест, ки насли аслии халқҳои бостонии эрониёни шарқӣ буда, суғдиён, хоразмиён, бохтариён, тоҳариён ва сако-массагетҳо ва дигар қабилаҳои шарқии эронӣ (туронӣ), ки вуҷуди худро аз ҳазораи дуюми пеш аз милод дар таърихи Осиёи Миёна пай намудаанд, дарбар мегиранд[44].

Забони бостонии тоҷикон, якчанд шева дошт ва шеваҳои асосиаш суғдӣ, хоразмӣ ва бохтарӣ буд ва ба ҳамдигар хешӣ дошт, ки ба гурӯҳи забонҳои эронии шарқӣ дохил мешуд. Дар вақти пойдор гардидани дини ислом ва паҳн шудани забони форсӣ, ки бо муҷоҳидони форс омада буд, ин шеваҳо аз байн мераванд ва забони тоҷикии ҳозира ба мисли забони мардуми форс ба гурӯҳи забонҳои ғарбии эронӣ дохил мешавад[45].

То ҳол, забони яғнобӣ (йағнобӣ зивок) вуҷуд дорад, ки яке аз шеваҳои суғдӣ ба шумор меравад ва бисёр калимаҳои суғдӣ дар водии Зарафшон вақти суханронӣ истифода бурда мешаванд. Инчунин, забонҳои бостонии сакоиҳо дар мардуми Бадахшон эҳтиёт шудааст, ки забонҳои шуғнонӣ, рушонӣ, ишкошимиро дарбар мегирад.

Авалин бор номи тоҷикро ҳамчун «тожик», олим Маҳмуди Қошғарӣ, ки ҳамасри Ибни Сино буд, дар китоби худ сабт кардааст ва маънои онро ҳамчун форсзабонон маънидод кардааст. Дар ашъори шоирони порсигӯй ҳам, калимаи тоҷик бисёр вомехӯрад. Устод Саъдии Шерозӣ дар яке аз шеърҳояш чунин мегуяд:

شاید که به پادشه بگویند
ترک تو بریخت خون تاجیک

Шояд ки ба подшоҳ бигуянд:
«Турки ту бирехт хуни тоҷик».

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар бораи дӯстии худ бо шоир Алишер Навоӣ чунин нигоштааст:

او که یک ترک بود و من تاجیک،
هردو داشتیم خویشی نزدیک.

Ӯ, ки як турк буд ва ман тоҷик,
Ҳарду доштем хешии наздик.

Хостгоҳи вожаи тоҷик

Муҳтамалтарин ва пазируфтатарин асли ин вожа tāzīk-и порсии миёна аст, ки маънои «араб»-ро дошт (муқоиса кунед бо tāzi дар порсии нав ), ё вожаи ҳамрешаи эронӣ (суғдӣ ё портӣ). Сипоҳиёни мусулмоне, ки ба Фарорӯд дар оғози қарни VIII ҳамла карда, бар шоҳони суғдӣ пирӯз омаданд ва бо туркони қарлуқ ҷангиданд, на ҳамаи онҳо аз арабҳо иборат буданд, балки дар байни онҳо эрониҳои ба ислом гаравида аз Форсу минтақаи марказии Зогрус ҳам буданд[46]. Пас аз ин туркони Осиёи Марказӣ гунае аз вожаи эронии täžik-ро барои номидани душманони мусулмони худ ба таври куллӣ пазируфтанд. Дар қарни XI (Юсуф Хосс-Ҳоҷиб, Утадғу билиг, сатрҳои 280, 282, 3265) туркҳои қарохонӣ ин истилоҳро сареҳан дар мавриди мусулмонони эронии ҳавзаи Омӯ ва Хуросон, ки замоне рақиб, улгу ва сарвар (дар даврони дудмони Сомонӣ) ва замоне дигар тобеи туркҳо (аз давраи Ғазнавиён гирифта ба баъд) ба кор мебаранд. Нависандагони эронии даврони Ғазнавиён, Салҷуқиён ва Атобакон (солҳои 1000-1260), ибтидоан аз шоир Унсурӣ (соли 1025) ин истилоҳро пазируфта, доираи корбурди онро вусъат доданд ва бо он эрониёни тамоми Эронро, ки ҳамакнун зери султаи туркҳо буд, номгузорӣ карданд (Дабирсиёқӣ, с. 3377, 3408). Сипас эрониён ин вожаро ба унвони этноним пазируфтанд, чунон ки аз ишораи зерини масъули эронии дарбор бармеояд: ما تازیکان “мо тозикон” (Байҳақӣ, вироиши Файёз, с. 594). Тафовут байни турк ва тоҷик барои ифодаи ҳамзистӣ ва рақобати афсари чодарнишини низомӣ ва девонсолори шаҳрӣ қолабӣ шуд (Низомулмулк. تازیک “тозик”, с. 146, 178-179; Fragner, «Tādjīk. 2” дар EI2 10, с. 63).


Садриддин Айнӣ маънои калимаи «тоҷик»-ро хеле муфассал ва аз ҷиҳати таърихӣ ва забоншиносӣ — этимологӣ таҳлил мекунад ва исбот менамояд, ки калимаи «тоҷик» аз «тоҷ» бармеояд.

Дурустии ин суханро нависанда ва олими эронӣ Алиакбар Деҳхудо тасдиқ мекунад. Асли ин калимаи паҳлавии «тоҷик» мансуб ба қабилаи «тоҷ» аст, ки аз қабилаи Эрон буда:

Халқи тоҷик дар давоми таърихи чандинҳазорсолаи худ басо фарозу фуруди рӯзгорро дидааст. Тоҷикон аз асрҳои миёна инҷониб дар зери ҳокимияти сулолаҳои сершумори турку муғулнажод зиндагӣ кардаанд, вале забони тоҷикиро гум накардаанд. Хушбахтона, халқи баору номуси тоҷик ба оламиён тоҷики тоҷдор будани худро ба фарҳангу маданияти худ исбот кардааст.

Дин

Аксарияти тоҷикон пайрави мусулмонони суннимазҳаби ҳанафӣ ҳастанд, ҳарчанд ақаллиятҳои хурди шиъаи исмоилия (асосан дар ВМКБ) ва дувоздаҳ имомӣ низ дар гурӯҳҳои пароканда вуҷуд доранд. Илова бар ин, ҷамоатҳои хурди яҳудӣ (маъруф ба яҳудиёни бухороӣ) аз замонҳои қадим дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро ва то андозае дар шаҳрҳои Ҳироту Кобул ва дигар ҷойҳо зиндагӣ мекарданд. Дар асри XX яҳудиёни тоҷик ба кишварҳои Исроил ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳоҷират карданд, ҳарчанд аксари ин муҳоҷирон робитаи худро бо Ватани худ нигоҳ доштаанд. Ба далели зуҳури мубаллиғони масеҳӣ дар Осиёи Марказӣ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷамъияти масеҳӣ ва атеистии тоҷик якчанд нафарро ташкил медиҳад. Дар манотиқи дурдасти кӯҳистон наздики 100 нафар аз зардӯштиҳо вохӯрда мешавад.

Забон

Тоҷикон аслан бо забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.

Шеваҳои забони тоҷикӣ 4 гурӯҳ дорад.

  • Шеваи шимолӣ — Шимоли Тоҷикистон (водии дарёи Сир), Ӯзбекистон (вилоятҳои Сурхондарё, Қашқадарё, Сирдарё, Самарқанд, Намангон, Фарғона, Ҷиззах, Тошканд, Андиҷон, Бухоро) ва Қирғизистон
  • Шеваи марказӣ — шеваҳои Масчоҳ, Айнӣ, Ҳисор ва Варзоб
  • Шеваи ҷанубӣ — шеваҳои водии Рашт ва қисман Ворух ва вилояти Хатлон
  • Шеваи ҷанубу шарқӣ — шеваҳои болои Панҷ ва Дарвоз.

Забонҳои дигар

Тоҷикони яғнобӣ ба забони яғнобӣ (ё суғдии нав) ва тоҷикони Бадахшон ба забонҳои эронии шарқӣ (помирӣ) сухан мегӯянд. Забонҳои помирӣ ва забони яғнобӣ ҳамчун забонҳои дар зери хатари нестшавӣ тасниф карда мешаванд. Қайд кардан зарур аст, ки забони яғнобӣ ба гурӯҳи забонҳои эронии шимолу-шарқӣ ва забонҳои бадахшӣ ба гурӯҳи забонҳои шарқӣ, худ забони тоҷикӣ бошад ба гурӯҳи забонҳои ғарбӣ дохил аст. Забони рӯсӣ дар Тоҷикистон ҳамчун забони байни муоширати миллатҳо қабул шудааст. Бинобар ин бисёри тоҷикон бо забони русӣ низ ҳарф мезананд. Тоҷикони назди маҳалҳои ӯзбеку қирғизнишин мутаносибан бо забонҳои ӯзбекиву қирғизӣ сухан мегӯянд. Яҳудиёни тоҷик (яҳудиёни бухоро) бошанд бо лаҳҷаи бухории забони тоҷикӣ ҳарф мезананд.

Мавқеи зист ва тақсимот

Thumb
Манотиқи тоҷикнишини Ӯзбекистон
Thumb
Забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Аксарияти тоҷикон дар Осиёи Миёна зиндагӣ мекунанд. Мавқеъи асосии ҷои зист аз шарқ ва шарқу-шимолии давлати ҳозираи Эрон, дар шимоли давлати Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Покистон ҷойгиранд. Заминҳои расмии мардуми тоҷик, водии Фарғона, Чоч (Тошканд), водии Зарафшон (аз Мастчоҳ сар карда то Самарқанду Бухоро), заминҳои хати резишгоҳи болооби Амударё (дарёи Панҷ), Мурғоб ва Кобул, ва гирду атрофи ҳавзаҳои дарёҳои Ҳилмонду Арғандоб (Афғонистон) аст.

Thumb
Тоҷикон дар Тоҷикистон

Тоҷикон дар Тоҷикистон

Thumb
Бадахшизабонҳо дар Тоҷикистон
Thumb
Яғнобизабонҳо дар Тоҷикистон

Дар тамоми қаламрави Тоҷикистон тоҷикон сукунат доранд. Дар минтақаҳои Зарафшон ва Рашт омехташавӣ бо дигар миллатҳо кам дида мешавад. Дар минтақаи кӯҳии Кӯлоб ҳам омехташави тоҷикон ноаён аст. Ҳиссаи тоҷикон дар кишвар ба 86 % баробар аст. Баландтарин дар ВМКБ ва ш. Душанбе — 94 % ва 89,5 %, дар Хатлону Суғд бошад — 84 % ва 82 %, дар НТМ — 85 %.

Тоҷикон дар Қазоқистон

Тоҷикон дар нимаанклави ноҳияи Чордара, Сариағоч, Пахтаорал дар Ҷануби Қазоқистон (вилояти Туркистон) зиндагӣ мекунанд. Шумораи онҳо — 41 ҳаз. нафар.

Thumb
Тоҷикон дар Қирғизистон (ноҳияҳо)

Тоҷикон дар Қирғизистон

Thumb
Тоҷикон дар Қирғизистон (вилоятҳо)

Тоҷикон асосан дар вилояти Бодканд, Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон зиндагӣ мекунанд. Шумораи онҳо — 51 ҳаз. нафар.

Thumb
Тоҷикон дар Афғонистон (бо ранги сабз)

Тоҷикон дар Афғонистон

Ҳамаи форсизабонони Афғонистон ба лафзи тоҷикӣ ҳарф мезананд. Вилояти Ҳирот дар тасарруфи тоҷикони ориёӣ аст.

Тоҷикон дар Ӯзбекистон

Thumb
Тоҷикон дар Ӯзбекистон аз рӯи вилоятҳо

Тоҷикони Ӯзбекистон то ҳоло симои тоҷикии худро ҳимоя кардаанд. Дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Намангон, Тирмиз ва ҳатто шаҳри Тошканд тоҷикон аксари кулли мардуми ин шаҳрҳоро ташкил медиҳанд. Дар вилоятҳои Фарғона, Намангон, Сурхондарё (ҳиссаи баландтарин), Қашқадарё, Самарқанд тоҷикон ақаллияти зиёдтаринро ташкил медиҳанд.

Тоҷикон дар Эрон

Дар Эрон ду гурӯҳи бузургнажоде вуҷуд дорад, яке тоҷикони навъи қадим, ки соли 640 ба Ҳиндустон рафтанд ва дигаре эрониёнанд. Тоҷикони даштӣ моҳрутар ва сафедтар аз тоҷикони куҳистонӣ ҳастанд. Тоҷиконе, ки дар марзи Шарқии Эрон, Хуросон ва Форс зиндагӣ доранд, ба лафзу симои тоҷикон дохиланд.

Тоҷикони Эрон аслан муҳоҷирон аз Афғонистон мебошанд.

Тоҷикон дар Покистон

Тоҷикони Покистон асосан бо забонҳои гурӯҳи эронии шарқӣ (помирии) вахонӣ сухан мегӯянд. Зиёде аз онҳо дар вилояти Читрол зиндагӣ мекунанд. Шумораи онҳо — 1 млн. 200 ҳаз. нафар.

Тоҷикони Чин

Thumb
Уезди худмухтори Тошқӯрғон-Тоҷикистон дар Чин (бо ранги сурх)

Тоҷикони Чин гӯяндагони забонҳои вахонӣ ва сариқулӣ мебошанд. Онҳо дар Ноҳияи худмухтори Тошқӯрғон-Тоҷикистони вилояти Шинҷон-Ӯйғуристон зиндагӣ мекунанд. Забонҳои вахонӣ ва сариколиро ҳукумати чин расман забони тоҷикӣ медонад, ва тоҷикон яке аз 54 ақаллиятҳои миллии эътирофшуда дар Чин мебошанд. Шумораи онҳо — наздики 50 ҳаз. нафар.

Тоҷикон дар Русия

Thumb
Тоҷикон (тоҷикистониён) дар субъектҳои Русия

Тоҷикон дар Русия зиёда аз 350000 нафарро (баҳои 2012) ташкил мекунанд, ки шаҳрванди ду давлат ба ҳисоб мераванд (Русия ва Тоҷикистон). Ба ғайр аз ин боз зиёда аз 1 млн нафар муҳоҷирони мавсимӣ дар Русия кору фаъолият доранд.

Ташаккул ва инкишофи биологии тоҷикон (нажод)

Олимони ҷаҳон, шакли инкишофёбии биологии мардуми тоҷикро ба гурӯҳҳои Помиру-Фарғонагӣ[47] ва Баҳри Миёназамин, ки дар дохили нажоди аврупоӣ дохил мешаванд, ҷой кардаанд.

Дар донишномаи Брокҳауз ва Эфрон, ки дар асри XIX ба нашр омадааст, дар бораи шакли зоҳирии тоҷикони кӯҳистон, чунин нависта шудааст:

«Тоҷикони кӯҳистон, бисёр қашоқ ҳастанд валек аз ҷиҳати шакли зоҳири, шакли халқҳои бостонии эрониёнро эҳтиёт карданд. Бисёри онҳо қади миёна ё ин ки баланд, рӯи зебои байзавӣ, чашмони кушоди рангаш қаҳвагӣ ва кабуд, бинии рости зебо баъзе вақт уқобшакл, пешонии васеъ, мӯйҳои сиёҳ, қаҳваранг ва малла доранд.[48]»
Thumb Thumb Thumb
Духтарчаи тоҷики Зарафшонӣ аз деҳаи Дар-Дар Марди тоҷик дар сари дастурхон Бонуи тоҷик аз шаҳри Хуҷанд

Нигаред

Эзоҳ

Адабиёт

Пайвандҳо

Wikiwand in your browser!

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.

Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.