From Wikipedia, the free encyclopedia
Энсиклопедияи советии тоҷик (Энциклопедияи Советии Тоҷик) — нахустин донишномаи универсалӣ ба забони тоҷикӣ (ба алифбои кирилӣ) иборат аз 8 ҷилд.
Энциклопедияи советии тоҷик (ЭСТ) мувофиқи қарори КМ ПК Тоҷикистон ва Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон (3 июни соли 1968, № 198) дар Душанбе солҳои 1978—1988 аз ҷониби «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик» табъу тадвин шудааст. Сармуҳаррири илмии он академик Муҳаммад Осимӣ ва сармуҳаррираш академик Мусо Диноршоев мебошанд.
ЭСТ 8 ҷилд (ҷ.1 — 1978; ҷ. 2 — 1980; ҷ. 3 — 1981; ҷ. 4 — 1983; ҷ. 5 — 1984; ҷ. 6 — 1986; ҷ. 7 — 1987; ҷ. 8 — 1988 бо адади 5 — 10 ҳазор нусха) буда, беш аз 25 ҳазор мақоларо дар бар мегирад. ЭСТ пеш аз ҳама дар асоси принсипҳои Энсиклопедияи Калони Советӣ ва таҷрибаи қомуснигорони ҷумҳуриҳои бародар таҳия шудааст. Қисми асосии мақолаҳои ЭСТ дар бораи Тоҷикистонанд ва дар онҳо таърихи ҷумҳурӣ, география, иқтисодиёт, илму техника, адабиёту санъат, ҳаёт ва фаъолияти ашхоси бузург, ходимони барҷастаи ҷамъият, арбоби илму маърифат, адибон ва санъатварони машҳур, Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ ва Меҳнати Сотсиалистӣ акс ёфтааст. Дар ЭСТ таърихи халқи тоҷик, саҳми он дар таърихи афкори фарҳангӣ ва тамаддуни башарӣ нишон дода шудааст. ЭСТ инчунин хонандагонро бо тараққиёти имрӯзаи илму техника, комёбиҳои ҳаёти моддӣ ва маънавии ҷумҳуриҳои бародари Иттифоқи Советӣ, бо муҳимтарин воқеаҳои ҷаҳон, ҳаракати байналхалқии комунистӣ ва коргарӣ, бо соҳаҳои гуногуни илму маданияти ҷаҳон, намояндагони машҳури он ва ғайра шинос мекунад.
Ҷилд | Унвон | Соли
Нашр |
Шумораи
саҳифаҳо |
Адади
нашр |
---|---|---|---|---|
1 | А — Гавҳар Бойгонӣ шудааст 21 марти 2019 сол. | 1978 | 672 | 22950 |
2 | Гавҳарак — Ирланд(пайванди дастнорас) | 1980 | 640 | 20000 |
3 | Ирландия — Лениннома | 1981 | 640 | 20000 |
4 | Лениннома — Муҳит | 1983 | ||
5 | Муҳит — Плеханов | 1984 | ||
6 | Плешко — Сақил | 1986 | ||
7 | Сақофӣ — Ховалинг | 1986 | ||
8 | Ховалинг — Ҷӯяк | 1988 |
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.