ISO 3166
From Wikipedia, the free encyclopedia
ISO 3166 — стандарти байналхалқии ISO, рамзҳои ишоравии давлатҳо ва территорияҳои ба онҳо вобаста ва инчунин тақсимотҳои асосии маъмурии дохили мамлакатҳоро дар бар мегирад. Аз чунин қисмҳо иборат аст:
- ISO 3166-1 — рамзҳои давлатҳо ва территорияҳои ба онҳо вобаста
- ISO 3166-1 alpha-2 — рамзҳои дуҳарфа
- ISO 3166-1 alpha-3 — рамзҳои сеҳарфа
- ISO 3166-1 numeric — рамзҳои рақамӣ
- ISO 3166-2 — рамзҳои тақсимотҳои маъмурии дохили мамлакатҳо (вилоятҳо, иёлотҳо, музофотҳо ва ғайраҳо)
Рамзҳои дуҳарфаи ISO 3166-1 alpha-2 - ро ICANN барои ном додани номҳои миллии доменҳои дараҷаи болоӣ истифода мебарад.