Дирафши Ковиёнӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Дирафши Ковиёнӣ (форсӣ: درفش کاویانی) — дирафши торихии Эрон аз аҳди қадим то поёни Давлати Сосониён буд, ки ба гуфтаи муаррихини исломӣ ҳазори ҳазори сиккаи тило арзиш доштааст. Ин дирафш пас аз ҳамлаи аъроб ба Эрон ба дасти онҳо афтод ва аз байн рафт. Ишора ба Дирафши ковиёнӣ дар асотири Эрон, ба қиёми (исёни) Коваи охангар алайҳи зулм ва ситами Заҳҳок мутаалиқ аст.[1]