![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/8/88/Name-ye_Khosrovan_bsb11180462_00399.jpg/640px-Name-ye_Khosrovan_bsb11180462_00399.jpg&w=640&q=50)
Заҳҳок
From Wikipedia, the free encyclopedia
Заҳҳок (форсӣ: ضحاک), ё Аждаҳок (аз авестоӣ: Ажи-Даҳока ё Даҳок) — аз подшоҳони афсонаии Эрон.
Quick Facts Падар, Ҳамсар ...
форсӣ: ضَحّاک | |
![]() | |
Падар | Мардос[d] |
---|---|
Ҳамсар | Арнавоз ва Шаҳрноз |
Пеша | фармонраво |
Иваз шуд ба | Фаридун |
Ба ҷои | Ҷамшед |
Ишорашуда дар китоби | Шоҳнома |
Душман | Фаридун |
![]() |
Close
Номи вай дар Авесто ба сурати Ажидаҳок омадааст ва маънои он «мори аҳриманӣ» аст. Дар Шоҳнома писари Мардос аз табори аъроб ва фармонравои дашти Найзаварон аст. Ӯ пас аз куштани падараш бар тахт менишинад. Эрониён, ки аз ситамҳои Ҷамшед, подшоҳ Эрон, ба сутӯҳ омадаанд, ба назди Заҳҳок мераванд ва ӯро ба шоҳӣ бармегузинанд. Аҳриман, ошпази Заҳҳок, ду бӯса бар дӯши Заҳҳок медиҳад ва ду мор аз ҷой бӯсаҳо берун меҷаҳад. Пас аз ин воқеъа Аҳриман нусхае таҷвиз мекунад, ки бояд ҳар рӯз мағзи ду ҷавонро хӯроки морҳо созад то газанди ба ӯ нарасад.