ҳунарпешаи ҳинд From Wikipedia, the free encyclopedia
Аюшман Хурроно (ҳиндӣ: आयुष्मान खुराना, тав. 14 сентябр 1984, Чандигар, Ҳиндустон) — ҳунарпешаи ҳинд, сароянда ва муҷрии телевизион. Ӯ дорандаи якчанд ҷоизаҳо мебошад, алалхусус Filmfare Awards ва National Film Awards.
англ. Ayushmann Khurrana | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Nishant Khurrana |
Таърихи таваллуд: | 14 сентябр 1984 (40 сол) |
Зодгоҳ: | Чандигар, Ҳиндустон |
Шаҳрвандӣ: | Ҳиндустон |
Касб: |
ҳунарпеша сароянда муҷрии телевизион |
Корнома: | 2004-то ҳол |
Ҷоизаҳо: |
|
IMDb: | ID 4731677 |
ayushmannkhurrana.blogspot.com | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Хурроно 14 сентябри соли 1984 дар Чандигар дар оилаи Пунам ва П. Хурроно таваллуд шудааст[1][2]. Аввал ба ӯ Нишант номгузорӣ намуданд, баъдтар дар 3-солагӣ волидони ӯ номашро ба Аюшман Хурроно иваз карданд. Ӯ мактаби миёнаи Сент Ҷони Чандигарх ва Коллеҷи DAV Collegeро хатм намудааст[3]. Ӯ дар соҳаи адабиёти англисӣ таҳсил карда, дараҷаи магистрро дар мактаби таҳқиқотии коммуникатсионии донишгоҳи Панҷоб хатм намудааст[4]. Аюшман инчунин узви асосгузори коллеҷи DAV "Aaghaaz" ва "Manchtantra" буд, ки гурӯҳҳои фаъоли театрӣ дар Чандигар мебошанд.
Аюшман Хурроно дар синни 17-солагӣ дар телевизион пайдо шудааст. Аввал барандаи барномаҳо ва маросимҳои телевизионӣ шуда фаъолият кардааст.Баъдан ӯро ба силсилафилми Ek thi rajkumari (2008-2009) дар нақши золим бо Алӣ Мерчант ва Неҳа Марда бозидааст. Нахустнамоиши ӯ дар синамо дар филми Donor Vicky соли 2012 мебошад, ки нақши асосиро бо ҳунарпешагон Ямӣ Гаутам ва Ҷон Абраҳам бозидааст. Ҷон Абраҳам инчунин таҳиягари филм мебошад. Ҳангоми банаворгирии филм ӯ курси актёриро хондааст[5]. Дар филм ӯ суруди худро "Pani Da Rang" иҷро намудааст, ки соли, 2003 таҳия шудааст[6]. Ин филм хело муваффақ шуда даромади хуб ба даст овардааст[7] ва дар маросими ҷоизасупории Filmfare Awards Аюшман бо ҷоизаҳои "Беҳтарин дебюти мардона" ва "Беҳтарин сарояндаи пасикадрӣ" қадрдонӣ шудааст[8]. Соли 2013 дар комедияи Роҳан Сиппӣ Nautanki Saala! нақши асосиро низ бозидааст, ки ремейки филми фаронсавии Après Vous (2005) мебошад[9]. Ӯ инчунин ду суруд дар ин филм иҷро намудааст[10]. Як сол баъд ӯ бо Yash Raj Films шартнома баста дар филми комедияи румонтикии Bewakoofiyaan (2014), бо ҳунармандони маъруф Сонам Капур ва Ришӣ Капур ҳунарнамоӣ намудааст[11]. Ҳарду филм Nautanki Saala ва Bewakoofiyaan аз ҷиҳати буҷавӣ номуваффақ шуданд аммо соли 2015 нақши Шивкар Бапуҷиро дар филми Hawaizaada нақши асосиро бо Митҳун Чакрабортӣ ва Паллавӣ Шарда бозидааст[12]. Барои ин филм ӯ худро хароб намуда забони маротҳиро омӯхтааст[13]. Худи ҳамон сол ӯ бо ҳамсараш Тоҳира, ки нависанда мебошад китоби зандагиномаашонро Cracking the Code: My Journey to Bollywood навиштаанд[14]. Муваффақияти Aюшман баъди иҷро дар филми бомуваффақи Dum Laga Ke Haisha (2015) бо Бҳумӣ Педнекар дучанд шуд, ки филм даромади хуби тиҷорӣ дошт. Барои ин иҷрояш аз тарафи мунаққидон баҳои баланд гирифтааст[15][16]. Соли 2017 баъд аз иҷрои филми камбуҷаи Meri Pyaari Bindu бо Паринитӣ Чопра, дар ду филми навбатияш муваффақ гардиданд: Bareilly Ki Barfi ва Shubh Mangal Saavdhan[15]. Дар фили Bareilly Ki Barfi дар муқобили Раҷкумар Рао ва Критӣ Санон бозидааст[17]. Барои иҷро дар филми Shubh Mangal Saavdhan, дар маросими ҷоизасупории Filmfare Awards дар номинатсияи Беҳтарин ҳунарпешаи мард пешниҳод шудааст[18]. Соли 2018 дар филми Шрирам Рагҳаван Andhadhun, нақши нобинои пианонавозро бозидааст.Дар ин филм Табу, Радҳика Абте ва Ашвинӣ Калсекар низ нақш офаридаанд, ки филм хело муваффақ гаштааст[19]. Соли 2019 дар филмҳои муваффаи Article 15, Dream Girl ва Bala нақши асосиро бозидааст ва соҳиби ҷоизаҳои гуногун гаштааст[20][21]. Дар лоиҳаи навбатии Хурроно Shubh Mangal Zyada Saavdhan (2020) буда, ӯ нақши ҳамҷинсгароеро бозидааст, ки волидонаш мухолифи робитаи ӯ бо дӯстписараш мебошанд[22]. Аюшман дар филми навбатии худ Gulabo Sitabo бо ҳунарпешаи маъруф Амитабҳ Баччан ҳунарнамоӣ намудааст, ки бо сабаби дунёгирии COVID-19 намоиши филм ба таъхир гузошта шудааст[22][23]. Билохира филм 12 июни соли 2020 ба намоиш гузошта шуд.
Бародараи Аюшман Аппаршактӣ Хурроно дар Radio Mirchi 98.3 FM-и шаҳри Деҳлӣ кор мекунад ва соли 2016 дар филми Амирхон Dangal нахустнамоишашро иҷро кардааст. Аюшманн бо Тоҳира Кашяп оиладор мебошад. Онҳо соҳиби ду фарзанд мебошад. Писараш Вираҷвир 2 январи соли 2012 ва духтараш Варушка 21 апрели соли 2014 таваллуд шудаант. Соли 2018 ҳангоми таблиғи Badhaai Ho ва Andhadhun, ҳамсараш Тоҳираро бо саратони сина ба беморхона хобонданд.
Сол | Филм | Нақш | Иқт. |
---|---|---|---|
2012 | Vicky Donor | Викӣ Арора | [24] |
2013 | Nautanki Saala! | Рам "РП" Пармар | [25] |
2014 | Bewakoofiyaan | Моҳит Чадҳа | [26] |
2015 | Hawaizaada | Шивар Бапуҷӣ Талпаде | [27] |
Dum Laga Ke Haisha | Прем Тиварӣ | [28] | |
2017 | Meri Pyaari Bindu | Абҳиманю Рой | [29] |
Bareilly Ki Barfi | Чироғ Дубей | [30] | |
Shubh Mangal Saavdhan | Мудит Шарма | [31] | |
Tumhari Sulu | Худаш | [32] | |
2018 | Andhadhun | Акаш Сараф | [33] |
Badhaai Ho | Накул Каушик | [34] | |
2019 | Article 15 | Аян Ранҷон | [35] |
Dream Girl | Карамвир "Карам" Сингҳ (Пуҷа) | [36] | |
Bala | Балмукунд "Бала" Шукла | [37] | |
2020 | Shubh Mangal Zyada Saavdhan | Картик Сингҳ | [38] |
Gulabo Sitabo | Банкӣ | [39] |
Сол | Номгӯй | Нақш | Шарҳҳо | Иқт. |
---|---|---|---|---|
2004 | MTV Roadies (Мавсими 2) | Contestant | Winner | [40] |
2007 | Kayamath | Сакет Шергил | [41] | |
2008 | MTV Wassup, The Voice of Youngistaan | Шарики ровии барнома бо MTV VJ Банӣ Ҷ ва Винит Модӣ | [42] | |
MTV Fully Faltoo Филми – Cheque De India | Фақир Хон | Spoof of Chak De! India | ||
MTV Fully Faltoo Филми – Jadoo Ekbar | Шоҳзода Ҷалебӣ | |||
MTV Roadies Hell Down Under | [43] | |||
Ek Thi Rajkumari | Прем | [44] | ||
2009 | India's Got Talent (Мавсими 1) | Шарики ровӣ бо Никҳил Чипана | [45] | |
Rock on with MTV (Мавсими 1) | [46] | |||
Stripped | [43] | |||
2010 | Taarak Mehta Ka Ooltah Chashmah | Худаш | Меҳмони даъватӣ (IPL 3) | [47] |
Extra Innings T20 for Indian Premier League (Мавсими 3) | Пешбаранда | Шарики ровии барнома бо Гаурав Капур, Самир Кочҳар ва Ангад Бедӣ | [48] | |
India's Got Talent (Мавсими 2) | Шарики ровии барнома бо Никҳил Чинапа | [49] | ||
Rock on with MTV (Мавсими 2) | Шарики ровии барнома бо Лиза Ҳайдон | [50] | ||
2011 | MTV Grind | [51] | ||
Just Dance | [41] | |||
2014 | 1st Star Box Office India Awards Ceremony | [52] | ||
2018 | 25th Star Screen Awards | Ровӣ | [53] |
Сол | Суруд | Албом | Оҳангсоз | Иқт. | |
---|---|---|---|---|---|
2012 | "Pani Da Rang" | Vicky Donor | Рочак Коҳлӣ | [54] | |
2013 | "Saddi Gali" | Nautanki Saala! | Рочак Коҳлӣ | ||
"Tu Hi Tu" | Рочак Коҳлӣ | [55] | |||
"O Heeriye" | Single | Рочак Коҳлӣ | [56] | ||
2014 | "Khaamakhaan" | Bewakoofiyaan | Рагҳу Диксит | [57] | |
"Mitti Di Khusboo" | Single | Рочак Коҳлӣ | [58] | ||
2015 | "Dil-E-Naadan" | Hawaizaada | Аюшман Хорроно | [59] | |
"Moh Moh Ke Dhage" | Dum Laga Ke Haisha | Ану Малик | [60] | ||
"Yahin Hoon Main" | Single | Рочак Коҳлӣ | |||
2016 | "Ik Vaari" | Single | Апаршактӣ Хуроно | [61] | |
2017 | "Hareyaa (Rock version)" | Meri Pyaari Bindu | Сачин Ҷигар | [62] | |
"Orrey Mon" | Single | Упал Сенгупта | [63] | ||
"Nazm Nazm" | Bareilly Ki Barfi | Арко | |||
"Kanha (Unplugged)" | Shubh Mangal Savdhan | Танишк Ваю | [64] | ||
2018 | "Aap Se Milkar" | Andhadhun | Амит Триведӣ | [65] | |
"Naina Da Kya Kasoor" | Амит Триведӣ | ||||
"Chan Kitthan" | Single | Рочак Коҳлӣ | |||
"Nain Na Jodeen" | Badhaai Ho | Рочак Коҳлӣ | [66] | ||
2019 | "Intezaar" | Article 15 | Анураг Сайкиа | [67] | |
"Ik Mulakat" | Dream Girl | Мит Брос | [68] | ||
"Ab Teri Baari (бо Наезӣ)" | Single | Клинтон Сереҷо | |||
2020 | "Mere Liye Tum Kaafi Ho" | Shubh Mangal Zyada Saavdhan | Танишк Ваю | ||
"Arrey Pyaar Kar Le" | Танишк Багчӣ | [69] |
Сол | Филм | Ҷоиза | Категория | Натиҷа |
---|---|---|---|---|
2007 | Bharat Nirman Awards | Ҷоизагирандаи ҷавон | Баранда[70] | |
2011 | Just Dance | Indian Television Academy Awards | Баранда[71] | |
2012 | Cosmopolitan Fun and Fearless Awards | Best TV Anchor | Баранда[72] | |
GQ India Men of the Year | Истеъдоди нави сол | Баранда[73] | ||
Vicky Donor | Boroplus Gold Awards | Ситораи дурахшони синамо аз барномаҳои телевизионӣ | Баранда[74] | |
Bhaskar Bollywood Awards|Dainik Bhaskar|Bhaskar Bollywood Awards | Most Dramatic Newcomer (Мардона) | Баранда[75] | ||
Global Indian Music Awards | Суруди ҷаззобтарин (барои "Pani Da Rang") | Баранда[76] | ||
Беҳтарин дебют дар мусиқӣ(ҳамчун овозхон) | Номзад[77] | |||
Беҳтарин дебют дар мусиқӣ (ҳамчун оҳангсоз/шеърнавис, бо Рошак Коҳлӣ) | ||||
People's Choice Awards India | Беҳтарин дебют дар синамо (Мардона/Занона) | Номзад[78] | ||
BIG Star Entertainment Awards | Дебюти шавқовартарин ҳунарпешаи филм | Баранда[79] | ||
5th Mirchi Music Awards | Вокалисти сол (мард) | Номзад[80] | ||
Вокалисти сол | ||||
Оҳангсози сол | Баранда[81] | |||
Шеърнависи сол | ||||
2013 | Filmfare Awards | Беҳтарин дебюти мардона | Баранда[82] | |
Беҳтарин овозхони пасикадрӣ | ||||
ETC Bollywood Business Awards | Беҳтарин дебюти қобили қабул | Баранда[83] | ||
en:Screen Awards | Most Promising Newcomer – мардона | Баранда[84] | ||
Screen Award барои Беҳтарин овозхони пасикадрӣ | Номзад[85] | |||
Zee Cine Awards | Беҳтарин дебюти мардона | Баранда[86] | ||
Беҳтарин овозхони пасикадрӣ (мард) | Номзад[86] | |||
Stardust Awards | Беҳтарин ҳунарпеша | Баранда[87] | ||
Ҳангомаи нави мусиқавӣ (Мард) | ||||
Беҳтарин ситораи фардо – Мард | Номзад[88] | |||
Renault Star Guild Awards | Беҳтарин дебюти мардона | Баранда[89] | ||
Беҳтарин овозхони пасикадрӣ (мард) | ||||
Беҳтарин ҳунарпеша дар нақши марказӣ | Номзад[90] | |||
Беҳтарин шеър | ||||
Times of India Film Awards | Беҳтарин дебюти мардона | Баранда[91] | ||
Беҳтарин овозхони пасикадрӣ (мард) | Номзад[92] | |||
International Indian Film Academy Awards | Дебюти ситоравии сол — мард | Баранда[93] | ||
Беҳтарин ҳунарпеша | Номзад[94] | |||
Producers Guild Film Awards | Беҳтарин овозхони пасикадрӣ (мард) | Баранда[95] | ||
Bollywood Hungama Surfers' Choice Movie Awards | Беҳтарин дебюти мардона | |||
2018 | Shubh Mangal Saavdhan | Screen Awards | Беҳтарин ҳунарпеша – Мард (Машҳур) | Номзад |
Zee Cine Awards | Беҳтарин ҳунарпеша – Мард | Номзад[96] | ||
Беҳтарин ҳунарпеша – Мард (Интихоби ҳакамон) | ||||
Filmfare Awards | Беҳтарин ҳунарпеша | Номзад[97] | ||
2019 | Andhadhun | Zee Cine Awards | Беҳтарин ҳунарпеша – Мард | Номзад[98] |
Filmfare Awards | Беҳтарин ҳунарпеша | Номзад[99] | ||
Беҳтарин ҳунарпеша (Мунаққидон) | Баранда | |||
News18 Reel Movie Awards | Беҳтарин ҳунарпеша | Номзад[100] | ||
National Film Awards | Беҳтарин ҳунарпеша | Баранда[101] | ||
Andhadhun, Badhaai Ho | BizAsia Online Awards | Беҳтарин ҳунарпеша | Номзад[102] | |
Asiavision Awards | Беҳтарин ҳунарпеша (Мунаққидон) | Баранда[103] | ||
2020 | Article 15 | Screen Awards | Беҳтарин ҳунарпеша (Мунаққидон) | Баранда[104] |
Bala | ||||
Dream Girl | Беҳтарин ҳунарпеша дар нақши комедиявӣ | Номзад | ||
Article 15 | Filmfare Awards | Беҳтарин ҳунарпеша (Мунаққидон) | Баранда | |
Bala | Беҳтарин ҳунарпеша | Номзад |
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.