Соли 2017 (ду ҳазору ҳабдаҳум) дар гоҳшумории мелодӣ — насоли кабиса, оғоз дар рӯзи якшанбе. Ин 2017 соли даврони ҳозир, 17 соли ҳазораи 3, 17 соли садаи XXI, 7 соли даҳаи 2 садаи XXI, 8 соли даҳаи 2010-ум.
- 2017 дар Тоҷикистон "Соли ҷавонон" эълон шуд
- 27 декабри соли 2017, Тоҷикистон дар раддабандии (рейтинги) кишварҳои дар пешбурди тиҷорат муваффақ, ки аз ҷониби маҷаллаи амрикоии «Forbes» омода шудааст, миёни 153 кишвари ҷаҳон зинаи 108-умро ишғол намуд. Рейтинг 21 декабр дар сомонаи маҷаллаи мазкур нашр гардид. Зикр мешавад, ки соли гузашта Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 6,9 % афзуда, шумораи аҳолии мамлакат 8,5 млн нафар ва ММД ба ҳар сари аҳолӣ 800 доллари ИМА-ро ташкил дод. (khovar.tj/ 05.12.2017 Бойгонӣ шудааст 16 сентябри 2021 сол.).
- 27 декабри соли 2017, 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро шаҳрвандони то 30-сола ташкил медиҳанд.(khovar.tj/ 05.12.2017).
- 22 декабри соли 2017, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (jumhuriyat.tj/ 22.12.2017).
- 4 декабри соли 2017, Тоҷикистон дар Рейтинги (раддабандии) рушди кишварҳо дар соли 2017, ки аз ҷониби Маркази бритониёии «Институти Legatum» тартиб дода шудааст, мақоми 102-юмро касб намудааст.(khovar.tj/ 04.12.2017 Бойгонӣ шудааст 16 сентябри 2021 сол.).
- 26 октябр, Оғози корҳои таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди «Душанбе — Қӯрғонтеппа». Марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар гирифта, роҳ аз категорияи «III»-юм ба категорияи «1-Б» гузаронида мешавад ва паҳноии он аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.(khovar.tj/ 26.10.2017 Бойгонӣ шудааст 16 сентябри 2021 сол.).
- 25 октябр, Бар асоси қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеъмоли сигор дар дохили тамоми корхонаҳои давлативу хусусӣ, тарабхонаҳо, вокзалҳову фурудгоҳҳо комилан манъ мешавад.(khovar.tj/ 25.10.2017(пайванди дастнорас)).
- 14 октябр, 15 октябр дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад. (khovar.tj/ 14.10.2017 Бойгонӣ шудааст 16 сентябри 2021 сол.).
- 14 октябр, Мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ (khovar.tj/ 14.10.2017 Бойгонӣ шудааст 16 сентябри 2021 сол.).
- 12 октябр, Аз 11 то 14 октябр дар ш. Тошкент, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардиданд.(khovar.tj/ 12.10.2017 Бойгонӣ шудааст 16 сентябри 2021 сол.).
- 11 октябр, ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 591 аз 09.10.2017 «Дар бораи барҳам додани Корхонаи воҳиди давлатии „Бозори Шоҳмансур“» дар ш. Душанбе дар торномаи Ҳукумати ш. Душанбе нашр шуд. Ҷойи нуқтаҳои савдои муқарраршуда — Маркази савдои «Меҳргон», воқеъ дар минтақаи шарқии Душанбе, тавсия дода шудааст. (dushanbe.tj/ 11.10.2017 Бойгонӣ шудааст 1 сентябри 2019 сол.).
- 8 октябр, Википедияи Тоҷикиро сарзаниш карданд ва иваз кардани калимаи «энсиклопедия»-ро пешниҳод намуданд. (RuWikiNews)
- 23 август Парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Қонуни танзими расму ойинҳоро қабул кард. Бар асоси ин тағйирот, забҳи чорво ва додани таом дар маъракаҳои азодорӣ комилан манъ шуда, тӯйи хатна аз ин ба баъд бидуни даъвати санъаткорон бояд доир шавад. Бо тӯйи дигар муштарак кардани хатнасӯр ҳам акнун манъ мешавад.(/akhbor.com /23.08.2017 Бойгонӣ шудааст 23 май 2022 сол.)
- 1 март Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ, дар шаҳри Исломобод, изҳор доштанд: "Таҳкурсии асосии бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз неругоҳҳои барқи обӣ иборат мебошад, ки истеҳсоли 98 фоизи неруи барқро дар кишвар аз манбаи барқароршавандаи тавлиди энергия таъмин менамояд. Аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра қарор дорад ва захираҳои умумии гидроэнергетикии он дар ҷаҳон яке аз бузургтаринҳо ба шумор мераванд.(2. 03.2017 khovar.tj Бойгонӣ шудааст 15 сентябри 2017 сол.)
- 27 феврал баъди музокироти байнидавлатӣ Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин оид ба натиҷаҳои сафари расмӣ қабул карда шуд. Владимир Путин — президенти Русия ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ордени ба номи Александр Невскиро тақдим кард. Сипас дар ҳузури сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид (бештар... Бойгонӣ шудааст 19 июни 2017 сол.) (28.02.2017 Ташрифи Владимир Путин ба Тоҷикистон ва Қазоқистон.1tv.ru),
- 27 феврал баъди музокироти байнидавлатӣ Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин оид ба натиҷаҳои сафари расмӣ қабул карда шуд. Сипас дар ҳузури сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид (28.02.2017 khovar.tj Бойгонӣ шудааст 19 июни 2017 сол., Ташрифи Владимир Путин ба Тоҷикистон ва Қазоқистон.1tv.ru
- Дар вақти сафар ба Тоҷикистон Владимир Путин — президенти Русия ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ордени ба номи Александр Невскиро тақдим мекунад, гуфт ёрдамчии президенти ФР Юрий Ушаков. Сафари Президенти ФР Владимир Путин ба Тоҷикистон охири моҳи феврал дар назар аст.(22.02.2017 http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20170222/1021748948.html)
- Сомонаи амрикоии CNN Travel чойхонаи «Роҳат»-ро беҳтарин чойхонаи ҷаҳон номидааст. Чойхонаи «Роҳат» мувофиқи маълумоти сомонаи амрикоӣ аз соли 1956 инҷониб беҳтарин чойхона ба ҳисоб меравад. Мутаассифона имрӯзҳо «Роҳат» зери хатари вайроншавӣ мондааст.(17.02.2017 [http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20170217/1021713411.html sputnik
- 17 феврали соли 2017 расонаҳои хабарӣ ба ҳамагон маълум намуданд, ки — Сомонаи амрикоии CNN Travel чойхонаи «Роҳат»-ро беҳтарин чойхонаи ҷаҳон номид.
Баробари ин Сомонаи амрикоии CNN Travel, ба рӯйхати беҳтарин чойхонаҳои ҷаҳон:
-tj.com])
- Ҳаракат дар роҳи Душанбе — Хуҷанд, ягона роҳи заминӣ, ки марказро бо шимоли кишвар пайванд медиҳад, муваққатан баста шудааст. Масъулони ширкати Innovative Road Solutions (IRS), масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин тасмим баъд аз зуҳри 14 феврал ва дар пайи бориши шадиди барфу фаромадани тармаи зиёд гирифта шудааст.(14.02.2017 ozodi.org)
- Ҳавопаймоҳои ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ» ба эҳтимоли ғолиб дар оғози моҳи апрел ба парвоз дар самти Тошканд-Душанбе шурӯъ мекунанд.(14.02.2017 ozodi.org)
- Президенти Тоҷикистон дар як номаи табрикӣ раҳбари Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бо пирӯзиаш дар интихоботи раёсатҷумҳурии 12 феврал шодбош гуфт. Бердимуҳаммадови 59-сола бо бурдани 97,69 дар сади раъйи мардум пирӯз шуд ва ҳамакнун дар давоми 7 соли оянда раҳбарии ин ҷумҳурии ғанӣ аз гази Осиёи Марказиро идома хоҳад дод.(13.02.2017 ozodi.org)
Комёбиҳои Тоҷикистон дар соли 2016
- Дар ин сол ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 54 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он ба 6,9 фоиз баробар шуд.
- Бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар ва дар ин замина ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ соли 2016 дар мамлакат 251 коргоҳу корхонаҳои нав бо 9165 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
- Дар доираи татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ 40 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойҳои корӣ таъмин гардида, умуман аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 114 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шуданд, ки аз ин 56 ҳазор ё худ 49 фоизи он ҷойи кори доимӣ мебошад.
- Соли 2016 маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба 22,2 млрд сомонӣ баробар гашта, суръати афзоиш 5,2 фоизро ташкил намуд.
- Дар соҳаи маориф соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва навсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст.
- Варзишгари номдори тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии Рио де Жанейро-2016 дар мусобиқоти гурзпартоӣ пешсафӣ нишон дода, барандаи медали тилои бозиҳои олимпӣ гардид.
- Дар маҷмӯъ соли 2016-ум барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 52 фоизи хароҷоти буҷет, яъне 8,1 миллиард сомонӣ равона гардидааст. (бештар...)