кишвар дар Осиёи Марказӣ From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ӯзбекӣ: O'zbekiston Respublikasi / Ўзбекистон Республикаси) — кишваре дар Осиёи Миёна аст. Дар шарқ бо Қирғизистон, дар шимолу шарқ, шимол ва шимолу ғарб бо Қазоқистон, дар ҷанубу ғарб ва ҷануб бо Туркманистон, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар ҷанубу шарқ бо Тоҷикистон ҳаммарз аст. Пойтахт ва калонтарин шаҳри ин кишвар — Тошканд (аҳолиаш 2 миллион 300 ҳазор нафар). Дигар калонтарин шаҳрҳо: Самарқанд, Намангон, Андиҷон, Бухоро, Нуқус, Фарғона, Қаршӣ.
Шиор: «Kuch adolatdadir! (Куч ба адолат!)» | |
Суруди миллӣ: «O`zbekiston Respublikasi Davlat Madhiyasi» (слушать ) | |
Рӯзи истиқлолият | (аз Иттиҳоди Шӯравӣ, 31 августи соли 1991) |
Забони расмӣ | ӯзбекӣ |
Пойтахт | Тошканд |
Шаҳри калонтарин | Тошканд, Самарқанд, Намангон, Андиҷон, Бухоро, Нукус, Фарғона, Қаршӣ |
Идораи давлат | Ҷумҳурӣ |
Президент | Шавкат Мирзиёев |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. | 56-ум ҷой дар ҷaҳон 447,400 км² {{{Фоизи об}}} % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ (2017) • Зичӣ | 41-ум ҷой дар ҷaҳон 32,979,000 73,0 нафар/км² |
ММД • Ҳамагӣ (2017) • Ба сари аҳолӣ | 62-ум ҷой дар ҷaҳон $222,792 миллиард $ $7023 $ |
Пули миллӣ | сӯм |
Интернет-Домен | .uz |
Коди телефон | +998 |
Соат | UTC +5 |
Имрӯз қисми | {{{Имрӯз}}} |
Дар Ӯзбекистон аз 32 миллион зиёдтар мардум зиндагонӣ мекунад (2017). Забони давлатӣ ва расмии кишвар — ӯзбекӣ. Забони русӣ дар кишвар ҳамчунин истифода мешавад.
Дар садаи даҳуми милодӣ, сарзамини кунунии Ӯзбекистон, ҷузъе аз қаламрави Сомониён буд. Пас аз Сомониён, Ӯзбекистон ба тартиб, таҳти ҳукумати Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, муғулҳо, Темуриён ва хонҳои ӯзбек буда аст. Дар садаи 19 милоди ғарб ва шимоли Ӯзбекистон зери итоати хонигарии Хева ва ҷануби Ӯзбекистон зери салтанати аморати Бухоро буд. Хонигарии Хева дар соли 1877 зери султаи Русия даромад.
.
2 сентябри соли 2016 президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар синни 78-солагӣ дар Тошканд аз олам даргузашт. Ҷанозаи президент дар зодгоҳаш, шаҳри Самарқанд гузашт, ва президенти якӯми Ӯзбакистон масҷиди Ҳазрати Хизр дар оромгоҳи марказии шаҳри кӯҳнаи Самарқанд дафн карда шуд. Дар ҷанозаи Ислом Каримов президентҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон, сарвазирон (ҳамчунин сарвазири Русия), ноибони-сарвазирон, вазирон ва дигар меҳмонҳои олӣ аз кишварҳои гуногун иштирок кардаанд. Баъди марги Ислом Каримов вазифаи президентӣ ба раиси Сенатӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбакистон Ниғматулло Йӯлдошев гузашт. 8 сентябри соли 2016 дар маҷлиси якҷояи ҳар ду палатаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Йӯлдошев худрадкунӣ аз ин вазифа кард. Дар он маҷлис, сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев ба вазифаи президенти муваққати Ҷумҳурии Ӯзбакистон таъйин шуд.
Дар ин интихобот овози аксари овоздиҳонро (88,61 %) Шавкат Мирзиёев аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбакистон гирифт ва президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуд. Ҷои дуюмро Ҳотамҷон Кетмонов аз Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон гирифт (3,73 %). ҷои сеюмро Наримон Умаров (3,46 %) аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» ва ҷои чорӯмро (2,35 %) Сарвар Отамуродов аз Ҳизби демократии «Наҳзати Миллӣ» гирифт. Интихоботи президентии оянда дар ин кишвар дар соли 2021 мегузарад.
Тибқи конститутсия, Ӯзбекистон давлати ҳуқуқбунёди демократӣ мебошад. Сардори давлат Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст. Мақоми олии намояндагии давлатӣ Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки ҳокимияти қонунбарорро амалӣ менамояд. Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбакистон аз ду палата - палатаи қонунгузорӣ (палатаи поёнӣ) ва сенат (палатаи боло) иборат аст (Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, боби 18, моддаи 76). Мақоми ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки барои фаъолияти пурсамари иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ ва маънавӣ, татбиқи қонунҳо, қарорҳои дигари Олий Маҷлис, Фармонҳо ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳнамоӣ мекунад, Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ мегардонад.
Ӯзбекистон иборат аз 12 вилоят, 1 ҷумҳурии мухтор ва як шаҳри асоси дорад.
Шаҳр | Аҳолӣ 1.07.2001[1] | Аҳолӣ 1.01.2014[2] |
---|---|---|
Тошканд | 2 137,2 | 2 352,9 |
Самарқанд | 361,3 | 509,0 |
Намангон | 391,3 | 475,7 |
Андиҷон | 338,4 | 403,9 |
Нукус | 212,0 | 295,2 |
Бухоро | 237,4 | 272,5 |
Фарғона | 183,0 | 264,9 |
Қаршӣ | 204,7 | 254,6 |
Қӯқанд | 197,5 | 233,5 |
Марғилон | 149,6 | 215,4 |
Ангрен | 128,8 | 175,4 |
Ҷиззах | 131,5 | 163,2 |
Чирчиқ | 141,7 | 149,4 |
Урганҷ | 138,6 | 137,3 |
Термиз | 116,5 | 136,2 |
Навоӣ | 138,1 | 134,1 |
Олмалиқ | 113,1 | 121,1 |
Хӯҷайлӣ | - | 104,5 |
Деҳнав | - | 104,4 |
Бекобод | - | 101,2 |
Шаҳрисабз | - | 100,3 |
Дарозии марзҳои кишвар 6221 км мебошад. Дарозӣ: дар тӯлонӣ (аз шимол ба ҷануб) 925 км, дар арзи ҷуғрофӣ (аз ғарб ба шарқ) 1400 км, шарқтарин нуқтаи Ӯзбекистон, шаҳраки Тополино, вилояти Андиҷон аст.
Баландтарин нуқта аз сатҳи баҳр: Қуллаи Ҳазрат-Султон бо баландии 4643,3 м (қаторкӯҳи Ҳисор). Пасттарин нуқта аз сатҳи баҳр: ботлоқи намаки Кулатай дар Минбулоқ - .712,7 м [47] (биёбони Қизилқум).
Иқлим континенталӣ мебошад. Ҳарорати миёнаи январ аз +4 ° C дар ҷануб то -10 ° C дар шимол, ҳарорати июл аз +27 ° C дар шимол то +37 ° C дар ҷануб фарқ мекунад. Ҳарорати пасттарин -38 ° C мебошад.
Аҳолии Ӯзбекистон 32 миллион 121 ҳазор нафар аҳолиро (дар соли 2017) ташкил мекард, аз он ҷумла 51 % аҳолӣ дар шаҳрҳо истиқомат мекарданд.
Дар таркибӣ миллии кишвар, 82 % (аз 25 миллион зиёдтар мардуми кишвар) — ӯзбекон, 5 % (аз 1,5 миллион зиёдтар) — тоҷикон, 3 % (аз 900 ҳазор зиёдтар) — қазоқҳо, 2 % (аз 800 ҳазор зиёдтар) — русҳо. Ҳамчунин, дар кишвар қароқалпоқҳо (аз 500 ҳазор зиёдтар), тоторҳо (аз 300 ҳазор зиёдтар), қирғизҳо, корейсҳо, туркманҳо, украинҳо, арманиҳо, озарбойҷониҳо, форсҳо (эрониён), уйғурҳо, белорусҳо, яҳудиён (асосан яҳудиёнӣ бухороӣ), олмониҳо, лӯлиҳо, арабони Осиёи Миёна истиқомат мекарданд.
Миллат | 12 январи 1989 (баҳисобгирии оморӣ)[3] | 1 января 1991 (баҳодиҳӣ)[4] | 1 январи 2011 (баҳодиҳӣ) | 1 январи 2017 (баҳодиҳӣ) | ||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|
шумора ҳаз. наф. | миқдор % | шумора ҳаз. наф. | миқдор % | шумора ҳаз. наф. | миқдор % | шумора ҳаз. наф. | миқдор % | |
ӯзбекҳо | 14 142,5 | 71,39 | 14 995,3 | 72,77 | 23 983,2 | 82,35 | 26 917,7 | 83,8 |
тоҷикҳо | 933,6 | 4,71 | 980,7 | 4,76 | 1 411,6 | 4,85 | 1544,7 | 4,81 |
қазоқҳо | 808,2 | 4,08 | 845,3 | 4,1 | 832,7 | 2,86 | 803,4 | 2,5 |
русҳо | 1653,5 | 8,35 | 1593,8 | 7,73 | 837,5 | 2,88 | 750 | 2,33 |
қарқалпоқҳо | 411,9 | 2,08 | 431,9 | 2,1 | 641,5 | 2,2 | 708,8 | 2,21 |
қирғизҳо | 374,9 | 1,88 | 482,6 | 1,89 | 254,6 | 1,87 | 274,4 | 0,85 |
тоторҳо | 467,8 | 2,36 | 414,6 | 2,01 | 218,6 | 0,75 | 195 | 0,61 |
туркманҳо | 121,6 | 0,61 | 126,6 | 0,61 | 174,7 | 0,6 | 192 | 0,6 |
куриёиҳо | 183,1 | 0,92 | 183,7 | 0,89 | 188,0 | 0,65 | 176,9 | 0,55 |
укроинҳо | 153,2 | 0,77 | 146,8 | 0,71 | 78,2 | 0,27 | 70,7 | 0,22 |
дигарон | 759,8 | 3,84 | 706,4 | 3,43 | 502,8 | 1,73 | 486,9 | 1,52 |
Ҳамагӣ | 19 810,1 | 100 | 20 607,7 | 100 | 29 123,4 | 100 | 32 120,5 | 100 |
Аз соли 1989 дар Ӯзбекистон баҳисобгирии аҳолӣ гузаронида нашудааст. Мансубияти миллӣ аз рӯи маълумотномаи шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва шаҳодатномаҳои таваллуди фарзандон (аз рӯи миллати волидайн) оварда шудааст.
Рӯз | Ном ба забони ӯзбекӣ | Ном ба забони тоҷикӣ |
---|---|---|
1 январ | Yangi yil bayrami Янги йил байрами |
Соли нави мелодӣ |
14 январ | Vatan himoyachilari kuni Ватан ҳимоячилари куни |
Рӯзи муҳофизони Ватан |
8 март | Xalqaro xotin-qizlar kuni Халқаро хотин-қизлар куни |
Рӯзи байналмилалии занон |
21 март | Navroʻz Наврӯз |
Наврӯз |
9 май | Xotira va qadrlash kuni Хотира ва қадрлаш куни |
Рӯзи хотира ва иззат |
1 сентябр | Mustaqillik kuni Мустақиллик куни |
Рӯзи истиқлолят |
1 октябр | Oʻqituvchilar va murabbiylar kuni Ўқитучилар ва мураббийлар куни |
Рӯзи устодон ва мураббиён |
8 декабр | Konstitutsiya kuni Конституция куни |
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон |
- | Ramazon Hayit Рамазон Ҳайит |
Иди Рамазон |
- | Qurbon Hayit Қурбон Ҳайит |
Иди Қурбон |
Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, дар соли 2020 шумораи театрҳое, ки дар кишвар фаъолият мекунанд, 49 ададро ташкил медиҳад.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.