Сомониён

дудмони эронӣ From Wikipedia, the free encyclopedia

Сомониён

Сомониён (форсӣ: سامانیان; 819—1004) — дудмоне аз амирон ва ҳукмронони эронии[1][2] суннимазҳаб, ки ҳудуди ду қарн бар бахшҳои бузурге аз Мовароуннаҳр бо таъйид ва муҳри хулафои Аббосӣ ҳукумат карданд. Маркази ин ҳукумат дар Хуросони Бузургу Фарорӯд буд ва дар бузургтарин густараи худ, бар тамоми Афғонистони кунунӣ ва бахшҳои бузурге аз кишварҳои имрӯзии Тоҷикистон, Эрон, Туркманистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Покистон фармон ронд.

Quick Facts Таърихи таъсис, Бунёнгузор ...
Сомониён
Таърихи таъсис 819
Бунёнгузор Сомонхудот
Забони расмӣ форсӣ ва арабӣ
Кишвар
Забони мавриди корбурд забонҳои эронии шарқӣ
Таърихи фурӯпошӣ 999
Thumb
 Парвандаҳо дар Викианбор
Close

Амирони сомонӣ

Дар асари Сайфиддинҳоҷӣ «Осору-л-вузаро» барои амирони Сомонӣ чунин ду байт оварда шудааст:

Нуҳ тан буданд зи оли Сомон мазкур
Гашта ба иморати Хуросон машҳур.
Исмоилу Аҳмаду (саввум) Наср
Ду Нӯҳу ду Абдумалику ду Мансур.

Осору-л-вузаро

Дар ин байтҳо 9 амири Сомонӣ номбар шудаанд. Муаллиф номи Насри II — ро аз «рӯйхат» берун гузоштааст.[5]

Одамушуаро آدم الشعرا Рӯдакӣ нисбати бузургии хонадони Оли Сомон чунин байте навиштааст:

Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,
Варо бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.

Рӯдакӣ

Нигаред низ

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.