Хилофати Аббосиён

From Wikipedia, the free encyclopedia

Хилофати Аббосиён
Remove ads

Хилофати Аббосиён (ар. الدولة العباسية) — дуюмин силсилаи хилофати араб (7491258).

Quick Facts
Remove ads

Таъсиси хилофат

Аз ғалаба бар Марвони II (Уммавиён) на шӯришчиёни Абумуслим, балки Абулаббос истифода бурда, ба тахти Хилофати Бағдод нишаст ва асосгузори сулолаи нави халифаҳои араб шуд. Бо амри Аббос аъзоёни хонадони Уммавиён нест карда шуданд. Аз ин сулолаи Уммавиён танҳо як нафар — Абдураҳмон ҷон ба саломат бурда, ба Испания гурехт ва соли 756 худро амири Андалус эълон кард. Аз куштори Аббос Абумуслим ҳам наҷот ёфта натавонист. Ба ҷои он, ки ба Абумуслим барои шикаст додани Марвони II миннатдорӣ изҳор кунад, халифаи нав ӯро ба зиндон партофта, баъди чанде қатл кард. Халифаҳои сулолаи нав аз амаки Муҳаммад пайғамбар — Аббос оғоз ёфтааст. Яъне, чун авлоди Алӣ ибни Абӯтолиб Абулаббос ба хонадони пайғамбари Аллоҳ мансуб буд.

Аббос аз ғазаби Марвони II тарсида, дар Куфа пинҳон шуд. Баъди дар назди мардуми Куфа савганд ёд кардан Абулаббос ба шаҳри Анбар рафта, қароргоҳи худро ташкил намуд. Ба ин ҷо аз тамоми гӯшаю канори хилофат хешу табори ӯ ҷамъ омада, иброз доштанд, ки омадаанд, то ки ба халифаи нав итоат кунанд. Абулаббос 4 сол ҳукмронӣ карда, соли 754 дар синни 30-солагӣ вафот кард. Ҳангоми беморӣ Абулаббос бародари худ Абӯҷаъфарро вориси тахту тоҷи Аббосиён эълон кард. Баъди ба тахт нишастан халифаи нав номи «Мансур»-ро гирифт, ки маънояш «ғолиб» мебошад.

Remove ads

Шӯриши Муқаннаъ

Шӯриши Муқаннаъ дар Мовароуннаҳр соли 776 оғоз ёфта, то соли 783 давом кардааст. Ин ҳаракати оммавиро «шӯриши сафедҷомагон» номидаанд. Аз арабӣ тарҷумаи «Муқаннаъ» ҳамин маъниро дорад. Муқаннаъ дар аввал ҳам муқобили Абумуслим ва ҳам муқобили Аббос буд. Бо сабаби таблиғоти зидди Аббосиён Муқаннаъро халифа Мансур дар Марв дастгир карда, ба яке аз зиндонҳои Бағдод партофт. Вале ӯ дере нагузашта, аз он ҷо гурехта, ба Марв баргашт. Баъд аз Марв ба Мовароуннаҳр омада, мардумро ба муборизаи зидди арабҳо даъват намуд. Дар ғоибии Муқаннаъ дар Мовароуннаҳр «шӯриши сафедҷомагон» васеъ паҳн шуда, қисми зиёди водиҳои Қашкадарё ва Зарафшонро фаро гирифт. Дере нагузашта шӯриш ба Бухоро ҳам омад. Сабаби дар зери парчами Муқаннаъ муттаҳидшавии мардуми Мовароуннаҳр он буд, ки баъди омадани арабҳо мардуми меҳнаткаш озодии худро аз даст доданд. Арабҳо кишоварзон ва ҳунармандонро бо андозҳои миёншикан қашшоқ карданд. Ғайр аз ин, арабҳо аҳолии Мовароуннаҳрро дар сохтмони иншоотҳои бинокорӣ, кандани ҷӯй, роҳҳо ва корҳои дигари ҷамъиятӣ бепул истифода мебурданд. Муқаннаъ ба Осиёи Марказӣ омада, ба тобеонаш фармуд, ки дар кӯҳи Санам қалъаи мустаҳкам созанд. Ин фармони Муқаннаъ бо тезӣ иҷро карда шуд. Халифа Маҳдӣ, ки дар Нишопур буд, ба муқобили Муқаннаъ артиш сершумору пурзӯри худро сафарбар кард. Халифа ба Нишопур барои он омад, ки дар мубориза бар зидди Муқаннаъ шахсан роҳбарӣ кунад. Маҳдӣ аксарияти фармондеҳони артишро барои беҷуръатию ноуҳдабароӣ аз вазифа сабукдӯш карда, ба ҷои Онҳо дигаронро таъйин намуд. Сарфи назар аз ин дар ибтидо ӯ шӯриши «сафедҷомагон»-ро пахш карда натавонист. Ба Маҳдӣ лозим омад, ки барои ин кор 7 сол сарф кунад. Дар муҳорибаи охирин ҳам шӯришчиён қалъаи худро каҳрамонона муҳофизат мекарданд, гарчанде ки лашкари халифа аз онҳо чандин маротиба зиёд буд. Вақте ки Лашкари халифа қалъаро фатҳ мекунад. Муқаннаъ заҳр хӯрда, мемирад. Шӯриши «сафедҷомагон» шикаст хӯрд. Ҳамин тариқ, дар Мовароуннаҳр умри ҳокимияти Аббосиён боз якчанд дахсолаи дигар дароз шуд.

Remove ads

Идораи Хилофати Аббосиён

Thumb
Хилифат ҳангоми Ҳорунаррашид (786809)

Хилофати Бағдод давлати исломӣ буд. Мувофиқи қонунҳои мазҳаби суннӣ халифаи Аббосиён вазифаи имом ва амир, яъне ҳокимияти динӣ ва дунявии хилофатро дар ихтиёри худ дошт. Халифа ҳамчун сарвари мусулмонон, ворис ва муовини Муҳаммад пайғамбар ва ҳатто намояндаи Аллоҳ дар Замин, аз ин рӯ, соҳиби олии тамоми Замин ва боигариҳои дигари мамлакат ба шумор мерафт. Ҳокимияти халифа номаҳдуд, яъне мутлақ буд. Табақаи болоии ин мутлақиятро аъзоёни сулола ва наздикони дигари халифа ташкил менамуданд. Ноибони халифа дар внлоятхо аз тарафи халифа таъйин карда мешуданд ва танҳо ба ӯ итоат мекарданд. Азхудкунии андозҳо аз тарафи ноибони халифа кирдори ғайриқонуни шуморида шуда, гунаҳкор ба ҷазои сахт гирифтор карда мешуд. Ашрофони араб танҳо хилофатро идора карда наметавонистанд. Нуфузи ашхоси маъруфи эронӣ то андозае баланд буд, ки халифаҳо маҷбур шуданд хилофатро бо ҳамроҳии онҳо идора кунанд. Мансури Аббосӣ номҳои мақомоти ҳокимияти марказӣ ва тарзи идоракунии хилофатро мисли Сосониён ташкил намуд. Доир ба соҳаҳои алоҳида вазоратҳо мавҷуд буданд. Ба вазоратҳо вазирон роҳбарӣ мекарданд. Дар зарфи ним аср ин вазифаҳоро асосан аъзоёни сулолаи Бармакиҳои Эрон иҷро менамуданд. Яке аз вазирон сарвазир шуд. Ӯ ёрдамчии аввали халифа ба ҳисоб мерафт. Сарвазир дар ихтиёри худ дастгоҳи идораи молия, артиш ва муассисаи назорати давлатиро дошт. Сарвазир инчунин муҳри халифаро ихтиёрдори мекард. Ҳамчун сохибн муҳр сарвазир тамоми ҳокимияти олиро ба худ тобеъ карда буд. Ба амру фармонҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари аз ҷониби халифа ба даст расида муҳр мемонд. Барои ба санадҳо пахш кардани муҳр аз халифа иҷозат намепурсид Ашроф ва амалдорони эронӣ ҳамин тариқ, тавассути Бармакиҳо халифаро дар зери назорати худ нигоҳ медоштанд.

Халифа Ҳорунаррашид (786—809) Бармакиҳоро аз ҳокимият маҳрум ва як қисми онҳоро қатл кард. Вале аъзоёни ин сулола боз муддати дуру дароз ба халифаҳои Аббосиён ва давлатҳои Тоҳириён, Саффориён, Ғазнавнён ва Салчуқиён дар вазифаҳои гуногуни баланди давлатӣ хидмат кардаанд.

Remove ads

Барҳамхӯрии Хилофати Аббосиён

Аббосиён ҳудудҳои империяи ташкилкардаи Уммавиёнро ҳанӯз аз аввали ҳукмронии худ дар дасташон нигоҳ дошта натавонистанд. Барҳамхӯрии Хилофати Бағдод аз қисмати ғарбии он оғоз ёфт. Андалусия ба ҳайати Хилофати Бағдод дохил нашуд. Дар ин вилоят Абдурраҳмон, ки аз таъқиби Аббосиён ба ин ҷо фирор карда буд, Хилофати Қурдобаро ташкил намуд. Дар охирҳои асри VIII Мағриб ҳам аз хилофат ҷудо шуд. Онро имоми шиъа Идрис забт карда, ба сулолаи мустақили Идрисҳо асос гузошт. Соли 800 ноиби Мағриб Иброҳим Ибни Ағлаб Африқои Шимолиро ҷудо карда, подшоҳи он шуд. Қисмати боқимондаи Хилофати Араб то муддати муайян дар ҳайати Хилофати Бағдод монд. Аз байн қариб боз 200 сол сипарӣ шуд. Дар тӯли ин давра дар тамоми гӯшаю канорҳои Хилофати Бағдод бар зидди истибдоди Аббосиён ҳаракатҳои халқӣ ба амал омаданд. Ҳаракати хуррамиҳо ва зинҷҳо калонтарини онҳо буда, ҳокимияти Хилофати Аббосиёнро боз ҳам заифтар гардонд. Вилоятҳо ҳам аз тобеияти халифаҳо мебаромаданд. Давлатҳое, ки як вақтҳо аз тарафи Уммавиён забт карда шуда буданд, аз ҳайати Хилофати Бағдод баромада, давлатҳои соҳибистиқлолро ташкил менамуданд.

Дар миёнаҳои асри IX Мисри ҳам истиқлол ба даст овард. Аз Хилофати Бағдод аввал Хуросон ва сипас Эрони Ғарбӣ ҷудо шуд. Дар Мовароуннаҳр ва Хуросон аввал давлатҳои Тоҳириён ва Саффориён ва баъд давлати Сомониён тавлид ёфт. Дар Фурот давлати мустақили Мосул таъсис гардид. Дар нимаи дуюми асри X дар Эрони Шарқӣ ва як қисми Афғонистон давлати туркию эронии Ғазнавиён ташкил ёфт. Дар миёнаҳои ин аср дар ихтиёри халифаҳои Аббосиён Арабистон ва як қисми Байнаннахрайни атрофи шаҳри Бағдод монду халос.

Соли 1055 Бағдодро туркҳои салҷуқӣ ишғол карданд. Намояндаи туркҳо Туғрулбек худро султони ин давлати нав эълон кард. Баъди ин дар дасти халифаҳо танҳо вазифаи роҳбарӣ ба дини ислом монду бас. Халифаҳо пойтахти худро ба Самарра кӯчониданд. Халифаҳои аббоси то соли 1258, яъне то ба ин ҷо омадани истилогарони Муғулсарварии дини исломро ба уҳда доштанд.

Remove ads

Намудҳои заминдорӣ дар хилофат

Тамоми замин ба чор намуд тақсим мешавад.

Намуди якум — заминҳое, ки мусулмонҳо ба кор андохтаанд. Ин Замини ушр (даҳяки ҳосили ин заминҳоро арабҳои мусулмон ба давлат месупориданд) мебошад ва ба он хироҷ (андоз ба замин андохта мешавад. Ин андоз аз онҳое ситонида мешуд, ки ба арабҳо тобеъ шуда бошанд ҳам, дини худро аз даст надодаанд) андохтан манъ аст…

Намуди дуюм — Заминҳое, ки соҳибонашон дини исломро қабул карда, онҳоро бо ҳамин роҳ аз даст надодаанд…

Намуди сеюм — заминҳое, ки аз бединҳо (Кофир) бо зӯри яроқ кашида гирифта шудаанд…

Намуди чорум — заминҳое, ки бединҳо оид ба онҳо қарордод ба имзо расонидаанд, намуди махсуси замин аст, ки ба он хироҷ андохта мешавад…

Хироҷ чӣ дар сурати қабули ислом ва чӣ дар мавриди пайдо намудани пуштибон тағйирнопазир аст. Ин заминҳоро фурӯхтан мумкин нест, чунки мақоми мулкҳои вақфро доранд…

Remove ads

Халифаҳо

Халифҳои Хилофати Аббосӣ аз табори Аббосиён.

More information №, Ном ...
Remove ads

Пайвандҳо

Loading content...
Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads