Устон
From Wikipedia, the free encyclopedia
Устон — воҳиди маъмурию ҳудудии сатҳи боло дар Эрон аст. Устонҳо, дар навбати худ, ба 324 шаҳристон ( форсӣ: شهرستان), зинаи навбатии тақсимоти ҳудудӣ - бахш ( форсӣ: بخش ), ки беш аз 740 адад аст, тақсим шудаанд. Бахшҳо ба деҳистонҳо - ҷамоати деҳот тақсим карда шудаанд, ки якчанд деҳаро муттаҳид мекунанд. Сарварони шаҳристонҳо ҳокимон мебошанд, онҳо, ва инчунин роҳбарони бахшҳоро, бахшдоронро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон таъйин мекунад. Деҳистонҳо аз ҷониби шӯрои деҳаҳо, деҳдорӣ идора карда мешаванд ва ба онҳо деҳдорҳо роҳбарӣ мекунанд [1].
More information Воҳиди тақсимоти кишварии Эрон, Масъул ...
Воҳиди тақсимоти кишварии Эрон | Масъул | Ниҳоди муртабит | Марказ |
---|---|---|---|
Кишвар | Вазири кишвар | Вазорати кишвар | Пойтахт |
Устон | Устондор | Устондорӣ | Маркази устон |
Шаҳристон | Фармондор (вижа) | Фармондорӣ (вижа) | Маркази шаҳристон |
Бахш | Бахшдор | Бахшдорӣ | Маркази бахш |
Деҳистон | Деҳдор | Деҳдорӣ | Маркази деҳистон |
Шаҳр | Шаҳрдор | Шаҳрдорӣ | надорад |
Русто | Деҳёр | Деҳёрӣ | надорад |
Close