Размозмо
From Wikipedia, the free encyclopedia
Размозмо (форсӣ: رزمآزما) — дараҷае размоварӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз разморо ва пойинтар аз размпардоз дорад ва баробар бо меҳновёр дар нерӯи дарёӣ аст; старшина[1].
Дараҷаи поинтар: Разморо |
![]() Размозмо |
Дараҷаи болотар: Размпардоз |
| |||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: رزمآزما | ||||
Кишвар |
![]() |
||||
Бунёдшуда | 1935 | ||||
Дараҷаи болотар | Размпардоз | ||||
Дараҷаи поинтар | Разморо | ||||
Ҳамто |
Размозмо дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми меҳтарии ваштро дорад, ки ягоне размиест, ки аз ду ё бештар таҳм ташкил шуда ва бахше аз гурдон ё ягоне мустақил аст; гурӯҳон[2], рота[3].
Меҳтар мақомест расмӣ дар ҳар вашт (оташбор) аз нерӯҳои мусаллаҳ, ки масъули омодасозии сарбозону размафзору ҷангафзорҳор ва созмондиҳандаи мустақими назму тартибот дар маҳалли истиқрори вашт ва сардори мустақими размоварону сарбозони ягони худ аст. Ҳамчунин размозмоён кормандони «омодгоҳ» ҳастанд, ки он созмоне дар артиш аст, ки масъули фароҳамсозӣ, нигаҳдорӣ ва таҳвили хӯроку пӯшоку ҷангафзорҳои мавриди ниёзи ягонҳо ва маҳалли анҷоми хадамоти пуштибони фаннии нерӯҳо аст[4].