Меҳновёр
From Wikipedia, the free encyclopedia
From Wikipedia, the free encyclopedia
Меҳновёр (форсӣ: مهناویار) — дараҷае размоварӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз сарновёр ва пойинтар аз новдор дувум дораду баробар бо размозмо дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст[1].
Дараҷаи пойинтар: Сарновёр |
Меҳновёр |
Дараҷаи болотар: Новдор дувум |
| ||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: مهناویار | |||
Кишвар | Русия | |||
Дараҷаи болотар | Новдор дувум | |||
Дараҷаи пойинтар | Сарновёр | |||
Ҳамто |
«Меҳновёр» (форсӣ: مهناویار) аз ду вожа сохта шудаву мақулаи дастурии он исм ва сохтвожааш ба сурати [сифат (меҳ) + исм (новёр)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.
меҳ + новёр (аз форсӣ: ناو < порсии миёна: nāv- < порсии бостон: nāvam- ‘киштӣ’)
Дар забони форсии имрӯз таквожи «ёр», сарфи назар аз ин ки пасванд шумурда шавад ё вожае мустақил, ба исми ҳирфа ё исми масдар мепайвандад ва исми ҳирфае месозад, ки дар як сохтори силсиламаротибӣ зери дасти як мақоми болотар анҷоми вазифа мекунад[2]. Пасванди «-ёр» дар вожаҳое чун «сарҳангёр», «додёр» (муовини додситон; додситонёр), «донишёр», «устодёр» ҳамин маъноро мерасонад[3].
Новёр ҳамчун дараҷаи размоварӣ соли 1991 дар нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон ҷорӣ шуда ва се рутба дорад[4]:
Ҳамтои дараҷаи «меҳновёр» дар Нерӯи дарёии Иттиҳоди Шуравӣ «старшинаи калони киштӣ» (русӣ: главный корабельный старшина) буд, ки соли 1971 ҷорӣ шуда буд[5]. Ҳамтои ин дараҷа дар Нерӯи дарёии Артиши Эрон «новустувор» аст, ки соли 1935 ҷорӣ шуда буд[6].
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.