Мураккабгулҳо (лот. Compósitae) ё Косниҳо (лот. Asteráceae) — оилаи рустаниҳои дупалларо гӯянд. Дар тамоми кураи Замин қариб 25 ҳазор намудашон мавҷуд аст. Аксарияти мураккабгулҳо рустаниҳои алафианд. Дар арзҳои мӯътадил мураккабгулҳои нимбуттаю бутта ва дар тропикӣ буттаю дарахт бештар мерӯянд. Мураккабгулҳои обӣ, ботлоқӣ ва лиана каманд.
Мураккабгулҳо | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Asteraceae Bercht. & J.Presl (1820), nom. cons. | ||||||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||||||
и мн. др.[2]
|
||||||||||||||||
Номенклатурный тип | ||||||||||||||||
Таксонҳои хоҳар | ||||||||||||||||
Ҳамчунин ниг. Ҷинсҳои оилаи Мураккабгулҳо |
||||||||||||||||
|
Мураккабгулҳо баргҳои паи ҳам, баъзан рӯ ба рӯ ҷойгиршуда, хӯшагули сабатак доранд. Гули мураккабгулҳо бекосабарг, гардбаргаш 5-то, ғӯракаш поёнии якхонагӣ буда, гинесеяш аз 2 мевабарг иборат аст.
Дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ қариб 225 ҷинс ва зиёда аз 3,5 ҳазор намуди мураккабгулҳо маълуманд. Дар Тоҷикистон қариб 105 ҷинс ва 600 намуди мураккабгулҳо аз кӯҳҳои паст то ноҳияҳои абадӣ бо барф пӯшидашуда месабзанд. Дар байни онҳо намудҳои ҷинси хоралаф (зиёда аз 115 намуд), шибоғ (қариб 60 намуд), юринея (зиёда аз 30 намуд) бештар паҳн шудаанд. Намудҳои ҷинси Gerbera, Acroptilon, Echinopa, Polytaxis ва ғайра (дар кадоме 1 намуд дорад) кам мерӯянд. Як қатор мураккабгулҳо решаи ғафси лӯндамонанд доранд. Ба онҳо намудҳои ҷинси Scorzonera, Helianthus ва ғайра мансубанд.
Дар байни мураккабгулҳо рустаниҳои доруӣ хеле бисёранд. Macалан, бобуна, дарманаи румӣ, коснӣ, тархун ва ғайра.
Бисёр намудҳои мураккабгулҳо рустаниҳои асаловар ва хӯроки чорво мебошанд. Намудҳои ҷинси шибоғ дар чарогоҳҳои тирамоҳию зимистона хӯроки асосии бузу гӯсфанд ба шумор мераванд.
Дар байни мураккабгулҳо рустаниҳои ороишӣ низ хеле бисёранд. Macалан, аббосӣ, бахмалгул, довудӣ, картошкагул, киквош, мино ва ғайра.
Як қатор рустаниҳои муҳими хоҷагии қишоқ, ба монанди офтобпараст, маъсар, қоқу, коснӣ, анганор, гвайюла ва ғайра низ ба мураккабгулҳо мансубанд. Баъзе мураккабгулҳо (талха, хори морак, шири харак) алафҳои бегонаи зироатанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.