From Wikipedia, the free encyclopedia
Муҳаммад ибни Ховандшоҳ ибни Маҳмуд (форсӣ: محمد بن خاوندشاه بن محمود, маъруф ба Мирхонд, форсӣ: میرخواند; 1433[1][2][3][…], Балх, Имперотурии Темурӣ[d][1] — 1498[4][3][5][…], Ҳирот, Имперотурии Темурӣ[d][1]) — таърихнигор, нависанда ва донишманди форс-тоҷик.
Падараш Бурҳонуддини Ховандшоҳ аз сайидони Бухоро буда, баъдтар ба Балх мекӯчад. Зиндагии Мирхонд дар Ҳирот, ки он вақт яке аз марказҳои бузургтарини илмию маданӣ буд, ҷараён ёфтааст. Ӯ дар доираи адабӣ, ки ба он Алишери Навоӣ сарварӣ мекард, иштирок дошта, намояндаи мактаби илмии таърихшиносии форс-тоҷик дар дарбори Темуриёни Ҳирот буд. Ӯ бо супориш ва таклифи Навоӣ асари худ «Равзату-с-сафо фӣ сирати-л- анбиё ва-л-мулук ва-л-хулафо»-ро навиштааст, ки ба таърихи пайғамбарон, сулолаҳо, подшоҳон ва халифагон бахшида шудааст. Асар аз 419 ҷилд иборат буда, 6 ҷилдаш ба қалами Мирхонд тааллуқ дорад. Ҷилди 7 ва хотимаи асарро, ки чилди 8-ум низ меноманд, набераи ӯ Хондамир ба итмом расондааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.