From Wikipedia, the free encyclopedia
Иззатулло Ҳаёевич Ҳаёев (22 июни 1936, Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС — 25 апрели 2015, Кӯлоб,Тоҷикистон) — ходими давлатии шӯравӣ ва тоҷик, раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (аз 4 январи 1986 то 30 ноябри 1990), сарвазири Тоҷикистон. (1991—1992)[1].
Иззатулло Ҳаёевич Ҳаёев | |
1-ум Сарвазири Тоҷикистон
|
|
декабри соли 1991 — 9 январи соли 1992 | |
Пешгузашта | Вазифа таъсис ёфт; Қаҳҳор Маҳкамов ҳамчун раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон |
Ҷонишин | Акбар Мирзоев |
30 ноябри соли 1990 — 31 августи соли 1991 | |
Президент | Қаҳҳор Маҳкамов |
Пешгузашта | вазифа таъсис ёфт |
Ҷонишин | вазифа барҳам хӯрд |
4 январи соли 1986 — 30 ноябри соли 1990 | |
Пешгузашта | Қаҳҳор Маҳкамов |
Ҷонишин | Қаҳҳор Маҳкамов |
17 январи соли 1983 — январи соли 1986 | |
Пешгузашта | Ахмеджан Хисамутдинов |
Ҷонишин | Салоҳиддин Ҳасанов |
соли 1973 — 28 марти соли 1978 | |
Пешгузашта | Лакай Кармышев |
Ҷонишин | Муминшо Абдулвосиев |
Таваллуд |
22 июн 1936 |
Даргузашт |
25 апрел 2015 (78 сол) Кӯлоб, вилояти Хатлон, Тоҷикистон |
Мадфан | Лучоб |
Фарзандон | Исматулло, Нусратулло, Ҳикматулло, Ҳасан, Ҳусейн |
Ҳизб | ҲКИШ (то соли 1991) |
Таҳсилот | |
Касб | Иқтисоддон |
Эътиқод | Ислом |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Иззатулло Ҳаёев 22 июни соли 1936 дар рустои Хоҷаисҳоқи Кӯлоб ба дунё омада, аз соли 1986 то соли 1990 раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон сарвазири Хукумати Тоҷикистон дар давраи 25 январи 1991 — 9 январи 1992 буд.[2]
Иззатулло Ҳаёев корро аз вазифаи корманди Кумитаи иҷроияи вилояти Ғарм ва нозири Вазорати молия (1956—1961) шурӯъ карда, баъдан Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд. Вай ба ҳайси муовини сардори шуъбаи Кумитаи назорати халқии ҶШС Тоҷикистон, вазири саноат ва гӯшти Тоҷикистон (1978—1983), котиби аввали Кумитаи ҳизби минтақавии Кӯлоб (1983—1986), раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон (1986—1990), ноиби раисҷумҳури Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1990—1991) ва нахуствазири Тоҷикистон (1991—1992) кор кардааст. Ӯ дар пайи кушта шудани 25 нафар дар 12 феврали соли 1990, ки дар таърихи навини Тоҷикистон бо номи «баҳманмоҳи хунин» ёд мешавад, ҳамроҳ бо котиби аввали Кумитаи марказӣ — Қаҳҳор Маҳкамов ва раиси раёсати Шӯрои олӣ, парлумони вақти Тоҷикистон — Ғоибназар Паллаев ба истеъфо рафтанд. Хабари истеъфои онҳо дар матбуоти расмӣ нашр шуд ва аз телевизиони давлатӣ ҳам садо дод.[3] Вале Пленуми КМ Хизби коммунистии Тоҷикистон ин амалро бекор кард ва роҳбарони номбурдаро дар мансабашон барқарор кард. Баъд аз истиқлоли Тоҷикистон ӯ чанд муддат — аз соли 1994 то 4 феврали соли 1996 — раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва ҳамзамон муовини нахуствазири Тоҷикистон буд.[4] Иззатулло Ҳаёев, ки дар 79-солагӣ аз олам даргузашт, 26 апрели соли 2015 дар қабристони Лучоб ба хок супурда шуд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.