From Wikipedia, the free encyclopedia
Акбар Мирзоев (тав. 1939) — ходими давлатии шӯравӣ ва тоҷик, сарвазири Тоҷикистон (1992).
2-умин Сарвазири Тоҷикистон
|
|
---|---|
9 январи 1992 — 30 августи 1992 | |
Пешгузашта | Иззатулло Ҳаёев |
Ҷонишин |
Ҷамшед Каримов (и.в) Абдумалик Абдуллоҷонов |
1987 — 1988 1990 — 1992 |
|
Ҷонишин | Қурбон Мирзоалиев |
Таваллуд |
1949 |
Таҳсилот | |
Касб | Муҳандис-гидротехник |
Эътиқод | Ислом |
Акбар Мирзоев соли 1939 дар шаҳри Норак таваллуд шудааст.
Соли 1960 Техникуми политехникии Душанбро хатм карда, соли 1983 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси «муҳандис-гидротехник» ғоибона хатм намудааст[1]. Дар давраи аз соли 1960 то соли 1963 дар Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Аз соли 1963 сар карда кор усто, сармуҳандиси СМУ, сардори КМС-и Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Тоҷикистон, дар соли 1974 бошад, сардори идоракунии истеҳсолоти системаҳои обёрии вилояти Кӯлоб гардид.
Аз соли 1987 — раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоби ҶШС Тоҷикистон. Дар соли 1991 блоки сиесии раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ Раҳмон Набиевро дастгирӣ намуд, ки пас аз пирӯзии ӯ дар интихоботи президентӣ аз 9 январи соли 1992 мансаби сарвазири навташкилнамудаи ҳукумати Тоҷикистонро ишғол кард. Салоҳияти худро 21 сентябри соли 1992, пас аз истеъфои иҷбории президент Набиев боздод.
Аз моҳи сентябри соли 1992 — ваколатдори муваққатии корҳои Тоҷикистон дар ҶФО.
Аз соли 1994 то моҳи октябри соли 2001 — сафири Тоҷикистон дар Олмон.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.