Дирафш
From Wikipedia, the free encyclopedia
Дирафш дар порсии миёна «drafš» гуфта мешуд ва бозмонда аз эронии бостони «*drafša-» аст ва баробари он дар ҳиндии бостон вожаи «drapsá-»[1] буд. Аз ин вожаи эронии бостони «*drafša-» дар забонҳои авестоӣ «drafšā-», суғдӣ «’rδ’šp» [arδašf / ərδəšf][2] ва бохтарии «λraφo»[3] падид омадаанд.
Куҳантарин Дирафши кишвардории тоҷикон парчаме бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» будааст, ки онро «Ахтари Ковиёнӣ» низ хондаанд.