Борбад
мусиқидони эронӣ / From Wikipedia, the free encyclopedia
Борбад (форсӣ: باربد), Борбади Марвазӣ[2] (форсӣ: باربد مروزی; асри VI, Ҷаҳрум, устони Форс ё Марв — 628[1], Тайсафун) — таронасаро, навозанда, мусиқидони эронӣ, асосгузори маҷмӯъи силсилавии мусиқии устодонаи эронӣ ва Шарқ. Бо номҳои Борбади Марвазӣ, Борбади Ромишгар, Паҳлапат, Фаҳлбад, Фаҳлбаз (Pahlapat, Fahlbad, Fahlbaz) ҳам ёд мешавад. Маънои калимаи «Борбад» дар забони паҳлавӣ (форсии миёна) «ба мартабаи бузург ё ба бори бузург расидан» аст. Сарвари ромишгарони дарбори шоҳаншоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз (ҳукмронӣ 592—628).