From Wikipedia, the free encyclopedia
Аккра (англисӣ: Accra) — яке аз шаҳрҳои Африқо аст. Пойтахти Гана аст.
Маҳалли аҳолинишин | |||
Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-ak" does not exist. | |||
|
|||
Кишвар | [[|]] | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Аввалин номбарӣ | асри XV | ||
Масоҳат |
|
||
Баландии марказ | 61 ± 1 м | ||
Минтақаи замонӣ | UTC±00:00[d] ва ECG[d] | ||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ |
|
||
Забони расмӣ | инглисӣ[1] | ||
Шиносаҳои ададӣ | |||
Пешшумораи телефон | 0302, 0302 | ||
ama.gov.gh | |||
|
|||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Дар ҷануби мамлакат, дар соҳили халиҷи Гвинея ҷойгир аст.
Аҳолиаш 2 291 352 ҳазор нафар (2012).
Маркази саноатӣ, нақлиётӣ ва фарҳангӣ. Бандари баҳрӣ, роҳи оҳан, аэропорти байналхалқӣ дорад. Ба Аккра аввалин шуда садаи XV португалиҳо омаданд. Ин ҳудудро Дания, Нидерландия ва Британия соҳиб шудан мехостанд ва ҳар яке дар соҳил қалъаҳои мудофиавии худро месохт.
Аккра дар атрофи ду қалъаи дар садаи XVI аз ҷониби европоиён биноёфтаи Ашер-Форт (Британия) ва Кристианборг (Дания) бунёд шудааст. Солҳои 1876 – 1957 Аккра маркази маъмурии мулки мустамликавии Британия бо номи Соҳили Тилоӣ буд. Аз соли 1957 – пойтахти давлати мустақили Гана.
Аккра дорои корхонаҳои саноатии (70%-и иқтидори истеҳсолӣ ин ҷо ҷойгиранд) коркарди металл, хӯрокворӣ, бофандагӣ, коркарди чӯб, масолеҳи бинокорӣ, маҳсулоти нефту газ ва истеҳсоли доруворӣ мебошад. Аккра дар қитъа бозори машҳури фурӯши алмос ва какао ҳисоб мешавад. Дар маркази Аккра биноҳои замонавии бисёртабақа (бонкҳо, фурӯшгоҳҳои универсалӣ, маркази Стейт-ҳаус барои баргузории конференсияҳои байналхалқӣ ва ғайра) ҷой гирифта, атрофаш аз биноҳои кӯҳнасохти камтабақа иборат аст. Аккра дорои музейи миллӣ, театри драмавӣ, боғи ботаникӣ мебошад. Донишгоҳи давлатӣ дар мавзеи наздишаҳрии Легон воқеъ гаштааст. Аз ёдгориҳои меъморӣ қалъаҳои қадимии Ушер (1605, голландӣ), Ҷеймс (1673, англисӣ) ва ғайра боқӣ мондаанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.