From Wikipedia, the free encyclopedia
Абдурраҳмони Сӯфӣ (форсӣ: عبدالرحمن صوفی, Абулҳусайн Абдурраҳмон ибни Умар ибни Муҳаммад ибни Саҳли Сӯфии Розӣ; 8 декабри 903, Рай, Эрон — 25 майи 986, Исфаҳон) — мунаҷҷим ва ҷуғрофидони арабизабони форсу тоҷик.
форсӣ: عبدالرحمن صوفی | |
Таърихи таваллуд | 7 декабр 903 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 25 май 986 (82 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | ахтаршиносӣ, риёзиёт, новбарӣ ва нақшабардорӣ[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Солҳои 946—947 дар шаҳри Диновар (наздикии Кирмоншоҳ), солҳои 948—949 дар Исфаҳон зиндагӣ ва фаъолият кардааст. Абдурраҳмони Сӯфӣ тарғибкунандаи равияи риёзӣ дар нуҷум ва ҷуғрофияи асрҳои миёна мебошад.
Рисолаҳои риёзиву ҳайатшиносии зерин ба қалами Абдурраҳмони Сӯфӣ мутаалиқанд: «Рисола дар амали ашколи мутасовиййа ул-азлаъ», «Китобу-с-сувар-ул-кавокиб ас-собита» («Китоби тасвири ситораҳои собита»), «Китобу-л-амал би-л-устурлоб» («Китоби амал бо устурлоб»), «Китобу-л-амал би-л-кура ул-фалакийя» («Китоби амал бо кураи фалакӣ (глобус)»), «Китобу-л-мадхал-ил- илм ан-нуҷум ва аҳкомиҳи» («Китоби муқаддима дар илми нуҷум ва аҳкоми он»). Асари маъруфи ӯ «Китоб сувару-л-кавокиб ас-собита» (965) ба шарҳи бурҷҳои дувоздаҳгона, тавсиф ва вазъи онҳо дар гунбази фалак бахшида шудааст. Рисолаи «Китоби тасвири ситораҳои собита» аз тарафи муаррихони илм «Шоҳасари ҳайатшиносии мушоҳидавии асрҳои миёна» номида шудааст. Дар он тавсири 48 бурҷ ва ҷадвали 1017 ситораи собита дода шудааст. Аз феҳристи бурҷҳое, ки дар ин асар оварда шудааст, олимони давраҳои минбаъда (масалан, Берунӣ дар «Осору-л-боқия») истифода бурдаанд. Абдурраҳмони Сӯфӣ дар дарбори амир Изудуддавла (949—983) чун мунаҷҷим эҳтиром ва эътироф дошт ва кураи арзи (глобус) нуқрагин сохт, ки дертар он дар китобхонаи қасри Фотимиёни Қоҳира гузошта шуд. Абдурраҳмони Сӯфӣ матолиби нуҷумиро ба назми арабӣ кашидааст, ки он бо номи «Урҷузат Абдурраҳмон» ё «Урҷуза фи-л-фалак» маъруф аст. Тадқиқоти Абдурраҳмони Сӯфӣ ба эҷодиёти мактаби мунаҷҷимию ҷуғрофии Берунӣ, Закариёи Қазвинӣ, Насируддини Тӯсӣ ва дигарон таъсири бузург расондааст.
Ӯ бори аввал Галактикаи Андромедаро дар соли 964 мушоҳида карда, дар асари «Китоб сувару-л-кавокиб ас-собита» (дар боби “Кавокиби Миръоти Мусалсала” ӯро “ал-Миръоту-л-латӣ лам тарабаълан”, яъне “зани шӯйнодида” (ба юнонӣ “Ондромеда” хонанд) шарҳ дода, “латхаи саҳобӣ” номида буд[1].
Тарокуми ситоравии Collinder 399 ё тарокуми Брокчиро дар бурҷи Рӯбоҳак бори аввал маҳз Сӯфӣ кашф кардааст, ки “тарокуми Сӯфӣ” низ номида мешавад[1].
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.