Шероз (порсӣ: شیراز ) — шаҳр дар ҷануби Эрон ҷой гирифта, маркази маъмурии Устони Форс мебошад. Аз ҷиҳати аҳолӣ, дар ҷойи 6-ум дар байни шаҳрҳои Эрон қарор дорад, ва аҳолиаш ба ҳисоби соли 2011 1 460 665 нафар расидааст. Шероз дар водии дарёи Хушк дар кӯҳсори Загрос дар баландии зиёда аз 1500 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дар қисми ғарбии шаҳр кӯҳи Дерак, дар қисми шимолиаш бошад кӯҳҳои Баму, Сабзпушон, Чехел Магам ва Бобокӯҳӣ қарор гирифтаанд. Шаҳр ва гирду атрофи он, аз рӯи тақсимоти маъмурӣ ба 9 ноҳия тақсим мешавад. Масоҳати умумиашон 1286 км²-ро ташкил медиҳад.
Шаҳр | |
форсӣ: شیراز | |
29°36′00″ с. ш. 52°31′00″ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Эрон |
[[устон]] | [[устони Форс]] |
[[шаҳристон]] | [[шаҳристони Шероз]] |
Роҳбар | Haidar Eskandarpour[d] |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таъсис | 2000 сол пеш аз милод |
Аввалин номбарӣ | ҳазорсолаи 2 то м. |
Номҳои пешина | Тиразис |
Масоҳат | 340 км² |
Баландии марказ | 1 500 м |
Минтақаи замонӣ | UTC+3:30 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1 460 665 тан (2011) |
Зичӣ | 4296 тан/км² |
Агломератсия | 1 700 687 |
Миллият | форсҳо, озарбойҷонҳо ва диг. |
Эътиқодот | мусалмонон |
Номи қавмӣ | шерозиҳо |
Забони расмӣ | порсӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +98 711 |
eshiraz.ir (форсӣ)(англ.) |
|
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Бори нахуст, дар дастхатҳои хаттии таърихӣ, шаҳри Шероз ҳамчун (Тиразис) ёдовард шудааст, ки ин ба аввали ҳазораи дувуми пеш аз милод рост меояд. 60 км дуртар аз Шероз, харобаҳои пойтахти бостонии давлати Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён — Пересепол. Шероз дар солҳои 1750—1794 пойтахти Эрон дар вақти ҳукмронии Саффориён Буиҳо ва Зандҳо ба шумор мерафт.
Шероз ҳамчун шаҳри шоирон, гул ва май машҳӯр аст. Чунин шоирони барҷаста: Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон дар ҳамин шаҳр ба дунё омадаанд. То инқилоби соли 1979 — маркази бузурги истеҳсоли май буд. Айни замон — маркази коркарди нафт ва маҳсулоти электронӣ мебошад, ин чунин, сайёҳӣ (туризмъ. Шероз бо иқлими фурӯтанӣ ва бо фаровонии кӯчаҳои кабудизор карда машҳӯр аст.
Мақбараи Саъдии Шерзӣ машҳур ба سعدیه (Sadia) [1] — ёдгории меъмори болои турбати Саъди Шерозӣ. Оромгоҳ дар шимолу шарқи шаҳри Шероз, ки замини хонаи шоир буд, аз қадим боғе ва чашмае дорад. Он бидуни санги турбат бо мурури замон хароб гардида, танҳо дар аҳди Каримхони Занд (1707/5 — 1779) — пешвои сулолаи зандиёни Эрон таҷдид шуд. Вале он низ пас аз чанде рӯ ба харобй овард ва солҳои охир Анҷумани осори миллӣ оромгоҳи зебое бино кард. Оромгоҳ болои асоси зинагии на он қадар баланде аз мармар ҷой гиифтааст, ки гунбазӣ буда, ба пешайвони баланде шабоҳат дорад. Дар тарафи рости мақбара даҳлези токдори сояафкан ва истироҳатӣ бино кардаанд, ки ниҳоят муҷаллалу хушҳавост. Намои кошикории оромгоҳ бо намоишҳои гул, бутта ва акси паррандаҳои зебои сабки зандия музайян аст. Ба дари даромадгоҳи оромгоҳ байти зер ба хати зебои настаълиқ сабт шудааст:
Ба шаҳри Шероз, тобистони бениҳоят гарм ва зимистони хунуки боэътидол хос аст.
Иқлими Шероз | |||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Нишондод | Янв. | Фев. | Март | Апр. | Май | Июн | Июл | Авг. | Сен. | Окт. | Нояб. | Дек. | Сол |
Максимуми миёна, °C | 11 | 13 | 17 | 24 | 30 | 35 | 37 | 36 | 32 | 27 | 18 | 13 | 24 |
Ҳарорати миёна, °C | 6 | 8 | 11 | 18 | 23 | 28 | 30 | 30 | 25 | 20 | 12 | 8 | 18 |
Минимуми миёна, °C | 1 | 3 | 6 | 11 | 16 | 20 | 23 | 22 | 17 | 12 | 6 | 3 | 12 |
Сарчашма: Боду ҳаво ва иқлим |
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.