илм дар бораи фалак From Wikipedia, the free encyclopedia
Ахтаршиносӣ (форсӣ: اَختَرشناسی), ситорашиносӣ (форсӣ: سِتارِهشناسیی), нуҷум (ар. نُجوم), ё астроно́мия (аз юн. ἀστρο «ситора» ва νόμος «қонун») — илми пажӯҳандаи сохт ва инкишофи ҷирмҳои кайҳонӣ, манзумаҳои онҳо ва Коиноти том. Асоситарин қисмҳои астрономия инҳоянд: астрометрия (ба астрометрия инчунин астрономияи куравӣ (ки усулҳои риёзии муайян кардани мавқеи ҷирмҳои кайҳонӣ ва ҳаракати онҳоро дар бар мегирад) ва астрономияи амалӣ (ки назарияи асбобҳои зовиясанҷӣ ва истифодаи онҳоро барои муайян кардани вақт, арзу тӯли ҷуғрофӣ ва азимутҳо меомӯзад ва вазифааш аз системаҳои координатҳои шастӣ (инерсиалӣ) барои санҷишҳои ахтаршиносӣ муайян кардани мавқеъ ва ҳаракати ҷисмҳои осмонӣ, омӯзиши қонунҳои гардиши Замин ва ҳисоби вақт, муайян кардани қимати собитҳои нуҷумӣ иборат аст), механикаи осмон ё худ астрономияи назарӣ (ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ, аз ҷумла ҳаракати ҷисмҳои кайҳонии маснӯъро (астродинамика) таҳқиқ мекунад; астрофизика (сохти дохилӣ, таркиби кимиёӣ ва хосиятҳои физикии ҷисмҳои осмонӣ, атмосфераи Офтоб, ситораҳову сайёраҳо, манбаъҳои энергияи шуоъ, материяи диффузӣ ва ғайраро меомӯзад), радиоастрономия ба омӯзиши радиотобишҳои ҷисмҳои осмонӣ ва моддаи байниситоравӣ, усулҳои радиопармосишии пажӯҳиши зузанабҳо ва сайёраҳо машғул аст), астрономияи ситораҳо (Манзумаи ситораҳои Галактикаи моро таҳқиқ мекунад), космогония пайдоишу инкишофи ҷисмҳои алоҳидаи осмонӣ ва манзумаҳои онҳо, аз ҷумла Манзумаи Офтобро муоина мекунад) ва космология (қонуният ва сохти Коиноти томро меомӯзад).
Астрономия илми қадимӣ буда, дар заминаи ҳаёти моддии одамон ба вуҷуд омадааст. Бодиянишинони қадим ба вазъи ситораҳо нигоҳ карда, чорворо ба чарогоҳҳои нав меронданд. Корҳои деҳқонӣ низ пешакӣ донистани вазъ ва имтидоди фаслҳои солро талаб мекард. Дар Миср пеш аз оғози киштукор дарёи Нил туғён мекард. Коҳинон пай мебурданд, ки дарёи Нил маъмулан баъди 2–3 рӯзи тулӯи ситораи Шабоҳанг (Корвонкуш, Сириус) ба туғён меояд. Зуҳури ситораи Шабоҳанг мисриёнро аз оғози кишту кор хабар медод. Эҳтиёҷи ҳисоби мавсими туғёни дарёи Нил астрономияи Мисрро ба вуҷуд овард. Пайдоиши тақвим яке аз муваффақиятҳои барҷастаи астрономия аст. Дарёнавардон ба донистани самтҳои олам ва вақти дақиқ эҳтиёҷ пайдо карданд. Ба ҳамин тариқ астрономия дар гузаштаи хеле дур, дар оғози тамаддуни башарӣ ба туфайли талаботи амалӣ (пешгӯии падидаҳои табиӣ дар фаслҳои гуногуни сол, баҳрнавардӣ, солшуморӣ, тартиб додани тақвим ва ғайра) ба вуҷуд омад. Дар ин хусус бозёфтҳои таърихӣ (дар Байнаннаҳрайн, Миср, Ҳиндустон, Чин, Амрикои Ҷанубӣ, Мексика, Аврупо) шаҳодат медиҳанд. Бо мурури замон аҳаммияти амалии астрономия боз ҳам афзуд ва ба тараққиёти илмҳои табиатшиносӣ беасар намонд.
Астрономияи қадимро асосан мушоҳидаҳои осмони ситоразор ташкил медоданд. Мисриён ва бобилиён дар садаи VI то милод ҳам гирифти (хусуфу кусуфи) Офтобу Моҳ ва давра ба давра такрор ёфтани онро пешакӣ муайян мекарданд. Гирифтеро, ки тақрибан дар 18 солу 10 шабонарӯз такрор мешавад, «сарос» номида буданд. Дар Юнони Қадим астрономия комёбии зиёд ба даст овард. Фисоғурис (Пифагор садаи VI то милод) шакли кура доштани Заминро тарғиб мекард, ки ин ақидаро зери таъсири таълимоти Авесто ва ахтаршиносони бобилӣ бардошта буд. Дар Авесто осмон ба 5 ноҳия ҷудо карда шудааст: шимолӣ, ҷанубӣ, шарқӣ, ғарбӣ ва марказӣ. Дар «Бундаҳишн» 486000 ситораи собит сабт шудааст, ки дар ҳар манзили Моҳ 17 357 ситора ҷойгир буд. Ҳипархус (Гиппарх, садаи II то милод) зиҷе тартиб дод, ки вазъи 1025 ситораи осмонро муайян мекард. Вай масофаи байни Замину Моҳро муайян намуд ва мафҳуми арзу тӯли ҷуғрофиёиро ба илм дохил кард. Батлимус (Птолемей, асри 2) дастовардҳои он замонро дар «Алмаҷастӣ» ҷамъбаст кард ва назарияи Манзумаи заминмарказии оламро ба миён овард. Аз рӯи таълимоти Батлимус Замин маркази олам дониста мешуд. Батлимус барои баёни ҳаракати ҳалқамасири сайёраҳо даврҳои иловагӣ (эписиклҳо)-ро ба кор бурд, ки марказҳои онҳо аз рӯи даврҳои асосӣ (деферент) муназзамона ҳаракат мекарданд. Агарчи Манзумаи заминмарказии Батлимус дуруст набуд, бо вуҷуди ин имкон дод, ки мавқеи сайёраҳо муайян карда шавад. Астрономия дар давоми якуним ҳазор сол ба таълимоти Батлимус такя кард ва бо бунёд шудани Манзумаи офтобмарказии олам ба давраи нави пешрафт расид. Дар замони Сосониён, дар дарбори Хусрави Парвиз 360 мунаҷҷими варзида фаъолияти нуҷумӣ анҷом медоданд.
Вақте ки дар Аврупои асримиёнагӣ илмҳои табиатшиносӣ рӯ ба таназзул оварданд, астрономия дар мамлакатҳои Шарқ ривоҷ ёфт. Соли 827 бо амри халифаи аббосӣ Маъмун (786–833) «Алмаҷастӣ» аз юнонӣ ба арабӣ тарҷума карда шуд. Дар Бағдоду Раққа расадхонаҳо сохта шуданд. Нахустин зиҷро дар Шарқ Муҳаммади Хоразмӣ тартиб дод. Охирҳои садаи IX ва аввали садаи X (тақрибан 850–929) ӯ ҷадвали саҳеҳтари ҳаракати Офтоб ва Моҳро тартиб дод, қимати тамоюли доиратулбуруҷ (эклиптика) ва ҳаракати тақдимӣ (претсессия)-и солонаро саҳеҳтар муайян кард. Абулвафои Бузҷонӣ (940–98) дар расадхонаи Бағдод яке аз номуназзамиҳои ҳаракати Моҳро ошкор сохт. Ӯ низ бузургии тамоюли доиратулбуруҷро ҳисоб кард (23035″), ки аз натиҷаҳои имрӯза ҳамагӣ 35″ фарқ дорад. Ахтаршиноси машҳури тоҷик Абумаҳмуди Хуҷандӣ (ваф. тақрибан 1000) дар расадхонаи шаҳри Рай нахустин бор тағйирёбанда будани қиматҳои тӯли авҷ (апогей)-и Офтоб ва тамоюли доиратулбуруҷро муайян кард, ҳалли ҷолиби қазияи синусҳоро барои секунҷаҳои куравӣ муайян намуд. Секстанти ӯ, ки дар таърих бо номи «Судси Фахрӣ» машҳур аст, дар расадхонаҳои Шарқ асбоби асосии ахтаршиносӣ ба шумор мерафт.
Дар пешбурди астрономия хидмати Абурайҳони Берунӣ (973–1048) бисёр бузург аст. Ӯ бештар аз 40 асари ахтаршиносӣ эҷод кардааст: «Қонуни Масъудӣ», «Китоб-ут-таҳдиди ниҳоят-ил-амокин ли тасҳиҳи масофат-ил-масокин» («Геодезия»), «Китоб фӣ-таҳқиқи моли-л-Ҳинд» («Ҳиндустон»), «Осор-ул-боқия» ва ғайра Берунӣ радиуси Заминро хеле саҳеҳ ҳисоб кард ва чанд асбоби нави ахтаршиносӣ сохт, ҳаракати зоҳирии ҷирмҳои осмониро бо хубӣ омӯхт.
Умари Хайём (1040–1112) лоиҳаи тақвимеро пешниҳод кард, ки асоси онро даври 33-сола (аз он 8 солаш кабиса) ташкил медод. Тақвими Хайём дар 5000 сол ба як шабонарӯз саҳв дошт, ҳол он ки носаҳеҳии тақвими Григорий (тақвими кунунии мо) дар 3000 сол як шабонарӯзро ташкил медиҳад. Насируддини Тусӣ (1201–74) дар расадхонаи Мароға бо «Зиҷи Элхонӣ» ном асар дар Шарқу Ғарб машҳур гашт. Тараққиёти астрономия дар Шарқи садаи XV бо фаъолияти расадхонаи Улуғбек (1394–1449) зич алоқаманд аст. Асари асосии ахтаршиносони Самарқанд, ки бо номи «Зиҷи Курагонӣ» ё «Зиҷи Улуғбек» машҳур аст ва соли 1648 дар Оксфорд бо забони англисӣ нашр гардид, аз баёни асосҳои назарии ахтаршиносӣ ва зиҷи 1018 ситора иборат мебошад. Дар тартиб додани зиҷи мазкур хидмати ахтаршиносони машҳур Ҷамшеди Кошонӣ, Қозизодаи Румӣ ва Алоуддини Қушчӣ бузург аст.
Тарҷума ва нашр шудани асарҳои «Сувар-ул-кавокиб ассобита»-и Абдурраҳмони Суфӣ ва «Муқаддима»-и Абумаъшари Балхӣ (соли 1489) дар ахтаршиносии Аврупо таъсири амиқ гузоштанд.
Асри 16 дар астрономия ва умуман дар илми табиатшиносӣ кашфиётҳои инқилобӣ ба вуҷуд овард. Ин кашфиётҳо бо номи олими лаҳистонӣ Николай Коперник (1473–1543) алоқаманд аст. Коперник соли 1543 дар асари худ «Дар бораи гардишҳои кураҳои осмонӣ» Манзумаи заминмарказии Батлимусро рад карда, Манзумаи Офтобмарказии оламро пеш гузошт, ки мувофиқи он Офтоб маркази манзумаи сайёрагон аст. И. Кеплер (1571–1630) дар асоси мушоҳидаҳои бисёрсолаи устоди худ Т. Браге (1546–1601) қонунҳои ҳаракати сайёраҳоро кашф кард. Солҳои 1609–10 олими итолиёӣ Г. Галилей (1564–1642) ақидаи Коперникро бо далелҳои илмӣ тақвият дод. Кашфиёти ба воситаи телескопи сохтаи худ бадастовардаи Галилей дарастрономия давраи нав – давраи астрономияи телескопиро оғоз кард. Пешрафти астрономияи телескопӣ астрономияи назариявиро низ пеш бурд, ки асоси онро кашфиётҳои И. Кеплер ва И. Нютон (1643–1727) ташкил доданд. Нютон қонуни ҷозибаи умумиҷаҳониро кашф кард (1685) ва сабаби дар гирди Офтоб давр задани сайёраҳоро муқаррар намуд. Х. Ҳюйгенс (1629–95) соати раққосакдор ихтироъ ва бо ёрии телескоп ҳалқаҳои Зуҳалро мушоҳида карда, радифи равшантарини онро кашф намуд. Соли 1675 О. Рёмер аз рӯйи мушоҳидаи гирифти радифҳои Муштарӣ боинтиҳо будани суръати рӯшноиро дарк ва бузургии онро андозагирӣ кард. Инкишофи минбаъдаи астрономия бо таъсиси расадхонаи Париж (1665), Гринвич (1675), Холмогор (1692), Маскав (1701) алоқаманд аст.
Дар нимаи якуми садаи XVIII кашфиёти барҷастаи ахтаршиносӣ рӯй дод. Ахтаршиноси англис Э. Галлей ҳаракати хусусии ситораҳо (1718) ва Ҷ. Брэдли аббератсияи рӯшноиро (1725–28) кашф карданд. Л. Эйлер назарияи ҳаракати Моҳро бунёд ниҳод (1753–72); И. Кант дар «Таърихи умумии табиат ва механикаи осмон» ном асари худ (1755) аввалин бор ғояи таҳаввули табиатро ба муҳокима гузошт; П. Лаплас ғояе пеш ниҳод (1796), ки мувофиқи он дар натиҷаи фишурдашавии меҳҳо (туманот)-и газии гардон ҳалқаҳо ба вуҷуд омада, аз онҳо сайёраҳо пайдо шудаанд. Фарзияҳои Кант ва Лаплас дар замони худ прогрессивӣ буданд. М. В. Ломоносов ошкор кард, ки Зуҳра атмосфера дорад (1761). Ин ибтидои омӯзиши физикаи сайёра буд. В. Гершел сайёраи Уранро кашф кард (1781) ва бо рефрактори қутраш 122 см меҳҳо ва чаласитораҳоро мушоҳида кард (1789). В. Я. Струве аввалин шуда инҳирофи манзар (параллакс)-и ситораҳоро муайян кард (1835–38) ва ошкор сохт, ки сели рӯшноӣ дар фазои байниситоравӣ суст мешавад (1847). Зуҳури навбатии зузанаберо пешгӯӣ кардани Э. Галлей (1799, ҳоло кометаи Галлей), аз рӯйи ҳисоби пешакии ахтаршиноси фаронсавӣ У. Леверйе сайёраи Нептунро кашф кардани И. Г. Галле (1846), радифҳои нонамоёни ситораи Шабоҳанг ва Шиърои Шомӣ (Протсион)-ро дарёфтани Ф. Бессел бори дигар дурустии қонунҳои механикаи осмон, инчунин моддӣ ва донисташаванда будани оламро исбот кард. Нимаи аввалиа. 19 истифода шудани фотография, фотометрия ва таҳлили тайфӣ дар астрономия пешомадҳои нав пайдо кард. Баъди он ки Г. Кирхҳоф ва Р. Бунзен таҳлили тайфиро ихтироъ карданд (1859), барои таҳқиқи табиати физикӣ ва таркиби кимиёии ситораҳо имкони васеъ фароҳам омад. Тайфшиносии ситораҳо аз таҳқиқоти олими итолиёӣ А. Секки, олими англис У. Ҳеггинс, олими рус А. А. Белополский оғоз ёфт. Нимаи дуюми садаи XIX ахтаршиноси рус Ф. А. Бредихин назарияи шаклҳои зузанабҳоро ба вуҷуд овард. Белополский дар шароити лабораторӣ усули Доплерро (ниг. Падидаи Доплер) санҷид. Барои омӯхтани баъзе хусусиёти ситораҳо донистани масофаи то онҳо муҳим аст. Аммо бо усули тригонометрии параллакс танҳо масофаи то 100 парсекро андозагирӣ кардан имконпазир аст. Ибтидои садаи XX ситораҳо тасниф карда шуданд (масалан, резаситора, ситораҳои азим, фавқулазим ва ғайра) ва вобастагии байни равшаноиву ҳарорати онҳо муайян гардид. Ин имкон дод, ки масофаи ситораҳои дуртарин бо усули фотометрӣ муайян карда шавад. Олими шӯравӣ А. А. Фридман падидаи лағзиши сурхи галактикаҳои дурро пешгӯӣ кард (1922) ва олими амрикоӣ Э. Ҳаббл дурустии онро тасдиқ намуд (1929). Астрофизики шӯравӣ В. А. Амбарсумян назарияи таҷамуъ (ассотсиатсия)-и ситорагиро ба вуҷуд овард. Солҳои 30 садаи XX соҳаи нави астрономия – радиоастрономия шакл гирифт. Солҳои 60 садаи XX квазарҳо ва пулсарҳо кашф карда шуданд. Дар таҳқиқи фазои Кайҳон истифода шудани дастгоҳҳои парвоз имкон медиҳад, ки ояндаи наздик расадхонаҳои ахтаршиносӣ дур аз Замин (масалан, дар рӯйи Моҳ) сохта шаванд.
Санҷиши вақт, муайян кардани мавқеи мушоҳид дар кураи Замин ва масъалаҳои дигари амалӣ то ҳол дар астрономия муҳимманд. Дар замони мо А. инчунин масъалаҳои навро меомӯзад. Масалан, ҳисоби роҳи ҳаракати киштиҳои кайҳонӣ ва радифҳои маснӯи Замин.
Рушди илми астрономия дар Тоҷикистон аз солҳои 30 садаи XX оғоз гардид. Шароити хуби ахтаршиносӣ ва мавқеи муносиби ҷуғрофиёии Тоҷикистонро ба назар гирифта, соли 1932 Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон дар бораи таъсиси Расадхонаи ахтаршиносии Тоҷикистон (РАТ) қарор қабул кард. Сохтмони бинои он соли 1935–1936 ба анҷом расид. Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии РАТ омӯзиши шиҳобҳо, зузанабҳо ва ситораҳои тағйирёбанда, инчунин муайян кардани мавзеъҳо барои сохтмони расадхонаҳо буданд. Таҳқиқотҳои илмӣ соли 1933 аз мушоҳидаҳои шиҳобҳо ва ситораҳои тағйирёбанда, соли 1934 мушоҳидаи зузанабҳо ва изи шиҳобҳо, соли 1937 мушоҳидаи телескопии шиҳобҳо оғоз ёфт. Соли 1938 рефрактори 6,5-дюйма мавриди истифода қарор гирифт. Худи ҳамон сол дар Донишгоҳи давлатии Маскав таҳти роҳбарии С. В. Орлов ва В. В. Фединский барои РАТ (аввалин дар Аврупо ва Осиё) дастгоҳи аксбардории шиҳобҳо (патрул), дар устохонаи РАТ ду астрографи дуқӯша ва астрокамера барои мушоҳидаи ситораҳои тағйирёбанда сохта шуданд. Олимони тоҷик бо ин астрографҳо ситораҳои тағйирёбандаро муназзам мушоҳида ва аксбардорӣ намуда, чанд ситораҳои тағйирёбанда, А. В. Соловёв (соли 1945–1952) дар бурҷи Уқоб ва Ақраб ва В. Сотиволдиев (1962) дар бурҷи Дубби Асғар чунин ситораҳоро кашф карданд. Соли 1951 таҳти роҳбарии Л. А. Катасёв дастгоҳи нави аксбардории шиҳобҳо (НАФА 3С/25) сохта шуда, сабти шиҳобҳо бо усули радиометрӣ оғоз ёфт. Соли 1958 бо роҳбарии П. Б. Бобоҷонов яке аз аввалин дар ИҶШС истгоҳи мушоҳида ва аксбардории радифҳои маснӯи Замин ва соли 1975 дар заминаи он Шуъбаи астрометрия таъсис дода шуд. Соли 1958 дар заминаи Расадхонаи астрономии Тоҷикистон (РАТ) Институти астрофизикаи АИ ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфт, ки 3 шуъба дошт: ситораҳои тағйирёбанда, шиҳобҳо ва зузанабҳо. Бо зиёд шудани ҳаҷми пажӯҳишҳои илмӣ ва тағйири фазои мушоҳидавии шаҳри Душанбе (афзоиши газҳои саноатӣ дар атмосфера) сохтмони расадхонаҳо дар ягон ҷойи дигар пеш омад. Дар натиҷа 3 расадхона сохта шуд: Расадхонаи ахтаршиносии Ҳисор (1963–71), Расадхонаи куҳии «Санглох» (1980) ва Расадхонаи баландкуҳи Помир дар Мурғоб («Маҷмааи хуршедии ахтаршиносии заминии «Помир», САНКП). Олимони тоҷик дар таҳқиқи зузанабҳо (ситораҳои думдор) ба комёбиҳои намоёни илмӣ ноил гаштанд. 13 июли 1955 А. М. Бахарев зузанаби наверо кашф кард, ки бо номи ӯ номгузорӣ шудааст (С/1955 N1 Bakharev-MacFarlane-Krienke). Олими тоҷикистонӣ А. Н. Пушкарёв ҳамроҳи олимони Словакия ва Россия феҳристи 126 зузанаби кӯтоҳдаврро тартиб дод. Дар рушди босуръати илми ахтаршиносӣ дар Тоҷикистон ширкати олимони тоҷик дар барномаҳои илмии байналмилалии «Соли байналмилалии геофизикӣ» (1957–58), «Соли байналмилалии Офтоби фаъол» (1969–71), «Барномаи байналмилалии таҳқиқоти атмосфераи мобайнӣ» ва ғайра мусоидат карданд. Институти астрофизикаи АИ ҶТ дар таҳия ва татбиқи барномаҳои байналмилалии таҳқиқи зузанаби Галлей (СОПРОГ), «Интер-космос», «Мерит», «Большая хорда» ва шӯравии «ФОН» ва «ФОКАТ», стандарти давлатии ИҶШС «Моддаи метеорӣ» ва модели атмосфераи Замин барои эҳтиёҷи таҳқиқоти кайҳонӣ ширкати фаъол дошт. Натиҷаи мушоҳидаҳои зузанаби Галлей дар татбиқи лоиҳаи ҳайати (миссияи) кайҳонии «ВЕГА» ба ин зузанаб истифода (1985–86) ва ба бойгонии байналмилалии натиҷаҳо (IHW) ворид карда шудаанд. Натиҷаҳои омӯзиши хосиятҳои ҳастаи зузанабҳо дар тайёр намудани лоиҳаи ҳайати (миссияи) кайҳонӣ ба зузанаб ва астероидҳо («Розетта») истифода гардидаанд. Мушоҳидаҳои радифҳои маснӯи Замин (РМЗ) баҳри табдили мадорҳои истгоҳҳои байнисайёравӣ, РМЗ ва феҳристи радифҳои собит истифода шуданд. Соли 2006 Институти астрофизикаи АИ ҶТ бо Институти математикаи амалии ба номи М. В. Келдиши АИ Россия дар доираи лоиҳаи ISON (ПулКОН) дар заминаи Расадхонаи ахтаршиносии Ҳисор ҳамкориҳои илмӣ оғоз намуд.
Институти астрофизикаи АИ ҶШС Тоҷикистон барои дастовардҳои намоён дар ҷабҳаи ахтаршиносӣ соли 1969 бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида, ба ду сайёраи хурдномҳои «Тоҷикистон» (2469) ва «ГисАО» (2746) дода шуд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.