Расадхонаи Улуғбек
From Wikipedia, the free encyclopedia
From Wikipedia, the free encyclopedia
Расадхонаи Улуғбек ё Обсерваторияи Улуғбек — яке аз обсерваторияҳои асосии асрҳои миёна ба ҳисоб меравад, ки аз тарафи Улуғбек дар теппаи Куҳак, наздикии шаҳри Самарқанд солҳои 1424—1428 сохта шудааст. Боқимондаҳои обсерватория аз тарафи археолог В. Л. Вяткин соли 1908 ёфт гардидааст. Боқимондаҳои обсерватория аз рӯи хуҷҷатҳои асри XVII ёфт карда шуданд. Соли 1948 экспедицияи Институти таърих ва археологияи Академияи илмҳои Ӯзбекистон, ки таҳти роҳбарии археолог В. А. Шишкин (1893—1966) омода карда шуда буд, пойдеворҳои обсерваторияро ёфт карданд.
ӯзбекӣ: Ulug‘bek rasadxonasi | |
Таърихи таъсис | 1420[1] |
---|---|
Номида ба шарафи | Улуғбек[1] |
Бунёнгузор | Улуғбек[1] |
Кишвар | |
Воҳиди марзию маъмурӣ | Самарқанд[1][2] |
Навъи асари бостонӣ | бахше аз Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО[d] ва object of tangible cultural heritage of Uzbekistan[d] |
Масоҳат |
|
Одрес | Islom Karimov koʻchasi, 1-uy |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Мувофиқи азнавсози муайян гашт, ки обсерватория ба монанди силиндри сеошёна буда, баландиаш 30,4 м ва диаметраш 46,40 м буд ва дар даруни он аз шимол ба ҷануб — секстант (ва ё квадрант [2]) ном асбобе чой кунонда шуда буд, ки радиуси он 40,21 м буд. Бо ин асбоб баландии ҷисмҳои осмониро чен мекарданд. Асбоби секстант дар вакти кофту коб ёфта шуда, дар зери хок хеле хуб то замони мо омада расидааст.
Нимкурраи ин асбоб аз ду тараф бо ду барер махдуд карда шудааст, ки он бо санги мармар рупуш карда шудааст. Дар хар як градуси давра дар руи мармар хатхо ва ракамхо ишора карда шудаанд. Байни хар як градус 70 см мебошад. Дар байни барерхо зинапояҳои хиштин мавчуданд. Ҷизмҳои осмониро аз рӯи боми обсерватория дар давраи горизонтали месанҷиданд. Дар обсерватория дигар асбобҳо низ вучуд доштанд, лекин онҳо боқӣ намондаанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.