From Wikipedia, the free encyclopedia
Манораҳои саргаҳи Зарафшон - ёдгориҳои меъмории асрҳои XI -XII дар болоби Зарафшон.[1]
Ин сисила манораҳо аз рӯи ривояти мардуми маҳал 7 - то буда, ҳар яке дар наздикии масҷид калон бунёд гардидаанд. То замони мо фақат се манора - яке дар Варзиманор (маркази ноҳияи Айнӣ), дигаре дар деҳаи Рарз ва сеюм дар деҳаи Фатмев боқӣ мондаанд. Масҷидҳо то давраи мо нарисидаанд, вале ҳафриёту бозёфтҳои бостоншиносон (сутунҳои мунаққашу кандакоришуда, меҳробҳо, наълинҳо) шаҳодат медиҳанд, ки чунин масҷидҳо замоне вуҷуд доштаанд.
Манораи деҳаи Варзиманор дар болои бунлоди мураббаъшакли сангин (баландиаш 1,7 м) бунёд гардида, 13 м баландӣ дорад. Аз дохил аз сатҳи пойдевор поғундаи морпече давродаври сутуни суфтаро боло мебарад. Дар қиррраҳои поғунда чӯбҳои чортароши арча насб гардидаанд. Манора махрутшакл буда, қутри он дар пойдевор 3,7 м ва дар қисми боло 2,5 м мебошад. Аз 10 м баланди то ҳол боқимонда олимон ҳисоб карданд, ки он 15 – 16 м баланд буда, дар иртифоъ гумбазу қаторравоқҳо доштааст. Манора похсагист, аз се ҷой миёнбанди хишти дорад. Ин хиштҳои ороишӣ дар се қабат, ба таври амудӣ чинда шудаанд. Ниг. Манораи Варз.
Манораи деҳаи Рарз ҷузви ансамбли бузуги масҷид буда. Мувофиқи баландии то ҳол боқимонда (9 м) ва қутри асос (5 м) аз манораҳои калонтарин ин сиссила аст ва баландии умумии он тақрибан 20 м будааст. Бунлоди он низ сангин аст. Ин манора ҳам аз похса бунёд гардида, камарбанди хиштӣ дорад. Хиштҳо ба тарзи амудию завиявӣ (дандонашакл) чинда шудаанд. Манораба ҷуз поғунда аз дигар ҷиҳатҳо ба Варзиманор шабоҳат дорад. Манора поғунда надорад.
Манораи деҳаи Фатмев аз ин ду манора хурдтар буда, қутраш 3 м ва баландии боқимондааш 5 м мебошад. Ин манора бештар осеб дида, бунлод надорад ва поғундаи он аз сатҳи замин сар мешавад. Даромадгоҳаш нисбатан балантар ҷой гирифта зинаи морпечи долилаш валангор гардида, танҳо чанд то он боқӣ мондаанд. Муофиқи тадқиқоти илмӣ манора нафақат таъйиноти динӣ, балки вазифаи мудофиавиро низ иҷро менамудааст. Қадимтарин манораҳои Осиёи Миёна дар давраи аввали фиодализм ба вуҷуд омадаанд, ки дар қалъабандиҳо ва истеҳкомҳои дифоӣ бунёд гардидаанд. Манора таҳти муҳофизати давлат мебошад.[2]
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.