From Wikipedia, the free encyclopedia
Таърих - илм дар бораи сабти фаъолияти инсон, ҷамъият ва сивилизатсия мебошад. Таърих (вожаи арабӣ) - илмест, ки маҷмӯи воқеа ва ҳодисаҳои дар ҳаёти инсоният рӯйдодаро меомӯзад. Таърих пажӯҳиш дар рухдодҳо ва корҳои инсон дар гузашта аст. Ҳарчанд ғолибан ин риштаи мутолиотеро дар зергурӯҳҳи аз улуми инсонӣ ё улуми иҷтимоӣ қарор додаанд, бо инҳол метавон онро ба унвони пуле байни ин ду шохаи таллақӣ кард; зеро равишҳои мутолиоти мухталифи он аз ҳар ду шоха вом гирифта шудаанд. Таърих ба унвони як риштаи мутолиотӣ дорои шохаҳо ва гироишҳои ҷанбӣ зиёде аст, ки аз он миён метавон ба таърихшуморӣ, таърихнигорӣ, таърихшиносӣ, хатнигорӣ таърихӣ (китобшиносӣ) ва cliometrics ишора кард.
Муаррихон аз гузашта кушидаанд то пурсишҳои таърихиро ба пажӯҳиш дар асноди навишторӣ посух гуянд. Бо ин ҳол пажӯҳишҳои таърихӣ танҳо ба ин манбаъҳо маҳдуд намешаванд. Ба таври куллӣ манбаъҳои дониши таърихиро метавон ба се даста тақсим кард: навиштаҳо, гуфтаҳо, бақояи моддӣ. Таърихнигорон барои кори худ аз ҳар се истифода мекунанд[1].
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.