From Wikipedia, the free encyclopedia
Манораи Варз — ёдгории меъморӣ дар ноҳияи Айнӣ,вилояти Суғд. Асри XI - XII сохта шудааст.[1]
Манора рӯи таҳкурсии мураббаъ сохта шуда, баландиаш 13,5 м аст. Он аз хишти хом буда, тавассути минтақаҳои ороёфта, ба 4 қисм ҷудо шудааст. Ороиши ҳар минтақа ба тарзи хос буда, дар дуи аввал хиштҳо ба шакли «кунҷӣ» чинда шудаанд, ки дандонаҳоро мемонад. Хиштҳои минтақаи саввум рост-рости байнашон холӣ ва минтақаи охирин аз хиштҳои мураббаи ростхатта ҷойгирифта, ки дар навбати худ боз мураббаъҳоро ва вуҷуд меранд ва шабеҳи тахтаи шоҳмотанд, чинда шудаанд. Манора тарафт борик мешавад, қафаси начандон калон (2 м) дорад. Дар дохилаш зинаи морпеч ҳаст, ки барои ба қафаса баромадан хидмат мекунад. Манора низ гумбаз низ дошт, ки мурури замон аз байн рафтааст. Ёдгорӣ таҳти муҳофизати давлат аст.[2]
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.