From Wikipedia, the free encyclopedia
Забони вахонӣ (X̌ikwor zik) — аз забонҳои эронии ҷануби шарқиест, ки аз рӯи хусусиятҳои фонетикӣ ва луғавию грамматикии худ дар байни соири забонҳои помирӣ мавқеи хоссаро ишғол мекунад. Дар ҳудуди ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, дар қисмати чапи водии Вахони Афғонистон, дар манотиқи Чатрор ва Хунзои Покистон ва ҳамчунин дар вилояти Синтсизяни Чин ривоҷ дорад [Пахалина 1975; Грюнберг, Стеблин-Каменский 1978; Стеблин-Каменский 1999]. Ин забон ҳам дар води Вахон ва ҳам дар манотиқи дигар гӯишҳои сершумор дорад.[6]
Кишварҳо | |
---|---|
Шумораи умумии гӯишварон |
|
Вазъ | хатари азбайнравӣ вуҷуд дорад[d][5] |
Таснифот | |
Хат | алифбои арабӣ, алифбои сирилик ва Алифбои лотинӣ |
Коди забонӣ | |
ISO 639-1 | — |
ISO 639-2 | — |
ISO 639-3 | wbl |
WALS | wak |
Atlas of the World’s Languages in Danger | 1379 |
Ethnologue | wbl |
ELCat | 3155 |
IETF | wbl |
Glottolog | wakh1245 |
Ниг. низ: Лоиҳа:Забоншиносӣ |
Дар ҳудуди ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, дар қисмати чапи водии Вахони Афғонистон, дар манотиқи Чатрор ва Хунзои Покистон ва, ҳамчунин, дар Сариқули Чин ривоҷ дорад [Пахалина 1975; Грюнберг, Стеблин-Каменский 1978; Стеблин-Каменский 1999]. Ин забон ҳам дар водии Вахон ва ҳам дар манотиқи дигар гӯишҳои сершумор дорад.
Густараи истеъмоли ин забон нисбат ба тамоми забонҳои эронии шарқӣ васеътар аст ва он дар байни забонҳои эронӣ ягона забоне мебошад, ки дар тамоми ҳавзаҳои этнолингвистии Ҳиндукуши Шарқӣ мавриди корбурд қарор дорад. Аз ин рӯ, шаклҳои диалектологии гуфтори вахонӣ низ зиёд аст ва танҳо дар қаламрави Бадахшони Тоҷикистон се лаҳҷаи ин забон – шарқӣ (болоӣ), марказӣ (миёна) ва ғарбӣ (поёнӣ) корбурд дорад. Муҳаққиқон тамоми анвои диалектологии корбурди забони вахониро дар тафовут аз дигар забонҳои помирӣ лаҳҷа гуфтаанд, зеро дар фарқият аз, масалан, намояндагони забонҳои гурӯҳи шуғнӣ-рӯшонӣ, ки ҳар кадоме номи забони худро ба маҳалли корбурдии он мансуб медонанд ва номи умумие барои он забонҳо вуҷуд надорад, вахонизабонони тамоми ҳавзаҳои минтақаи Ҳиндукуши Шарқӣ забонашонро вахонӣ (вахӣ) меноманд ва номи локалӣ (маҳаллӣ)-и дигаре барои лаҳҷаҳои он вуҷуд надорад. Водии Вахонро, ки дар он вахониён зиндагӣ мекунанд, дарёи Панҷ ду қисмат кардааст, ки соҳили рости он дар қаламрави Тоҷикистон ва соҳили чапи он дар ҳудуди Афғонистон ҷойгир аст. Аз он мавқеияте, ки водии Вахон дар Эрони бостон ва дар масири Роҳи Абрешим ишғол мекард (аз ин водӣ як шохаи муҳимми ин шоҳроҳ мегузашт, ки дар таърих бо номи «Роҳи бузурги буддоӣ» маъруф аст), дар бораи ин сарзамин ва сокинони он дар сарчашмаҳои таърихии чинӣ, юнонӣ, арабӣ ва форсӣ-тоҷикӣ маълумоти фаровоне овардашудааст. Афсона, ривоёту нақлҳо, чистону зарбулмасалҳо, таронаҳо, суруди алла ва «Булбулик» аз маъруфтарин жанрҳои фолклорие мебошанд, ки ба забони вахонӣ эҷод шудаанд.
Дар шарқшиносии аврупоӣ дар бораи ин забон бори аввал А. Бёрнс иттилоъ дода буд[7].
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.