From Wikipedia, the free encyclopedia
Корикотур (итол. caricatura, аз caricare — муҳобот кардан, муболиға кардан) — тасвире, ки ҷиҳатҳои манфии мавзӯъро бо мақсади ҳаҷв намудан ва фош кардан, қасдан ё мазҳакаомез аз будааш зиёдтар нишон медиҳад; жанри санъати тасвирӣ; рассоми ва ҳайкалтарошӣ)-ро ба кор мебарад.
Корикотурро дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ё маишӣ офарида, ба он матни мухтасари пурмазмун илова мекунанд. Унсурҳои Корикотур дар боқимондаҳои попирусҳои Мисри Қадим, осори муҷассамасозӣ ва зарфҳои мусаввари Юнон, фрескаҳои Руми Қадим, муҷассамаҳои ороишии маъбадҳои садаҳои миёна ва минётури китобҳо вомехӯранд. Литография барои ривоҷёбии корикотур имкон дод ва баробари пайдоиши рӯзномаю маҷаллаҳо корикотур ба воситаи тавони таблиғот табдил ёфт. Тавсеъаи корикотур бо муборизаҳои шадиди таърихӣ барои озодии миллӣ ва синфӣ алоқаи мустаҳкам дорад. Дар пешрафт ва тавсеъаи корикотур хидмати рассомон У. Ҳугорт, Ҷ. Гилрей (Инглистон), Ф. Гӯйё (Испониё) ва дигарон шуҳрати ҷаҳонӣ доранд.
Барои ташаккул ва тавсеъаи корикотур дар Тоҷикистон маҷаллаҳои ҳаҷвии «Машраб», «Мулло Мушфиқӣ», «Бигиз», «Ширинкор», «Мушфиқӣ» (солҳои 20—30-юм), «Оинаи ТоҷикТА» (дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ), «Хорпуштак» (аз солҳои баъдиҷангӣ) ҳиссаи калон гузоштаанд. Корикотурнигорони тоҷик X. Расулов, П. Гейвандов, Б. Протасов, Д. Сафоев ва дигирон дар асарҳои худ ҷиҳатҳои манфӣ ва музирри ҷамъиятиро маҳкум ва фош мекарданд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.