From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҷорҷ Абраҳам Грирсон (англ. George Abraham Grierson; 7 январ 1851[1][2][3][…], Glenageary[d], Ленстер[d] — 9 март 1941[4][2][5], Camberley[d], Суррей) — забоншиноси инглис (ирландӣ), пажӯҳишгари забонҳои ҳиндӣ.
англ. George Abraham Grierson | |
Таърихи таваллуд | 7 январ 1851[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 9 март 1941[4][2][5] (90 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | санскрит[d][6], Indian religions[d][6] ва Indian literature[d][6] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Маълумоти миёнаро дар зодгоҳаш гирифтааст. Баъди хатми коллеҷ дар ҳукумати Ҳиндустон ба кор пазируфта шуд. Аввал маъмури андоз ва сипас дар оҷонсии муходирот дар шащрҳои Бангола ва Биҳор кор мекард. Дар тӯли фаъолияти маъмуриаш, инчунин кор дар Ҷамъияти осиёии Калкутта ва Хадамоти забоншиносии Ҳинд ба омӯзиши забонҳои Ҳиндустон машғул шудааст. Натиҷаи кори ӯ дар ин бобат асари 19-ҷилдии (8 ҳазор саҳифа) «Маълумот дар бораи забонҳои Ҳиндустон» («Linguistic Survey of India») мебошад. Дар ин асар оид ба забонҳои эронии роиҷ дар Ҳиндустон (гӯишҳои форсӣ-тоҷикӣ низ) маълумот вуҷуд дорад. Дар бораи забонҳои бадахшонӣ Ҷорҷ Абраҳам Грирсон асари алоҳидае навиштааст («Забонҳои ишкошимӣ, зебокӣ ва язгуломӣ» — (Ishkashim, Zebaki and Yazlhuliami. An account of the Iranian dialects. — Publication Fund, vol. V. — London, 1920).
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.