Ҳуқуқи аврупоӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҳуқуқи аврупоӣ — низоми меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва фавқулмиллӣ мебошад, ки ба соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ мансуб аст. Ҳуқуқи аврупой ҳуқуқи минтақавӣ ба ҳисоб рафта, қисми ҳуқуқи байналмилалиро ташкил медиҳад. Ҳуқуқи аврупоӣ муносибатҳои оммавӣ-ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, меҳнатӣ, гражданӣ ва дигар муносибатҳоро танзим менамояд, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳоро дар қитъаи Аврупо амалӣ мегардонад. Дар қатори ҳуқуқи аврупоӣ мавқеи асосиро санадҳои қонунгузорие, ки аз ҷониби мақомотҳои Иттиҳоди Аврупо - Шӯрои Аврупо, Комиссия, Ассамблеяи парламентии Шӯрои Аврупо (PACE) нашр мешаванд, ишғол менамоянд.[1]
Ин вожа дигар маъноҳо низ дорад, Ҳуқуқ (мазмунҳо)-ро бубинед.