From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҳаким Маҳмудов (14.06.1932, деҳаи Талбари ноҳияи Ховалинги вил. Хатлон — 1996, Душанбе) — навозандаи мумтоз (ғижак, думбура), оҳангсози тоҷик. мутриби Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1975).
Ҳаким Маҳмудов | |
Таърихи таваллуд | 14 июн 1932 |
Зодгоҳ | ноҳияи Ховалинг |
Таърихи даргузашт | 1996 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | мутриб |
Ҷоизаҳо | Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1975). |
Ҳаким Маҳмудов солҳои 1950—1951 дар Театри драмавӣ-мусиқии ш. Кӯлоб, солҳои 1951—1960 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев ва 1960—1974 дар Кумитаи давлатии оид ба телевизион ва радиошунавонӣ кор кардааст. Дар як вақт (1953—1957) дар омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ғижакнавозиро аз композитор Хайрулло Абдуллоев омӯхтааст. Аз соли 1978 то охири умр навозандаи ансамбли ҳофизони мақомхони Кумитаи давлатии оид ба телевизион ва радиошунавонӣ фаъолият дошт. Маҳмудов аз соли 1975 инчунин дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба ҳайси омӯзгори калони кафедраи мусиқии анъанавӣ фаъолият намудаст.[1]
Маҳмудов яке аз навозандагони мумтози сози думбура буда, онро ҳамчун сози якканавозӣ дар ҷумҳурӣ машҳур намуд. Маҳмудов барои думбура бо ҳамовозии ансамбли созҳои халқӣ як миқдор наво офаридааст, ки «Сезарб», «Баҳори кӯҳистон», «Машқи ҷавонӣ», «Қақраи кабк» ва ғ. аз қабили онҳост. Сурудҳои ӯ «Боғчаро бин, сабза дорад», «Гул кун ба бахти мо Ватан», «Дар саҳни чаман», «Деҳқонбача», «Доғи дил», «Чашми адаб» ва ғ. аз тарафи ҳофизон иҷро шуда, дар фонди радио сабт шудаанд. Маҳмудов силсилаи навоҳои халқиро бо думбура сабт намудааст, ки дар хазинаи радио маҳфузанд («Фалаки даштӣ», «Роғӣ», «Ғарибӣ», «Нозанин», «Рози дил», «Дарди гул», «Баҳор омад», «Нигор» ва ғайра). Маҳмудов аз соли 1975 инчунин дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба ҳайси омӯзгори калони кафедраи мусиқии анъанавӣ фаъолият намуда, як зумра ҳофизонро думбура омӯхтааст. (М. Сафиева, З. Нурова, М. Шарифова ва диг.). Ба як қатор мамлакатҳои хориҷӣ: Афғонистон, Эрон, Муғулистон, Ҳиндустон, Ҷопон сафари ҳунарӣ кардааст. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.