From Wikipedia, the free encyclopedia
Ғулом Исҳоқ Хон (20 январ 1915, Bannu District[d], Роҷи Бритониё — 27 октябр 2006[1], Пешовар) — арбоби давлатии Покистон Президенти Покистон (1988—1993).
урду: غلام اسحاق خان | |
17 август 1988 — 18 июл 1993 | |
Пешгузашта | Муҳаммад Зиёулҳақ |
Ҷонишин | Васим Саҷод |
21 март 1985 — 12 декабр 1988 | |
Пешгузашта | Khan Habibullah Khan[d] |
Ҷонишин | Васим Саҷод |
5 июл 1977 — 21 март 1985 | |
Пешгузашта | Abdul Hafiz Pirzada[d] |
Ҷонишин | Mahbub ul Haq[d] |
12 октябр 1975 — 5 июл 1977 | |
Ҷонишин | Ghulam Jilani Khan[d] |
22 декабр 1971 — 30 ноябр 1975 | |
Пешгузашта | Shahkur Ullah Durrani[d] |
Ҷонишин | Asaf Jah VII of Hyderabad[d] |
Таваллуд |
20 январ 1915 |
Даргузашт |
27 октябр 2006[1] (91 сол) |
Таҳсилот | |
Эътиқод | суннӣ |
Ҷойҳои кор |
Дар оилаи паштунҳо ба дунё омадааст. Донишгохи Пешоварро хатм карда, ихтисоси химия ва ботаникаро гирифтааст. Аз соли 1940 дар хидмати давлатй.
Аз соли 1947 — дар Покистони тозаистиқлол дар хидмат:
Моҳи августи соли 1988, пас аз марги Муҳаммад Зиёулҳақ дар суқути ҳавопаймо, ӯ иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳур шуд ва аз 13 декабри соли 1988 Президенти Покистон интихоб шуд (дар коллегияи интихоботӣ аз 446 овоз 348 овоз гирифта, аз се номзадҳои дигар пештар гузашт, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳизби халқии Покистон ва иттифоқи демократии исломӣ, инчунин артиш, ба мал омад).
Дар моҳи августи соли 1990 ӯ Беназир Бҳутторо аз мақоми нахуствазир барканор кард ва ҳукуматро дар фасод ва сӯиистифода аз қудрат муттаҳам кард. Аммо бо вориси ӯ Навоз Шариф забони муштарак наёфта, 18 апрели соли 1993 дар бораи истеъфои ӯ аз мақоми раиси ҳукумат фармон имзо кард. Додгоҳи олии Покистон ин тасмимро хилофи қонуни асосӣ хонд ва Шариф рӯзи 26 май ба курсии худ баргашт. Пас аз ин ихтилофхо боз хам тезу тунд шуд, зеро Шариф карор дод, ки аз матни Конститутсия нуқтаҳоеро, ки ба президент ҳуқуқи пароканда кардани мақомҳои олии ҳокимияти давлатиро медоданд, хориҷ кунад. Муноқиша ғайричашмдошт ҳал шуд: рӯзи 17 июл ҳарду сиёсатмадор аз мақомҳои худ аз ҷониби низомиён барканор шуданд.
Дар нафақа ӯ зиндагии хилват дошт ва аз тамос бо расонаҳо худдорӣ мекард.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.