![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/e/ed/Transasia_trade_routes_1stC_CE_gr2.png/640px-Transasia_trade_routes_1stC_CE_gr2.png&w=640&q=50)
Шоҳроҳи Абрешим
From Wikipedia, the free encyclopedia
Шоҳроҳи Абрешим (чинӣ: 絲綢之路, ӯзбекӣ: Buyuk Ipak Yo'li, форсӣ: جاده ابریشم, ар. طريق الحرير) - Осиёро тавассути роҳҳои корвонгард бо Аврупо пайванд мекард. Роҳи Абрешим ҳанӯз асрҳои то мелод аз силсилаи роҳҳои корвонгарде иборат буд, ки дар Ғарб аз Руми қадим ва дар Шарқ то ба салтанати Чин тӯл мекашид. Ҳамчунин, роҳи Абрешим тавассути Эрону Бохтар ва Суғдиёни қадим мегузашт. Дар ҳамон даврон нахустин василаҳои табодули иқтисодиву фарҳангии байни тамаддунҳои мухталифро давр зада, ба рушду нумӯи кишварҳои ин масири тиҷоратӣ мусоидат мекард.
![Thumb image](http://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/e/ed/Transasia_trade_routes_1stC_CE_gr2.png/640px-Transasia_trade_routes_1stC_CE_gr2.png)
"Роҳи бузурги Абрешим" дар асри II пеш аз милод ба миён омадааст.