From Wikipedia, the free encyclopedia
Шарл Андре́ Жозе́ф Мари́ де Голл (фр. Charles André Joseph Marie de Gaulle; 22 ноябр 1890[1][2][3][…], Lille[d][4][5][6][…] — 9 ноябр 1970[7][3][8][…], Коломбе-ле-Дёз-Эглиз[d][4][5][6][…]) — ходими ҳарбӣ ва давлатии Фаронса, бунёдгузор ва нахустин Президенти Ҷумҳурии панҷум дар Фаронса (1958–69).
Хатмкардаи омӯзишгоҳи ҳарбии Сен-Сир (1912) ва мактаби олии ҳарбии Порис (1924). Дар Ҷанги якуми ҷаҳон иштирок намуда, дар муҳорибаи Верден (1916) ба дасти олмониҳо асир афтид. Баъди раҳоӣ аз асорат (1918) муддате дар омӯзишгоҳи гвардияи императории Лаҳистон дарс гуфта, пас аз он дар ҷанги байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Лаҳистон (1919–1921) ширкат кард. Шарл де Голл якчанд асарҳои назариявии ҳарбӣ эҷод намуда, муҳим будани қувваҳои танкиро дар муҳориба таъкид намудааст. Котиби Шӯрои олии ҳарбии Кумитаи доимии мудофиаи миллии Фаронса (1932–1936), фармондеҳи қисмҳои танкӣ дар Элзас (1939–1940), ҳамзамон муовини вазири мудофиаи миллӣ (аз соли 1940). Пас аз таслимшавии Фаронса ба Британия рафта, ҳаракати «Фаронсаи озод»-ро созмон дод ва ҳамчун роҳбари он мардуми Фаронсаро барои мубориза бо олмониҳо даъват мекард. Бо ташаббуси Шарл де Голл қувваҳои мусаллаҳи «Фаронсаи озод» ташкил ёфтанд, ки аз охири соли 1940 бо артиши Британия дар муҳорибаҳои Шарқи Наздик ва Африқо иштирок намуданд. Аз ноябри 1943 роҳбари Кумитаи озодии миллии Фаронса (аз июни 1944 Ҳукумати муваққатии Ҷумҳурии Фаронса) буд. Декабри 1944 Шарл де Голл бо ИҶШС созишномаи иттиҳод ва ёрии ҳамдигарӣ имзо намуд. Пас аз он қувваҳои ҳарбии Фаронса дар амалиёти ҳарбӣ дар Итолиё ва озодкунии Фаронса (хусусан Порис) фаъолона ширкат карданд. Бо шарофати Шарл де Голл Фаронса пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мақоми давлати ғолибро соҳиб шуда, яке аз муассисони СММ ва узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид гардид. Соли 1946 аз роҳбарии ҳукумат истеъфо дода, ҳизби Иттиҳоди халқи Фаронсаро таъсис дод (1947). Вале ин ҳизб натавонист ҳокимиятро ба даст орад, аз ин рӯ соли 1953 пароканда карда шуд ва Шарл де Голл аз сиёсат даст кашид.
Буҳрони сиёсие, ки вобаста ба ҷанги Алҷазоир майи 1958 Фаронсаро фаро гирифт, аз нав Шарл де Голлро ба сари ҳокимият овард. Шарл де Голл пас аз раъйпурсии умумихалқӣ ва қабули Конститутсия (январи 1959) Президенти Ҷумҳурии панҷум дар Фаронса интихоб шуд. Пас аз бори дуввум интихоб шудан ба мансаби президентӣ (1965) Шарл де Голл нақши ҳокимияти иҷроияро дар идоракунии давлат баланд бардошта, ба муътадил кардани муносибатҳои Фаронса бо собиқ мустамликаҳояш пардохт. Солҳои 1958–1960 ӯ истиқлоли 13 кишвари Африқоро, ки мустамликаи Фаронса буданд, эътироф намуда, тавонист дар аксари онҳо манфиатҳои иқтисодӣ ва ҳарбию сиёсии фаронсавиҳоро ҳифз намояд. Соли 1962 ба ҷанги Алҷазоир (соли 1954 оғоз ёфта буд) хотима дода, истиқлоли ин кишварро эътироф намуд, ки боиси афзудани эътибори Фаронса гардид. Дар шароити муқовимати ду абарқудрат – ИМА ва ИҶШС Шарл де Голл сиёсати хориҷии барои манфиатҳои миллии Фаронса судмандро пеш гирифта, соли 1963 бо ҶФО созишномаи сулҳ имзо кард. Шарл де Голл дар сохтани сипари ҳастаии Фаронса (солҳои 60-ум) нақши муҳим дошта, бо қарори ӯ соли 1966 Фаронса аз паймони НАТО хориҷ шуд ва тамоми пойгоҳҳои ҳарбии ИМА дар ҳудуди ин кишвар барҳам дода шуданд. Шарл де Голл яке аз ташаббускорони барқароркунии муносибатҳои муътадили Ғарб бо ИҶШС буд, аммо сиёсати иқтисодию иҷтимоии ӯ чандон муваффақ нашуда, хароҷоти зиёди ҳарбӣ ва мушкилии давлат дар таъмини рушди иқтисодӣ сабаби буҳрони сиёсӣ дар соли 1968 гардид. Шарл де Голл пас аз рад гардидани пешниҳоди ӯ дар хусуси раъйпурсӣ оид ба ислоҳоти сохтори маъмурӣ-ҳудудии Фаронса 28 апрели соли 1969 ба истеъфо рафт ва то охири умр ба эҷодкорӣ машғул гардид.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.