![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/d/d1/Cattle_grazing%252C_Fillmore_County%252C_Minnesota.jpg/640px-Cattle_grazing%252C_Fillmore_County%252C_Minnesota.jpg&w=640&q=50)
Чарогоҳ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Чарогоҳ, чарохӯр, чарохор — қитъаи замине, ки бо қабати рустаниҳои худрӯй ва киштшаванда пӯшонида шуда, барои чаронидан ва нигоҳдории чорво пешбинӣ шудааст[1].
![Thumb image](http://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/d/d1/Cattle_grazing%2C_Fillmore_County%2C_Minnesota.jpg/640px-Cattle_grazing%2C_Fillmore_County%2C_Minnesota.jpg)
Майдони умумии чарогоҳоӣ ҷаҳон тақрибан 26% хушкии ҷаҳонро ташкил медиҳад[2]. Гарчанде ки майдони чарогоҳҳо хеле бузург— ду миллиард гектарро дарбар мегирад — 2/3 қисми ин заминҳо барои парвариши зироат номувофиқ аст[3].
Чарогоҳ табиӣ ва кишта (мазрӯъ) мешавад. Набототи чарогоҳҳои табиӣ асосан аз алафҳои бисёрсолаи худрӯй, баъзан гулсанг (тундра), нимбуттаву бутта (тундра, нимбиёбон ва биёбон) иборат аст. Чарогоҳи киштаро бо роҳи беҳтар кардани алафзори табиӣ (ҳамвор кардани пастиву баландиҳо, канда партофтани буттаҳо, чидани санг, танзими низоми об, оҳакандозӣ ва ғайра) ва кишти омехтаи алафҳои гуногун ба вуҷуд меоваранд.
Чарогоҳ барои ҳайвоноти хоҷагии деҳот яке аз манбаъҳои асосии хўроки сабзи арзон ва пурқимат аст. Дар мамлакати мо тақрибан аз чор се ҳиссаи талаботи чорворо ба хӯроки сабз аз ҳисоби чарогоҳ таъмин мекунанд. Дар чарогоҳ маҳсулоти ҳайвоноти хоҷагии деҳот назар ба парвариши оғилӣ 25—40% афзуда, сифати маҳсулот беҳтар ва арзиши аслии он 20—30% арзон мешавад.
Чорворо дар чарогоҳи минтақаи бешазор 125—150, бешадашт қариб 20, нимбиёбон тақрибан 250 шаборӯз ва дар тундраю биёбон қариб тамоми сол мечаронанд. Дар ноҳияҳои кӯҳсор чарогоҳҳои субалпӣ ва алпиро тобистон чун чарогоҳи муваққатӣ (2—3 моҳ) истифода мебаранд.