From Wikipedia, the free encyclopedia
Христиан Го́лдбах(олмонӣ: Christian Goldbach; 18 март 1690[1][2], Кёнигсберг[d][3] — 20 ноябр 1764[2][1], Маскав[3]) — риёзидони рус, узви АИ Петербург (1725).
Хатмкардаи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Кёнигсберг. Соли 1725 ба Русия кӯчид. Солҳои 1725—1740 котиби илмии АИ Петербург буда, аз соли 1742 дар Вазорати корҳои хориҷӣ дар Маскав кор кардааст. Бо Л. Эйлер мукотибаи илмӣ (1729—1764) дошт. Дар яке аз мактубҳояш ба Л. Эйлер фарзия баён намуд, ки дар илм бо номи муаммои Голдбах ворид шудааст (1742). Тибқи ин фарзия ҳар як адади томи n>4-ро дар намуди ҳосили ҷамъи 3 адади сода ифода кардан мумкин аст. Эйлер дар мактуби ҷавобиаш таъкид намуд, ки барои ҳалли ин масъала исбот намудан кофист: ҳар як адади ҷуфт ҳосили ҷамъи ду адади сода аст. Масъалаи Голдбах ва Эйлер ё муаммои Христиан Голдбаҳро чунин ифода кардан мумкин аст: ҳар як адади ҷуфти n>4 ҳосили ҷамъи ду адади сода ва ҳар як адади тоқи n≥7 ҳосили ҷамъи се адади сода аст. Корҳои илмии Христиан Голдбах, асосан, ба таҳқиқи муодилаҳои дифференсиалӣ ва табдили қаторҳои дуршаванда ба қаторҳои наздикшаванда бахшида шудаанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.