кишваре дар Осиё ва Аврупо From Wikipedia, the free encyclopedia
Русия (русӣ: Россия) расмӣ Федератсияи Русия (русӣ: Российская Федерация) — давлатест, ки дар қисми Аврупои Шарқӣ ва қисми шимолии Осиё қарор гирифтааст ва рӯзи 7 ноябри соли 1917 ҳамчун рӯзи таъсисёбии давлат ба шумор меравад. Солҳои 1922—1991 кишвар РСФСР ном дошт, ва яке аз 15 ҷумҳуриҳои ИҶШС ба шумор мерафт. Cоли 1991, Федератсияи Русия ном гирифт. Аз 2 апрели 1997, Русия — аъзои иттиҳоди Русия ва Белорус гашт. Аз ҳама давлати бузургтарини дунё аз ҷиҳати масоҳат (17 075 400 км² ё 11,46 % (1/9) майдони тамоми хушкии Замин. Пойтахти Русия — шаҳри Маскав.
Шиор: нест | |
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Федератсияи Русия|суруди миллӣ ]]» | |
Рӯзи истиқлолият | |
Забони расмӣ | Русӣ |
Пойтахт | Маскав |
Шаҳри калонтарин | Маскав, Санкт-Петербург |
Идораи давлат | Демократӣ-Федеративӣ |
Президент | Владимир Путин |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. | 1-ум ҷой дар ҷaҳон 17 125 191 км² 13 % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ (2020) • Зичӣ | 9-ум ҷой дар ҷaҳон 146 748 590 нафар 8,58 нафар/км² |
ММД • Ҳамагӣ (2009) • Ба сари аҳолӣ | 6-ум ҷой дар ҷaҳон 2,109 трлн $ 14,919 $ |
Пули миллӣ | Рубли русӣ (RUB, RUR) |
Интернет-Домен | .ru, .su, .рф аз 12 май 2010. |
Коди телефон | +{{{Коди телефон}}} |
Соат | UTC +2…+11 |
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
| |
Имрӯз қисми | {{{Имрӯз}}} |
Ин мақола бояд ба таври комил бознависӣ шавад. |
Дар нусхаи забонии дигар мақолаи пурратар аст: Россия (рус.).
Шумо метавонед мақоларо бо иловаи тарҷума муфассалтар кунед ва ба лоиҳа кӯмак кунед. Дар ҳамин ҳол, бинобар риояи қоидаҳои нашр, шаблони {{Мақолаи тарҷумашуда}}-ро дар саҳифаи баҳс ишора кунед, ё пайвандро ба саҳифаи манбаъ (сарчашма) дар шарҳи вироиш нишон диҳед. |
Аз моҳи майи соли 2012 мансаби Президенти Федератсияи Русияро Владимир Владимирович Путин ишғол мекунад.
Русия бо 18 давлат ҳаммарз аст, ба воситаи хушкӣ: Норвегия, Финляндия, Эстония, Латвия, Литва, Полша, Белоруссия, Украина, Абхазия, Гурҷистон, Осетияи Ҷанубӣ, Озарбойҷон, Қазоқистон, Чин, Муғулистон, Кореяи Шимолӣ, ба воситаи баҳр: Жопун ва ИМА, ки ин гуна ҳолати мавқеъ, ба ӯ имконият медиҳад, ки нақши муҳимро ҳам дар Аврупо, ҳам дар Осиё бозад.
Ба ҳайати Федератсияи Русия — 89 воҳиди маъмурӣ (субъект), аз ҷумла 48 — вилоят, 24 — ҷумҳурӣ, 9 — кишвар (край), 3 — шаҳри федеролӣ, 4 — ҳавзаи мухтор (автономный округ) ва 1 — вилояти мухтор (Еврейская автономная область) дохил мешаванд.
Русия — давлати гуногунмиллат ва аз ҷиҳати этникӣ гуногунфарҳанг мебошад. Аксарияти аҳолӣ (тахминан 75 %) ба мазҳаби православии дини масеҳӣ эътиқод дорад, ки аз рӯи шумораи аҳолии масеҳиёни мазҳаби православӣ аз байни давлатҳо дар ҷойи аввал қарор гирифтааст. Мусулмонон аз рӯи шумораи диндорони Русия, дар ҷойи дуюм қарор доранд.
Аз рӯи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, Ҳаҷми маҳсулоти дохилии Русия (ҲМД-ВВП) дар соли 2014 — 3,745 трлн долларро (25 636 доллар ба ҳар як сари аҳолӣ) ташкил медод.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.