Тасвири роёнаӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Тасвири роёнаӣ[1] (форсӣ: تصویر رایانهای), CGI (аз англ. computer-generated imagery — тасвири тавлидшуда тавассути роёна) — корбурди графикаи роёнаӣ барои эҷод ё таҳияи тасвирҳо дар ҳунари диҷитол, расонаҳои чопӣ, филмҳо, барномаҳои телевизиюнӣ, филмҳои кӯтоҳ, таблиғот, видиюҳо ва шабиҳсозии роёнаӣ аст. Саҳнаҳои басарӣ мумкин аст, пӯё ё сокин бошанд ва мумкин аст дубаъдӣ (2D) бошад, агарчи вожаи «анимейшен» умуман барои ишора ба графикаи роёнаии себуъдӣ (3D), ки барои эҷоди саҳнаҳо ё ҷилваҳои вижа дар филмҳову телевизиюн истифода мешавад, ба кор меравад.