From Wikipedia, the free encyclopedia
Сами Сулаймон Гундоғду Демирел (тур. Sami Süleyman Gündoğdu Demirel) — арбоби давлатӣ ва сиёсатмадори муҳофизакори турк. Сарвазири Туркия дар (1965—1971, 1975—1977, 1977—1978, 1979—1980, 1991—1993), Президенти Туркия (1993—2000).
тур. Süleyman Sami Demirel | |
16 май 1993 — 16 май 2000 | |
Пешгузашта | Тургут Озал |
Ҷонишин | Аҳмадинаҷот Сезар |
20 ноябр 1991 — 16 май 1993 | |
Пешгузашта | Mesut Yılmaz[d] |
Ҷонишин | Tansu Çiller[d] |
27 октябр 1965 — 3 ноябр 1969 | |
Пешгузашта | Suat Hayri Ürgüplü[d] |
Ҷонишин | Сулаймон Демирел |
3 ноябр 1969 — 6 март 1970 | |
Пешгузашта | Сулаймон Демирел |
Ҷонишин | Сулаймон Демирел |
6 март 1970 — 26 март 1971 | |
Пешгузашта | Сулаймон Демирел |
Ҷонишин | Nihat Erim[d] |
31 март 1975 — 21 июн 1977 | |
Пешгузашта | Sadi Irmak[d] |
Ҷонишин | Bülent Ecevit[d] |
21 июл 1977 — 5 январ 1978 | |
Пешгузашта | Bülent Ecevit[d] |
Ҷонишин | Bülent Ecevit[d] |
12 ноябр 1979 — 12 сентябр 1980 | |
Пешгузашта | Bülent Ecevit[d] |
Ҷонишин | Bülent Ulusu[d] |
24 сентябр 1987 — 16 май 1993 | |
Пешгузашта | Hüsamettin Cindoruk[d] |
Ҷонишин | Tansu Çiller[d] |
Таваллуд |
1 ноябр 1920[1][2][3][…] |
Даргузашт |
17 июн 2015[2][3][4][…] (94 сол) |
Мадфан | |
Ҳамсар | Nazmiye Demirel[d] |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Эътиқод | суннӣ |
Соядаст | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Соли 1949 Донишгоҳи техникии Истамбул факултети сохтмониро хатм кардааст. Солҳои 1949—1950 ва 1954—1955 дар ИМА таҳсил кардааст. Солҳои 1954—1960 — директори генералии идораи давлатии хоҷагии оби Туркия. Солҳои 1960—1964 дар Донишгоҳи техникии Ховари Миёна дарс додааст. Солҳои 1961—1965 дар ширкати амрикоии «Моррисон-Надсен», ки иншооти низомии НАТО-ро дар Туркия сохтааст, кор кардааст.
Яке аз асосгузорони Ҳизби адолат (ҲА), аз январи соли 1963 — депутат, аз октябри соли 1964 — раиси кулли Ҳизби адолат (ҲА). Аз соли 1964 аъзои парлумон. Моҳи феврали соли 1965 муовини Сарвазир ва солҳои 1965—1993 чанд маротиба (1965—1971, 1975—1977, 1977—1978, 1979—1980, 1991—1993) вазифаи сарвазирро ишғол кардааст. Моҳи марти соли 1971 ӯро низомиён аз қудрат барканор карданд[6].
Дар солҳои 1975—1980 ҳамчун ҷонишини сарвазири ҳукумати коалитсионӣ ба кор шуруъ кард. Соли 1980 ошӯби шаҳрвандӣ боиси табаддулоти мусаллаҳона дар 12 сентябр гардид, ки ӯро аз мақоми сарвазирӣ барканор кард. Сулаймон Демирел аз сиёсат барканор шуд (1980—1983) ва то соли 1987 комилан аз сиёсат дур шуд. Пешвои идеолужӣ дар таъсиси Ҳизби Роҳи рост (ҲРР) («Доғру йул»), 24 сентябри соли 1987 раиси кулли ҳизб интихоб шуд.
Солҳои 1990—1993 боз сарвазир таъйин шуд, ва солҳои 1993—2000 Президенти Туркия буд.
Вай як катор ислоҳоти иқтисодиро ба амал овард, ки ба индустрикунонии кишвар мусоидат намуд. Аз 13 майи соли 2015 бо бемории сироятии шадиди роҳи нафас ва норасоии қалб дар беморхона бистарӣ буд. 17 июни соли 2015 Сулаймон Демирел даргузашт[7].
Як донишгоҳ дар Қазоқистон ба номи Сулаймон Демирел гузошта шудааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.