Сафаралӣ Кенҷаев (Кенҷаев Сафаралӣ Кенҷаевич; 18 феврали 1942 — 30 марти 1999) — ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик, муассис ва роҳбари «Фронти халқӣ» (1992) ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (1996), Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон (1991—1992).
2 декабри 1991 — 22 апрели 1992 майи 1992 — 11 августи 1992 |
|
Пешгузашта | Акбаршоҳ Искандаров |
Ҷонишин | Акбаршоҳ Искандаров |
Таваллуд |
18 феврал 1942 |
Даргузашт |
30 март 1999 (57 сол) Душанбе, Тоҷикистон |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Дараҷаи илмӣ | номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ[1] |
Касб | ҳуқуқшинос |
Эътиқод | ислом |
Сафаралӣ Кенҷаев 18 феврали соли 1942 дар деҳаи Чоррякорони ноҳияи Ленин ҶШС Тоҷикистон таваллуд шудааст. Гузаштагонаш яғнобӣ буданд[1]. Фаъолияти кориашро аз обмони одӣ дар колхози «Бурднок» оғоз кардааст[1]. Соли 1965 ӯ факултаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм намудааст. Аз соли 1975 то соли 1983 дар вазифаҳои прокурори ноҳияи Фрунзеи Душанбе, ва сипас аз соли 1983 то соли 1989 ҳамчун прокурори нақлиёти ҶШС Тоҷикистон кор кардааст[2]. Соли 1989 ӯ муовини прокурори Роҳи оҳани Осиёи Миёнагӣ таъйин гардида ва моҳи феврали соли 1991 раиси Кумитаи назорати назди Президенти Тоҷикистон шуд[2]. 2 декабри соли 1991 Кенҷаев раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд ва то 22 апрели соли 1992 дар ҳамин вазифа фаъолият дошт. Сипас дар ҳодисаҳои муқовимати сиёсии солҳои 1992—1997 ҷонибдори Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон буд. Ӯ 30 марти соли 1999 аз ҷониби гурӯҳи террористӣ дар ш. Душанбе ба қатл расонида шуд.[3]
Wikiwand in your browser!
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.