Размсоз
From Wikipedia, the free encyclopedia
Размсоз (форсӣ: رزمساز) — дараҷае афсарёрӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз размпардоз ва поинтар аз таҳмовар дорад ва баробар бо новдор якум дар нерӯи дарёӣ аст; прапоршики калон[1].
Дараҷаи поинтар: Размпардоз |
![]() Размсоз |
Дараҷаи болотар: Таҳмовар |
| |||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: رزمساز | ||||
Кишвар |
![]() |
||||
Бунёдшуда | 1649 | ||||
Дараҷаи болотар | Таҳмовар | ||||
Дараҷаи поинтар | Размпардоз | ||||
Ҳамто |
|
Размсозон дар нерӯҳои мусаллаҳи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҷойгоҳе болотар аз размоварон ва поинтар аз таҳмдорон доранд ва ёварони афсарон ҳастанд, ба ин далел «афсарёр»[2] номида мешаванд.
Размсозон маъмулан мақоми меҳтари вашт ва масъулияти омодасозии сарбозону размафзору ҷангафзорҳоро бар уҳда доранд. Меҳтар мақомест расмӣ дар ҳар вашт (оташбор) аз нерӯҳои мусаллаҳ, ки созмондиҳандаи мустақими назму тартибот дар маҳалли истиқрори вашт ва сардори мустақими размоварону сарбозони ягони худ аст. Ҳамчунин размсозон кормандони «омодгоҳ» ҳастанд, ки он созмоне дар артиш аст, ки масъули фароҳамсозӣ, нигаҳдорӣ ва таҳвили хӯроку пӯшоку ҷангафзорҳои мавриди ниёзи ягонҳо ва маҳалли анҷоми хадамоти пуштибони фаннии нерӯҳо аст[3].