Полифония - (юн. рoly – бисёр, phone – садо, яъне айнан-бисёровоза) — намуди мусиқии бисёровозае, ки садодиҳии якчанд овозҳои мустақили хушоҳанг, дар як вақт ба ҳам ҷӯр асос ёфтааст.

Таърих

Услуби полифонӣ махсусан дар а.-ҳои миёна васеъ паҳн гардид (хусусан дар мусиқии хорӣ). Бо кӯшиши бисёр наслҳои композиторон техникаи бойи гуногуни навиштани полифониро кор карда баромаданд, ки ба пайдоиши чунин шаклҳои полифонӣ-инвенсия, канон, фуга оварда расонд. Порчаи бо услуби полифонӣ эҷодшуда бештар дар асарҳои мусиқии бисёровоза кор фармуда мешавад. Аз асрҳои XII- XIII дар полифония услубҳои қатъи (Я. Перголези, О.Лассо ва ғайра) ва озод (И.С.Бах, Г. Ҳендел, В. Мотсарт, Л. Бетховен ва ғайра) пайдо шудаанд. Дар а.-ҳои XIX-XX композиторони Аврупо, рус ва диг. Ҷумҳуриҳои собиқӣ Шӯравӣ ба ҳар дуи анъанаҳои полифония такя карда, дар жанрҳои гуногун асарҳо офариданд.

Дар мусиқии анъанавии тоҷик шаклҳои полифониявӣ чандон маъмул набуд. Баробари интишори мусиқии касбӣ ва ба камол расидани як зумра композиторони тоҷик З.Шаҳидӣ, Ш.Сайфиддинов, Х.Абдуллоев, Я.Сабзанов, А.Одинаев, Д. Дӯстмуҳаммадов, Ф.Баҳор ва диг. Полифония дар мусиқии касбии тоҷик мақоми босазое пайдо кард, ки «Фуга ва вариатсияҳо барои фортепиано»-и З.Шаҳидӣ (1952), Д.Дӯстмуҳаммадов-Триои полифонӣ дар ду қисм (1969), Қ.Яҳёев – Дуэти полифонӣ барои алт ва кларнет (1974), Ш.Сайфиддинов – 9 фуга барои фортепиано (1982), А.Солиев-Триои полифонӣ барои гобой, кларнет ва фагот (1990), инчунин «Сарахбор ва фуга» барои арғунун (1998), 24 прелюдия ва фуга (1997)-и Ф. Баҳор аз ҷумлаи онҳоянд. Полифония ба сифати фанни таълим ба системаи таълими мусиқӣ дохил шудааст.[1]

Нигаред

Эзоҳ

Wikiwand in your browser!

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.

Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.