From Wikipedia, the free encyclopedia
Па́вел Петро́вич Бло́нский (14 (26) май 1884, Киев — 15 феврали 1941, Маскав) — равоншинос ва педагоги рус.
Таърихи таваллуд | 26 май 1884[1] ё 1907[2] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 15 феврал 1941[3][4][1] ё 1941[2] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | фалсафа, равоншиносӣ ва Педагогика |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | Doctor of Pedagogy Sciences[d] |
Алма-матер | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Баъди хатми Университети Маскав (1907) дар муассисаҳои таълимии миёна ва олии Маскав, аз ҷумла дар Университети Маскав, Университети А. Л. Шанявский, Институти педагогикаи илмӣ, Институти равоншиносӣ кор кардааст. Яке аз ташкилкунандагони Академияи тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистони моӣ (минбаъд Академияи тарбияи коммунистии ба номи Н. К. Крупская). Муаллифи зиёда аз 200 асар оид ба фалсафа, педагогика ва равоншиносӣ. Асарҳои пешазинқилобии Блонский хусусияти таърихию фалсафӣ ва таърихию педагогӣ доштанд. Ақидаҳои педагогии Блонский дар асараш «Вазифаҳо ва методҳои мактаби халқӣ» (1916) инъикос ёфтаанд, ки дар он зарурати дар асоси донистани қонуниятҳои инкишофи кӯдак ва эҳтироми шахсияти ӯ ташкил намудани таълиму тарбия таъкид гардидааст. Дар солҳои аввали баъди инқилоб бозсозии илми педагогикаро аз мавқеи марксистӣ асоснок кард ва асосҳои мактаби кории политехникӣ: алоқаи ногусастании таълими меҳнат бо маълумоти умумӣ, алоқаи мазмуни маълумот бо вазъи илм, меҳнати мулоҳизакоронаи зарурӣ ва ғайраро таҳия намуд («Мактаби меҳнатӣ», 1919). Дар миёнаи солҳои 20 садаи 20 масъалаҳои хусусиятҳои фардӣ ва синнусолии бачагонро омӯхт. Дар китоби «Очеркҳои психологӣ» (1927) дар бораи пайдоиш ва инкишофи ҳаёти рӯҳӣ тезиси аҷиберо пешниҳод карда, онро ҳамчун дараҷаҳои мухталифи фаъолияти рӯҳӣ маънидод намуд. Таҳқиқоти ӯ роҷеъ ба тафаккур, нутқ, хотира, эҳсос, инчунин робитаҳо ва таъсироти мутақобилаи равандҳои рӯҳӣ аҳаммияти махсус доштанд («Хотира ва тафаккур», 1935; «Инкишофи тафаккури мактаббача», 1935 ва диг.). Масъалаҳои тарбияи ҷинсӣ («Очерки шаҳватпарастии кӯдакон», 1935), тарбияи ахлоқӣ ва ғайраро таҳқиқ намуд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.