From Wikipedia, the free encyclopedia
О́рдени Легио́ни фахрӣ́ (фр. Ordre national de la Légion d'honneur) — ордени (ташкилоти) миллии Фаронса, ки онро Наполеон Бонапарт 19 майи соли 1802 бо пайравӣ аз орденҳои ритсарӣ таъсис додааст. Тибқи кодекси Легиони фахрӣ ва медали ҳарбӣ, ин ташкилоти фахрӣ мақом ва ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро дорад[1]. Мансубияти орден нишони олии фарқият, шаъну шараф ва эътирофи расмии хидмати махсус дар Фаронса мебошад. Қабул ба ашрофи орден барои хидмати аълои ҳарбӣ ё давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Фаронса, ки ба шарофати мавқеи худ ҳамчун Магистри бузург (Grand maître) -и орден аст, анҷом дода мешавад. Ҳамин тариқ Легиони фахрӣ нақши яке аз муассисаҳои муҳимтарини давлати Фаронса ва рамзҳои ҷумҳуриро мебозад. Бо баъзе истисноҳо, ба ашрофи орденӣ пас аз марг қабул карда намешавад[2]. Тибқи гуфтаи генерал Де Голл, "Легиони фахрӣ — ин ҷамъияти элитаи зиндагон аст"[3][4][5]. .
фр. Ordre national de la Légion d'honneur | |
Таърихи таъсис | 19 май 1802 |
---|---|
Бунёнгузор | Napoleon[d] |
Симмати мудирияти созмон | Grand Chancellor of the Legion of Honour[d] |
Матни шиор | Honneur et Patrie |
Кишвар | |
Дараҷаи пойинтар | Order of Liberation[d] |
Макони шаклгирӣ | Порис |
Дорои | Palais de la Légion d'Honneur[d] |
Кишвари созанда | |
Вебгоҳи расмӣ | legiondhonneur.fr(фр.)(англ.) |
Гурӯҳи барандагони ҷоизаҳо | Category:Recipients of the Legion of Honour[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.