From Wikipedia, the free encyclopedia
Намаки ош (NaCl — хлориди натрий) — як навъ моддаи беранги кристаллӣ; муҳимтарин маҳсулоти хӯрокворӣ. Намаки ош хӯрокро хуштаъм мекунад, дар танзими миқдори оби бофтаҳои организм, ҳосилшавии кислотаи хлориди шираи меъда иштирок менамояд. Зичиаш 2161 кг/м3; t гуд. 8010С; t ҷӯш. 14130С; сахтиаш 2.
Намаки ош (хлориди натрий), барои кори муътадили организми инсон зарур аст, чунки он нафақат мазаи таомро беҳтар мекунад, балки миқдори оби бофтаҳоро танзим намуда, манбаи кислотаи хлориди шираи меъда ба шумор меравад. Организми одам бояд ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 10— 15 г намаки ош қабул кунад. Аммо намаки зиёдатӣ низ барои организм зарар дорад. Дар аснои касалии узвҳои дилу paг, протсесси илтиҳоб ва ғайра маҳдуд кардани истеъмоли намак барои парҳез аҳамияти муолиҷавӣ дорад. Намакро аз ҷиҳати сифат ба 4 навъ ҷудо мекунанд: экстра, аъло, якум ва дуюм; ҳар як навъ вобаста ба тарзи куфтани намак рақамҳои гуногун дорад.
Намакро барои пухтани қариб ҳамаи таомро истифода мебаранд. Вақти ба хӯрок андохтани намакро низ донистан зарур аст. Ба шурбои гуштй 30 дақиқа пеш аз пухтани он, ба шурбои моҳӣ баъд аз гирифтани кафк ва андохтани кабудй, ба сабзавот қариби пухтанаш, аммо ба лубиёиҳо (лубиё, нахуд) баъд аз мулоим шудани онҳо намак меандозанд (вагарна нагз намепазанд). Озуқавории нимтайёри гуштй ва моҳӣ, инчунин аксари сабзавотро пеш аз бирьён кардан, вале картошкаро кариби бирьён шуданаш намак мекунанд. Вақти пухтани шавлаи марнумак ба як истакон ярма 5 г (0,5 қошуқча) намак андохтан лозим аст. Барои тайёр кардани кдмакабоб ё лула-кабоб ба 1 кг гӯшти куфта 20 г (2 қошуқча) намак андохтан лозим. Чунин миқдор намак ба 1 кг гушти моҳии бепусту устухон низ рост меояд.
Барои ороиши дастархони рӯи миз намакдони ҳаҷман на чандон калон (ғунҷоишаш 40—50 г) ва барои матбаҳ намакдони ғунҷоишаш то 500 г мувофиқ аст. Агар ба намак камтар орди картошка (ба 500 г намак 30—40 г орд) илова карда шавад, намак ҳамеша хушк меистад ва аз ин ранги намак тағийр намеёбад. Як варақ, қоғази обчинак, як каф биринҷи ба намакдон андохташуда низ намакро аз намию шахшавӣ нигоҳ медорад.
Намакро дар рӯзгор нафақат барои таомпазӣ, балки ба дигар мақсадҳо низ истифода бурдан мумкин аст. Масалан, агар зарфи шишагиро бо намакоби гарм шуста, бо оби хунук чайқонанд, он шаффоф ва дурахшон мегардад. Бо намакоб шуста тоза кардани оина ва шишаҳои тиреза айни муддаост. Агар ба даруни дегчаи сирдор ва тобаи тагаш сухтагй як қабат намак ва каме об рехта, якчанд соат нигоҳ доранд, он тоза мешавад. Ба рӯи доғхи равганини плитаи гарми матбаҳ намак пошида, онро бо қоғази газета якчанд маротиба пок кунанд, ДОҒҲОИ равған тамоман тоза мегардад. Агар либоси аз шохии сиёҳ ва сатин духташударо баъди ҷомашӯӣ бо оби хунуки намакдор чайқонанд, муҳлати ҷилодории либос дарозтар мешавад (ба 5 л об 125 г намак лозим аст).
Олимон ба ин натиҷа расидаанд, ки барои муборизаи самаровар бо сироятпазирии ҳуҷайраҳои пӯсти бадани инсон намак лозим аст. Ин дар ҳолест, ки пештар зиёдии намак бар зарари организм дониста мешуд. Дар мақолае, ки ахиран Cell Metabolism чоп кард, гуруҳи муҳаққиқон аз Донишгоҳҳои Вандербилт ва Эрлангени шаҳри Нюрнберг мегӯянд намак барои системаи сироятпазирии инсон муфид аст. Вақте мо намаки бештар истеъмол мекунем, он дар ҳуҷайраҳои пайвасткунандаи пӯст захира мешавад. Ҷенс Титсе (Jens Titze) ва ҳамкоронаш мушоҳида кардаанд, ки дар бадани мушҳо намак ҳатто дар ҳоле ҳам, ки дар диетаи камнамакӣ нигоҳ дошта мешаванд, дар пӯсташон захира мешавад. Аз тарафи дигар пӯст ин аввалин сипар барои бемориҳои сироятист, аз ин рӯ дар он ҳуҷайраҳои иммунӣ бештар ҷойгир шудаанд. Пас ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки оё намак барои кори самараноки системаи сироятпазирии пӯст лозим нест? Исбот шудааст, ки макрофагҳо дар бадани инсон ва ҳайвон микробҳои воридшударо ба зудӣ мехӯранд. Барои он ки ба дурустии тахмини худ бовар ҳосил кунанд, муҳаққиқон макрофагҳои мушонро дар муҳити серғизо бо омехтаҳои зиёди хлориди натрий ба манзури намак парвариш карданд. Дида шудааст, ки дар ин ҳолат макрофагҳо фаъолона молекулаҳое ҷудо карданд, ки патогенҳоро мекуштанд. Баъдан олимон ба хотири идомаи таҷриба мушҳоро бо меъёрҳои сернамакиву камнамакӣ нигоҳ доштанд. Дар натиҷа хояндаҳо ба лейшманиоз сироят шуданд. Зарфи бист рӯзи оянда инфексия дар ҳар ду гурӯҳи мушҳои таҷрибашаванда баробар афзоиш кард. Вале баъдан яраҳо дар он мушоне, ки хӯроки сернамак истеъмол мекарданд, тадриҷан шифо ёфтанд. Гузашта аз ин дар одамон тамаркузи намак дар он қисматҳои пӯст мешавад, ки таҳдиди ҳамлаи бактериологӣ бештар аст. Пас маълум мешавад, ки ба системаи сироятпазирии мо намак фоидаи бештар дорад. Гумон меравад, ки замоне, ки антибиотикҳо барои муолиҷа набуданд, фаъол будани намак дар системаи сироятпазирӣ аз хеле бемориҳо инсонҳоро ҳифз мекард. Натиҷаҳои ба дастомада ба он нукта ишора мекунанд: набояд бар ин назар буд, ки ин ё он моддаи табиӣ барои организм зараровар аст. Ҳатто дар ҳоле ҳам, ки фоидаоварӣ ва заранокӣ боз ҳам аз меъёри истеъмол вобаста аст.[1]
Ин химия мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. |
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.